Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Русия Евгений Куйвашев

28.11.2023 10:49, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Русия Евгений Кувайшев  28.11.2023

Имрӯз дар Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Русия Евгений Куйвашев мулоқот анҷом доданд.

Зимни суҳбат Пешвои миллат ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро ба тавсеаи пайвастаи муносибатҳои дуҷонибаи ду давлат, аз ҷумла ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳоро ҳамчун ҷузъи муҳими онҳо таъкид намуданд.

Сарвари давлат дар ин замина зикр карданд, ки имрӯз беш аз 80 субъекти Федератсияи Русия бо Тоҷикистон робитаи мустақим доранд.

Дар байни онҳо вилояти Свердловск ҷои муҳимро ишғол менамояд ва ҷониби Тоҷикистон омода аст пешниҳодҳои Губернатори вилояти Свердловскро оид ба ҳамкории мутақобилан судманд дар тамоми бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ намояд.

Президенти мамлакат инчунин муҳимияти густариши ҳамкории сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ дар бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолиро дар бахшҳои гуногуни саноатӣ, бахусус саноати сабук ва хӯрокворӣ, мошинсозӣ ва дигар соҳаҳои иқтисоди Тоҷикистон таъкид намуданд.

Пешвои миллат, ҳамчунин, мавзуи муҳими рӯзномаи Тоҷикистон ва Русия – фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони мо дар Русияро зикр намуданд.

Соҳаҳои энергетика, дорусозӣ ва сайёҳӣ низ самтҳои дурнамодори ҳамкорӣ маънидод карда шуданд.

Дар фарҷоми мулоқот Пешвои миллат махсус таъкид доштанд, ки барои рушди рӯзафзуни ҳамёрии ҷонибҳо тақрибан дар тамоми соҳаҳо заминаи ҷиддӣ мавҷуд аст ва ҷонибҳоро зарур аст, ки минбаъд низ барои ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ саъю кӯшиши муштарак ба харҷ диҳанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520