Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

22.09.2006 18:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо бо моҳи шарифи рамазон, ки рӯзи 24-уми сентябр фаро мерасад ва он барои ҳар фарди мусулмон моҳи омурзиши гуноҳҳо, моҳи ибодату мағфират аст, табрик намуда, аз худованди мутаол бароятон насиб гардонидани тамоми хушиҳои зиндагиро талабгор ҳастам.

Бояд зикр кард, ки моҳи шарифи рамазон танҳо аз рӯзадорӣ ва озурдагии ҷисму покизагии бадан иборат набуда, он озодагии рӯҳ, изҳори имондориву тақво, ҳамгироӣ ва ҳамбастагӣ бо аҳли имонро дарбар мегирад. Аз ин рӯ, дар ин моҳ мардуми мусулмон бо ҳам бештар қарин шуда, кӯшиш менамоянд, ки бештар ба кӯмаку ёрии якдигар расида, бо нармдиливу ҳиммати баланд бо ҳам муносибат дошта бошанд.

Моҳи рамазон моҳест, ки дар он Қуръони Карим нузул ёфтааст ва ин китоби муқаддас тарғибгари инсондӯстиву адолат, покию ростӣ ва ахлоқи ҳамида мебошад. Дини ислом ҳар як фарди мусулмонро дар ин моҳи шариф барои расонидани нафъи бештар ба аҳли ҷомеа ҳидоят менамояд. Аз ин ҷост, ки дар ин моҳ дар ибодату ҷамъомадҳо, ҳангоми ифтору намози таровеҳ панду насиҳат мавзӯи асосии сӯҳбати рӯзадорон ва ширкаткунандагони ин маросимҳо мегардад, ки он фазилати бузург аст.

Ахлоқи баланд ва фарҳанги волои исломӣ бояд роҳнамо ва ҳидоятгари ҳар фарди мусулмон бошад ва онҳоро аз амалу рафторҳои ношоиста нигоҳ дорад. Хамзамон мардуми мусулмон бояд аз ҳар гуна ситеза, тахрибкорӣ, ифротгароиву таассуб дурӣ ҷуста, сабру таҳаммулро пешаи худ қарор диҳад, зеро ин талаби ахлоқиву имонии онҳо мебошад.

Мардуми Тоҷикистон қариб ҳама мусулмон аст ва дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки дар баъзе кишварҳо дини мубини исломро сарчашмаи ҳар гуна хушунату зӯровариҳо меҳисобанд, мо набояд ба тундравиҳои динӣ созгор бошем. Зеро дини мубини ислом мусулмононро ҳамеша ба сабру таҳаммул даъват намуда, ҳар гуна тахрибкориву ифротгароиро маҳкум менамояд. Дар баробари ин, мардуми мо, ки соҳибтамаддун ва аз фарҳангу арзишҳои бебаҳои исломӣ бархурдор аст, ҳамеша ҷонибдори гуфтугӯи тамаддунҳо мебошад.

Муҳити ҷомеаи имрӯзаи мо барои диндорон комилан озод буда, ҳуқуқу озодиҳои онҳо аз ҷониби давлат танзим мегардад. Мусулмонони кишвар бояд ин муҳитро бо амали неку ахлоқи баланд, муносибати хуб ва ғамхорӣ ба ҳамдигар, хусусан ба шахсони камбизоату мӯҳтоҷ, ятимону бепарасторон солиму гуворотар созанд. Ҷомеае, ки мо ташаккулу такомул медиҳем, дорои тамоюли иҷтимоӣ мебошад ва татбиқи адолати иҷтимоӣ яке аз ҳадафҳои муҳими он аст.

Вобаста ба ин, бояд ҳар фарди мусулмон дар моҳи шарифи рамазон ибодату тақвои худро бо амалу корҳои шоиста таҳким бахшида, аз аҳволи ятимону бепарасторон ғофил намонад ва рӯҳу дили худро аз ҳар гуна ғуруру кина озод гардонад ва дар он сурат ба мағфирату омурзиши гуноҳҳо сазовор хоҳад гашт.

Ҳамзамон бояд таъкид намуд, ки бо фаро расидани моҳи шарифи рамазон дар мамлакатамон маъракаи пешазинтихоботии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбад. Мо умедворем, ки ин чорабинии муҳими сиёсӣ боиси баланд гардидани ҳисси ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва худогоҳиву худшиносии мардуми сарбаланди кишварамон гардида, дар таҳкими ваҳдат ва муттаҳидии миллат мусоидат менамояд.

Моҳи шарифи Рамазонро ба шумо - ҳамватанони азиз, бори дигар муборакбод гуфта, орзумандам, ки он барои ҳамаи мо моҳи бурдбориву баракат, раҳмату мағфират, хайру саховат ва ҳамдиливу рафоқат гардад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520