Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ дар вилояти Суғд

14.11.2023 09:10, шаҳри Хуҷанд
Оғози сафари корӣ дар вилояти Суғд 14.11.2023

Субҳи 14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иқтисодию иҷтимоии вилоят, ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва суҳбату мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Моҳи ноябри соли 1992 дар давраи мураккаби ҷамъиятию сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар лаҳзаҳое, ки ҷанги шаҳрвандӣ ба бақои давлату миллат таҳдид мекард, дар Қасри маданияти “Арбоб” иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор гардида, бо иродаи кулли вакилони Шӯрои Олӣ сиёсатмадори оқилу ҷавон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Маҳз бо хираду ҷасорату қарорҳои оқилонаи Сарвари давлат ва Иҷлосияи таърихӣ ба сулҳи тоҷикон оғоз бахшида, давлату миллат пойдор боқӣ монд.

Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон, қарорҳои он ва амалу иқдомҳои ҷасуронаю дурбинонаи фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарору таҳкими давлатдории навину истиқлолияти воқеъии Тоҷикистон, якпорчагии давлати ҷавони тоҷикон, истиқрори сулҳу таъмини ваҳдати миллӣ дар сарзамини бостонӣ, амалӣ гардидани ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол асос гузошт.

Истиқболи гарму самимӣ ва пуршукӯҳи намояндагони сершумори аҳли ҷомеа - олимону зиёиён, занону ҷавонон бо барномаи пуршукӯҳи фарҳангӣ ва дар фазои фараҳмандию шодӣ, ифтихору шукрона аз давлати соҳибистиқлол таҷассуми садоқат, эҳдои меҳру муҳаббати бепоёни сокинони вилояти Суғд ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Маҳз хираду ҷасорат, сиёсати оқилонаю ояндабинонаи наҷотбахшу сарсупурдаи миллат, меъмори сулҳу ваҳдат, сиёсатмадори хирадманд аст, ки имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу субот пойдор ва халқи Тоҷикистон бо иқдому амалҳои созанда баҳри рушду пешрафти минбаъда қадамҳои устувор мегузоранд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520