Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатиповро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия баррасӣ шуд.
Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҷонибҳо бори дигар омодагии худро баҳри густариш додани робитаҳои судманди гуногунҷанба таъкид намуданд.
Ҷонибҳо аз тавсиаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид доштанд, ки ҳаҷми мубодилаи мол имсол аз 1 миллиард доллари амрикоӣ зиёд хоҳад шуд.
Рамазон Абдулатипов ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод, ки имрӯз ҳавасмандии сармоягузорони Россия ба соҳаҳои энергетика, саноати кӯҳӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвари мо рӯ ба афзоиш дорад. Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки ҷониби Россия ба татбиқи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кушодани филиалҳои як қатор донишгоҳу донишкадаҳои бонуфузи ин кишвар дар Тоҷикистон шурӯъ мекунад.
Таъкид гардид, ки масъалаи кушодани марказҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Россия дар кишварҳои ҳамдигар ҳалли худро пайдо намудааст.
Дар мулоқот ҳамчунин атрофи масоили дигари ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Россия гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.