Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз сардхонаҳои Боғи миллии “Ваҳдат” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

14.11.2023 13:00, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Боздид аз сардхонаҳои Боғи миллии “Ваҳдат” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 14.11.2023

14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз сардхонаҳои Боғи милии “Ваҳдат” боздид намуданд.

Боғи миллии “Ваҳдат” дар ихтиёри худ ду сардхонаи замонавӣ дорад, ки ғунҷоиши онҳо беш аз 1500 тонна маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.

Дар ин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маданияти истифодаи имконияти сардхонаҳо шинос шуданд.

Бояд гуфт, ки ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳтар намудани инфрасохтори истеҳсолии соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла сохтмони сардхонаҳои ҳозиразамон коргарони Боғи миллии “Ваҳдат” корҳои муайянро ба анҷом расонидаанд.

Боғи миллии “Ваҳдат” соли 2008 таъсис ёфта, 527 гектар замини боғу токзор мебошад, ки дар онҳо дарахтони меваҳои содиротӣ парвариш карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки сардхонаҳои Боғи милии “Ваҳдат” соли 2018 ва соли 2022 аз тарафи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

Ин ба коргарони имкон медиҳад, ки маҳсулоти истеҳсол шударо дар сардхона захира намуда, дар фаслҳои тирамоҳу зимистон бозорҳои дохилиро таъмин намояд.

Аз рӯйи маълумоти оморӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Бӯстон, Панҷакент, Истаравшан, Гулистон, Зафаробод, Спитамен, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулови вилояти Суғд 44 сардхона фаъолият дошта, ғунҷоиши онҳо аз 40 то 3000 тоннаро ташкил мекунад.

Барои истифодаи иқтидорҳои сардхонаҳо, захираи ҳарчи бештари маҳсулот ва мусоидат дар таъмини аҳолии вилоят бо маҳсулотҳои тару тоза аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар давраи тирамоҳу зимистон тадбирҳои муайян ба сомон расонида шудааст.

Кишоварзони вилояти Суғд бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалисозии рушди устувори соҳаи кишоварзӣ ва ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ғанӣ гардонидани бозорҳои истеъмолӣ, бештар таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ, баланд бардоштани боздеҳи замин ва ҳосилнокии зироатҳо, инчунин ба роҳ мондани истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои замин ва об ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520