Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин

21.11.2023 22:45, Русия
Мулоқот бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин 21.11.2023

21 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Федератсияи Русия дар шаҳри Москва бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия муҳтарам Михаил Мишустин мулоқот карданд.

Дар рафти вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, энергетика ва кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки Федератсияи Русия дар сохтори гардиши савдои хориҷии кишвари мо мавқеи пешсафро ишғол мекунад. Дар соли 2022 ҳаҷми гардиши мутақобилаи мол 1,7 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли пешин 24 фоиз афзудааст.

Дар самти ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ захираву имкониятҳои истифоданашуда бисёр аст, аз ин ру зарур шумурда шуд, ки барои пурра баҳрабардорӣ кардан аз он тадбирҳои мушаххас андешида шавад.

Дар рафти мулоқот зикр карда шуд, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои саноати куҳӣ, металлургӣ, мудофиавӣ, коркади нафту кимиё, саноати хурокворию сабук, нассоҷӣ, фарматсевтӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ба манфиати ҳар ду ҷониб хоҳад буд.

Ҷалби сармояи Русия барои таъсиси паркҳои саноатӣ, нассоҷӣ, хӯрокворӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, зарур шумурда шуд.

Аз сатҳи ҳамкорӣ дар соҳаи гуманитарӣ ибрози қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон бо ин ба густариши минбаъдаи робитаҳои амалӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва сайёҳӣ ҳавасмандии худро изҳор доштанд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520