Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Вазири корҳои хориҷии Финляндия Александер Стуббро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи байналмилалӣ ва Финландия баррасӣ шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро воситаи муҳими ҳамкории бисёрҷониба баҳри рушди низоми демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ номида, аз натиҷаи ҳамгироиҳо бо он дар роҳи таҳкими сарҳадот, безарар кардани минаҳо ва ҳифзи муҳити зист изҳори қаноатмандӣ намуд.
Александер Стубб Тоҷикистонро аз аъзоҳои асосии САҲА дар Осиёи Марказӣ номида, изҳор дошт, ки ба рушди ҳамкорӣ бо он эътибори муҳим дода мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки имрӯз самтҳои ҳамкорӣ бояд зиёд шаванд. Ба андешаи ӯ кунун вақти он расидааст, ки бештар ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, энергетика ва истифодаи босамари захираҳои обӣ густариш ёбанд.
Александер Стубб ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки Маркази САҲА дар Душанбе минбаъд бюрои САҲА номида ва дар Тоҷикистон Коллеҷи сарҳадии САҲА кушода хоҳад шуд.
Ҷонибҳо атрофи масоили таъмини волоияти қонун, риояи ҳуқуқи инсон ва рушди демократия гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.
Дар мулоқот ҳамчунин атрофи авзои кунунии Афғонистон ва ҳамроҳшавии бештари САҲА ба ҳаллу фасли мушкилоти ин кишвари азиятдида табодули назар карда шуд.
Таваҷҷӯҳи зиёд ба масоили рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Финландия низ зоҳир карда шуд.