АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 63-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохти кӯмакупулии яквақата дар ҳаҷми 350 (сесаду панҷоҳ) сомонӣ ба 4 147 нафар маъюбону иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва оилаҳои бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида, 1 451 450 (як миллиону чорсаду панҷоҳу як ҳазору чорсаду панҷоҳ) сомонӣ ҷудо намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон
ш.Душанбе
24 апрели соли 2008
№ АП-595