Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

14.11.2023 13:45, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 14.11.2023

14 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии сокинони вилоят дидан карда, бо вазъи соҳа ва дастовардҳои меҳнаткашон шинос шуданд.

Дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус намоиши картошка 14 шаҳру ноҳияи кишоварзии вилояти Суғд иштирок карданд.

Дар намоиш аз ҷониби кишоварзони вилоят зиёда аз 10 навъи картошка, инчунин зиёда аз 30 намуд хӯрокаҳо аз картошка омодашуда пешниҳод гардид.

Ҳамзамон, дар намоишгоҳ аз ҷониби шаҳру ноҳияҳо бо тарҳи зебо маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили сабзавот, полезӣ, мевагӣ, хушкмеваҳо, банду басти хушкмеваҳо ва афшураҳо муаррифӣ карда шуд.     

Иттилоъ дода шуд, ки дар вилояти Суғд дар самти картошкапарварӣ баҳри зиёд намудани ҳаҷми истеҳсол, афзун намудани иқтидори содиротӣ ва бо ин васила танзим намудани нархи картошка дар бозорҳои дохила, дар мавсими имсола нисбати васеъ намудани масоҳати кишти он таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

Тибқи маълумот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 25 712 гектар ва дар хоҷагиҳои кишоварзӣ 16 335 гектар кишти картошка гузаронида шуд, ки нисбати соли гузашта мутаносибан 1496 гектар ва 1026 гектар зиёд мебошад.

Майдони асосии кишти картошка дар шаҳру ноҳияҳои Деваштич 7 ҳазору 502 га, Панҷакент 4 ҳазору 333 га, Истаравшан 3 ҳазору 538 га, Кӯҳистони Мастчоҳ 3 ҳазору 42 га, Шаҳристон 2 ҳазору 155 га, Айнӣ 1 ҳазору 87 га ва шаҳри Исфара 1 ҳазору 138 гектарро дарбар мегирад.

Дар вилоят вобаста ба ҷойгиршавии маҳал бештар навъҳои “Пикассо”, “Кардинал”, “Тоҷикистон” ва даҳҳо дигар намудҳо истифода бурда мешавад, ки ҳосилнокии баланд дошта, ба касалӣ ва ҳашаротҳои зараррасон тобовар мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи риояи қоидаҳои агротехникии парвариши картошка аз ҷониби хоҷагидорони вилояти Суғд ба ҳолати 1 ноябри соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 534 ҳазору 190 тонна картошка истеҳсол карда шудааст, ки аз он дар хоҷагиҳои кишоварзӣ 447 ҳазору 260 тоннаро ташкил дода, нишондоди мазкур нисбати соли пешин мутаносибан 38 ҳазору 649 тонна ва 33 ҳазору 954 тонна зиёд мебошад.

Истеҳсоли картошка нисбат ба соли пешин бештар аз ҳисоби шаҳру ноҳияҳои Айнӣ 2 ҳазору 330 тонна, Истаравшан 5 ҳазору 435 тонна, Кӯҳистони Мастчоҳ 7 ҳазору 93 тонна, Панҷакент 1 ҳазору 386 тонна, Шаҳристон 3 ҳазору 442 тонна ва Деваштич 32 ҳазору 17 тоннаро ташкил медиҳад.

Баробари ин ҳосилнокии картошка дар хоҷагиҳои кишоварзӣ аз 280 сентнерӣ ба беш аз 300 сентнерӣ расонида шуда, нисбат ба ҳисоби миёнаи вилоят аз 20 сентнер то 50 сентнерӣ зиёд мебошад.

Бояд гуфт, ки бо мақсади афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротӣ аз 30 апрели соли 2021, таҳти рақами 169 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор “Дар бораи Барномаи давлатии рушди содиротӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” қабул гардид.

Зимни баргузории намоишгоҳ ва суҳбати самимӣ бо Сарвари давлат кишоварзони вилоят изҳор доштанд, ки бо истифода аз ҳамаи захираю имкониятҳои мавҷуда фаъолияти худро барои таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ, амалисозии сиёсати аграрии Ҳукмати мамлакат, татбиқи барномаҳои давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ ва баҳри амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона менамоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо дастовардҳои меҳнатии сокинони меҳнатқарини вилояти Суғд ба ғайрату ҳиммати онҳо ҷиҳати татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар баҳои баланд дода, кишоварзонро ба истифодаи боз ҳам самараноки заминҳои кишт, афзун кардани иқтидори истеҳсолӣ, боло бурдани ҳаҷми содиротии мамлакат ва таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ ҳидоят намуданд.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520