Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи нимпайкараи асосгузори адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллои Рӯдакӣ дар ноҳияи Файзобод

30.05.2008 13:00, ноҳияи Файзобод

Дӯстони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз ҳамаи мову шуморо дар ин ҷо - дар ноҳияи сабзпӯш ва гулафшони Файзобод ёди накӯи фарзанди бузурги миллати кӯҳанбунёдамон, асосгузори адабиёти оламшумули тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки имсол мо 1150-солагии зодрӯзи ӯро ҷашн мегирем, ба ҳам овардааст.

Устод Рӯдакӣ суханварест, ки ҳанӯз дар замони зиндагиаш ҳамчун саромад ва пешвои бузурги шоирон ва илму адаб эътироф шуда буд.

Унвонҳои қофиласолори назм, соҳибқирони шоирӣ, султони шоирон ва Одамушшуаро далели мартабаи олии ӯ дар олами назм мебошанд.

Устод Рӯдакӣ нахустин суханварест, ки ҳамаи дастовардҳои пешгузаштагони худро барои муосирон ва ояндагон ҷамъбаст намуд, адабиёти моро аз ҷиҳати шаклу мазмун ниҳоят пеш бурд ва тавре ки рӯдакишиносон фармудаанд: «ин адабиётро ба пояҳои баланд бардошта, ба тахт нишонд ва роҳи тараққиёти минбаъдаи онро муайян намуд».

Илова бар ин, устод Рӯдакӣ бисёр жанрҳо ва навъҳои адабиёти тоҷикро ба ҳадди камол расонид. Қасида, ғазал, қитъа, рубоӣ ва маснавӣ аввалин дафъа ба сурати комил дар эҷодиёти ин қофиласолори назм ба вуҷуд омадаанд.

Маҳз аз ҳамин сабаб ӯро сардафтари адабиёти тоҷику форс меноманд.

Зиёда аз ин устод Рӯдакӣ мундариҷаи шеъри тоҷикиро бо мавзӯъҳои иҷтимоӣ, масъалаҳои ҳаёти ҳаррӯзаи инсонҳо, оҳангҳои ҳаётдӯстона ва панду андарз ғанӣ гардонид.

Гуманизм ва ватандӯстӣ дар адабиёти мо аз беҳтарин анъанаҳои оғозкардаи устод Рӯдакист, ки дар тӯли садсолаҳои минбаъда хеле рушду такомул ёфтааст.

Рӯдакӣ устоде буд, ки пояҳои инсондӯстиву ватандӯстии назмро устувор намуда, адабиётро ба илми инсоншиносӣ табдил додааст.

Дар эҷодиёти Рӯдакӣ масъалаҳои тарғиби одобу ахлоқи ҳамида, одаму одамгарӣ, дӯстиву рафоқат ва илму дониш моҳиронаву устодона тараннум шудаанд.

Ба қавли ин шоири ҷаҳоншумул пешрафти ҳар инсон ба кӯшишҳои пайваставу мақсаднок, сабру тоқат, солорию бурдбориву таҳаммул ва донишу таҷрибаи худи ӯ вобаста мебошад.

Устод Рӯдакӣ зарурати бархурдории муштарак аз донишҳои инсоният, иштироки халқҳои гуногуни дунёро дар кори ба вуҷуд овардани ганҷинаи тамаддуни башарият, ҳамеша дар такомул будани илм ва нури маърифат будани онро таъкид менамояд.

Ӯ ҳамчунин таҷрибаи зиндагиро нахустмуаллим ва роҳбари асосии инсон дар роҳи ҳалли мушкилиҳо мешуморад.

Вале аз дидгоҳи ин шоири бузург ба таҷрибаи рӯзгор ва ҳаводиси ҷаҳон бо чашми хирад бояд нигарист ва ин ҳамаро танҳо аз роҳи илму дониш дарк бояд кард.

Зеро дониш хирадро сайқал ва чун чароғи равшан ба инсонҳо роҳи некро нишон медиҳад, ӯро аз ҳама офату зарарҳо ҳимоят менамояд ва шахси донишманд ва хирадмандро дар чашми мардум мӯҳтарам мегардонад.

Бинобар ин, ҳаргиз худро аз хондану илм омӯхтан канор нагиред, фарзандонатонро ба таҳсилу донишомӯзӣ ҳидоят намоед, то ки онҳо дар зиндагӣ ҳамеша комёб бошанд.

Ман борҳо гуфтаам ва бори дигар таъкид месозам, ки фарҳанг ҳастии миллат аст.

Чунки фарҳанг пайванди олии ақлу дониш ва маърифату адаби башарият мебошад.

Устод Рӯдакӣ онро беҳтарин сарвати маънавии инсоният шуморида, чунин ҳидоят кардааст:

Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ.

Шоири инсондӯсти мо чун муаллими ахлоқ тарафдори он аст, ки фарзандон бояд бо одоби писандида, ахлоқи ҳамида ва дараҷаи илму дониши худ номбардори падару модар, аҷдод ва халқу ватани хеш бошанд.

Дар панду ҳикматҳои Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ масъалаҳои ташвиқи далериву ҷавонмардӣ, меҳр варзидан ба инсонҳо, муҳаббат ба кишоварзону ҳунармандон, кӯшиши кору фаъолияти судманд, саховату некӣ, шафқату мурувват ба дармондагону мӯҳтоҷон ҷои муҳимро ишғол мекунанд.

Шоир моро даъват мекунад, ки ҳамеша сабру қаноат, бурдбориву таҳаммул ва хоксориву фурӯтаниро пеша карда, аз зиштиву бадкорӣ ва кирдорҳои барои ҷомеа зарарнок худдорӣ намоем.

Дар баъзе китобҳои таърихӣ ва тазкираҳо ривояте ҳаст, ки Рӯдакӣ гӯё аз модар нобино ба дунё омадааст.

Ин ақидаро баъзе олимони имрӯза низ ҷонибдоранд. Аммо ашъори манзаравӣ ва ташбеҳу тасвирҳои шоир ин фикрро рад менамоянд. Рӯдакӣ на фақат бино, балки бисёр мушоҳидакор ва борикбин будааст.

Умуман ҳаёт ва эҷодиёти ин шоири шаҳир аз он шаҳодат медиҳад, ки дар байни аҳли назар бинотарини биноҳо маҳз ӯ будааст!

Кош Худованд ба ҳар як инсон чунин чашмони бедору бино ва чашми дилу чашми хирад ато мекард!

Дӯстони азиз!

Тавре ба шумо маълум аст, устод Рӯдакӣ дар замони фаъолияти худ дар дарбори Наср ибни Аҳмади Сомонӣ ба мартабаҳои баландтарин соҳиб гаштааст.

Вале мақсади ӯ аз пазируфтани даъвати вазир Абулфазли Балъамӣ ва ба хизмати дарбор рафтанаш соҳиби мақому мартабаи баланд шудан набуд.
Чунон ки аз таърихи халқамон медонем, дар он замон бо азму талоши амирони Сомонӣ як навъ ҳаракати худшиносии миллии гузаштагони мо арзи вуҷуд кард.

Ва аҳли дарбор дар ин бобат ба ширкату раҳнамоии бузургмарди фозилу доное чун Рӯдакӣ ниёз дошт.

Ва устод Рӯдакӣ, ки ниҳодаш аз эҳсоси муҳаббат ба халқ ва марзу буми худ моломол буд, бо дилу ҷон ин даъватро пазируфт.

Мутаассифона, дар ин раванд устод Рӯдакӣ ба фитнаву бераҳмиҳо, ҷунбишҳои зиддихалқӣ ва ривоҷи хурофоту таассуб низ рӯбарӯ омад, ки пешрафти эҷодиёти ӯро халалдор месохтанд.

Вале шоири хирадманду тавоно аз роҳи худ нагашт ва то охири умр аз сафи одамони пешқадам, ватандӯст ва халқпарвар берун нагардид.
Дар аввали солҳои бистуми асри гузашта миллати тоҷик аз нав ба худшиносии миллӣ рӯ овард, ки ин дафъа ҳаракати мазкурро метавон бо номи фарзанди фарзонаи халқи мо устод Садриддин Айнӣ марбут донист.

Тоҷикон, ки аз зери шиканҷаи истисмори ҳазорсола озод шуда буданд, мероси зеҳнии гузаштагонашонро аз нав эҳё намуда, ба хизмати аҳли башар гузоштанд.

Ва ин ҳаракат аз зинда кардани номи устод Рӯдакӣ шурӯъ гардид: соли 1925 дар Тоҷикистон бори нахуст рӯзи Рӯдакӣ таъсис дода шуд.

Соли 1958 дар тамоми ҷаҳон 1100-солагии зодрӯзи шоир таҷлил гардид. Ва инак бо қарори ЮНЕСКО имсол дар ҷаҳони мутамаддин 1150-солагии зодрӯзи ӯ ҷашн гирифта мешавад.

Итминон дорам, ки ин ҷашни таърихӣ дар ҳаёти мамлакати мо нақши муҳим бозида, дар роҳи худшиносиву худогоҳии халқи тоҷик, ваҳдату якдилии мардуми мо, рушду нумӯи адабиёт ва илму ҳунари миллиамон такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Метавон гуфт, ки ин ҷашни умумимиллии мо имрӯз бо гузоштани нимпайкараи устод Рӯдакӣ дар ноҳияи зебоманзари Файзобод шурӯъ гардид.

Ин боз як далели он аст, ки мардуми Файзобод на фақат ҳамчун боғдорону кишоварзони меҳнатқарин машҳуранд, балки мардуми фарҳангу санъатдӯст ва шеъру адабпарвар низ ҳастанд.

Аслан чунин фарҳангдӯстию зебоипарастӣ аз азал дар сиришти халқи тоҷик нуҳуфтааст ва ман умедворам, ки ин анъана чун шеъри устод Рӯдакӣ то абад зиндаву поянда мемонад ва мисли машъали фурӯзон роҳи наслҳои ояндаи моро мунаввар месозад.

Саломат ва сарбаланд бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520