Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани бинои нави шуъбаи шаҳрии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд

15.11.2023 09:00, шаҳри Хуҷанд
Ба истифода додани бинои нави шуъбаи шаҳрии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд 15.11.2023

Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, нахуст бинои нави шуъбаи шаҳрии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ин бинои хуштарҳу замонавӣ ба хотири фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ, бо дарназардошти талаботи соҳа бунёд гардида, дар он барои фаъолияти босамар имконоти зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, бинои нав дорои ҳуҷраҳои барҳавои корӣ буда, бо мизу курсӣ ва дигар дастгоҳҳои зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад. Ҳамчунин дар иншооти мазкур барои кормандони соҳа китобхонаи замонавӣ бо махзани бойи китобҳои бадеиву соҳавӣ ташкил гардида, толори хониш бо имконияти зарурӣ таъмин аст.

Бинои нави шуъбаи шаҳрии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд дар маркази шаҳри Хуҷанд бо дарназардошти санъати муосири меъморӣ бунёд гардида, аз 7 ошёна иборат мебошад.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки дар бинои нав бо таваҷҷуҳ ба обутоби бадан толори алоҳидаи варзишӣ ташкил гардидааст, ки он бо дастгоҳҳои машқу тамрин муҷаҳҳаз мебошад. Ҳамчунин иншоот дорои толори алоҳидаи маҷлисӣ, ошхона, ҳуҷраҳои замонавии машваратӣ буда, корҳои сохтмонии он бо сифати баланд анҷом дода шудааст.

Дар гирду атрофи иншоот корҳои ободониву сабзкорӣ анҷом ёфта, саҳни он ба пуррагӣ сафолакпӯш гардидааст.

Бунёду ба истифодадиҳии иншооти мазкур шароити имконоти хизматии кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғдро мувофиқу муносиб намуда, барои чунин таваҷҷуҳ ва дастгирии доимӣ онҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ карданд.

Роҳбари давлат зимни боздиду суҳбатҳои самимӣ таъкид доштанд, ки бо истифода аз чунин шароити мусоид кормандони ин ниҳод бояд барои ҳифзи суботу осоиштагии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳарчи бештар кӯшишу талош намоянд. Хусусан кормандон дар вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон бояд ҳушёриву зиракӣ ва далерию чолокиро аз даст надиҳанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520