Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон

01.05.2008 16:00, ноҳияи Ёвон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод.

Ҳадафи асосии сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Ёвон шиносоӣ бо рафти корҳои барқарорсозии Маркази истеҳсоли барқу гармии ноҳия ва шабакаи таъминоти буғу оби гарм ба Ҷамъияти саҳҳомии «Тоҷикхимпром» ва маркази ноҳия ва ҳамчунин боздид аз як қатор иншооти дигари иҷтимоӣ, саноатӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ маънидод гашт.

Боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон бо шиносоӣ бо ҷараёни корҳои барқарорсозии Маркази истеҳсоли барқу гармӣ оғоз ёфт. Хотиррасон бояд кард, ки Маркази истеҳсоли барқу гармии ноҳияи Ёвон бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мувозанаи Ширкати алюминийи тоҷик дода шуда, корҳои барқарорсозӣ ва то ҳадди 120 мегават афзун намудани иқтидори барқистеҳсолкунии он ба зиммаи ин ширкат вогузор гашта буд.

Дар ин ҷо зикр гардид, ки имрӯз баъди анҷом додани марҳилаи якуми барқарорсозии он ду агрегаташ бо иқтидори барқистеҳсолкунии 120 мегават ба кор омода гаштааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тугмачаро пахш карда, ба кор омода гаштани маркази барқу гармидиҳии ноҳияи Ёвонро расман эълон намуд ва ба шахсони масъул дастур дод, ки ду агрегати омодагаштаро барои санҷиш бо иқтидори пуррааш ба кор дароранд, то ки камбудиҳои мавҷуда ошкор ва бартараф карда шаванд.

Таъкид гардид, ки барои кори доимии марказ дар баробари нерӯи барқ ҳамчунин оби гарм ва буғи онро низ бояд корхонаҳои саноатӣ ва аҳолии маркази ноҳия истифода баранд. Бо назардошти ин имрӯз тибқи супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шабакаи таъминоти оби гарм ва буғ дар ноҳия муташаккилона идома дорад.

Ҳамин тариқ аз якуми октябри соли равон Маркази барқу гармидиҳии ноҳия бо иқтидори 120 мегаватт ба таври доимӣ ба кор даромада, нерӯи барқашро ба Ширкати алюминийи тоҷик ва буғу оби гармро ба ноҳия равона месозад.

Зимни шиносоӣ бо марказ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Ширкати алюминийи тоҷик дастур дод, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони худ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ду агрегати дигари онро низ бо истифода аз ангишт ба кор омода кунанд.

Таъкид гардид, ки дар ин сурат иқтидори барқистеҳсолкунии он ба 300 мегават мерасад ва ин ду баробар аз иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳи обии Зарафшон зиёд аст.

Дар ҳудуди ҳамин марказ масъулини Ширкати алуминийи тоҷик бо шарикони муътамаду бонуфузи худ аз давлатҳои Австралия, Чин, Эрон, Қазоқистон ва ғайра лоиҳаҳои пурра ба кор даровардани Ҷамъияти саҳҳомии «Тоҷикхимпром» ва бунёди якчанд корхонаи нави саноатиро муаррифӣ намуданд.

Зикр гардид бо ҷалби тақрибан якуним - дуюним миллиард доллари амрикоӣ Ҷамъияти саҳҳомии «Тоҷикхимпром, сехҳои бузурги истеҳсоли гилхок ва семент пурра барқарор гашта, якчанд корхонаи нави саноатӣ бунёд мешаванд. Бо амалӣ гаштани ин лоиҳаҳо ҳамчунин истеҳсоли содаи каустикӣ дар «Тоҷикхимпром» ба маротиб афзоиш меёбад ва он натанҳо эҳтиёҷоти Ширкати алюминийи тоҷик, балки бисёр давлатҳои дигари истеҳсолкунандаи алюминий ва маҳсулоти нафтиро метавонад қонеъ гардонад.

Ба андешаи коршиносон захираҳои фаровони боксид, антротсид ва нефелин, ки ашёи хоми асосӣ барои истеҳсоли гилхок ва алюминий мебошанд ва ҳамчунин талаботи рӯзафзун ба алюминийи аввалия дар бозори ҷаҳонӣ ин лоиҳаҳоро барои сармоягузорони хориҷӣ хеле шавқовару ҷолиб намудааст.

Таъкид гашт, ки дар натиҷаи ин тадбирҳо дар зарфи якуним ду соли оянда дар ноҳияи Ёвон 15-20 ҳазор ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи саноат муҳайё мегарданд, ду сехи дигари Ширкати алюминийи тоҷик низ ба кор дароварда мешаванд, истеҳсоли алюминий ва моддаҳои гуногуни кимёвӣ ба маротиб зиёд шуда, хароҷоти истеҳсолии онҳо хеле поён меравад.

Бояд таъкид дошт, ки Ширкати алюминийи тоҷик имрӯз танҳо барои аз кишварҳои дури хориҷ кашондани гилхок ҳар сол 100 миллион доллари амрикоӣ сарф мекунад. Баъди татбиқи лоиҳа бошад, истеҳсоли гилхок аз ашёи хоми ватанӣ ба роҳ монда мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барқарорсозии Ҷамъияти саҳҳомии «Тоҷикхимпром», афзоиш додани иқтидори Маркази истеҳсоли барқу гармии Ёвон, бунёди корхонаҳои нави криалиту гилхок, корхонаҳои намаку оҳак, роҳи оҳани Душанбе-Ёвон ва нерӯгоҳи обии Шӯроб дар маҷмӯъ ба роҳ монда шуда, бояд дар муддати кӯтоҳ анҷом ёбанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории худ ба ноҳияи Ёвон ҳамчунин аз Ҷамъияти саҳҳомии «Тоҷикхимпром дидан кард.
Маълум шуд, ки корхона айни ҳол бо 27 фоизи иқтидораш кор карда, хлори моеъ, содаи каустикӣ ва оҳаки хлордор истеҳсол мекунад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки барқарорсозии пурраи корхона дар зарфи якуним сол анҷом дода шавад ва барои кори бемонеаи он дастрасии доимии ашёи хомаш, яъне намак ва оҳак пайваста таъмин карда шавад.

Зимни боздид маълум шуд, ки аз сармоягузорон ва саҳмдорони хориҷӣ имрӯз танҳо шарикони эронӣ ба кори амалӣ шурӯъ намуда, аллакай як сехи электролизиро ба кор омода кардаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тугмаро пахш намуда, ба кори ин сех оғози расмӣ бахшид. Зикр гардид, ки баъди пурра ба кор даромадани корхона танҳо дар ҳамкорӣ бо шарикони эронӣ истеҳсоли фаровони хлор, содаи каустикӣ, гипохлориди натрий ва калсий, этилен, дихлорид ва кислотаи сулфат ба роҳ монда мешавад. Таъкид гардид, ки баъди пурра ба кор даромадани корхона дар он 4,5-5 ҳазор кас бо ҷойи кор таъмин мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон ҳамчунин бо рафти сохтмони корхонаи азими ресандагӣ, бофандагӣ ва дӯхти либос, ки аз ҷониби ширкати ватании Хима дар ҳамкорӣ бо ширкати италиявии Тексита бунёд меёбад, иштирок намуд.

Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки сохтмони марҳилаи якуми он то охири сол анҷом ёфта, коргоҳи ресандагиаш бо иқтидори коркарди 4 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол ба кор шурӯъ мекунад. Дар ин коргоҳ 200 нафар бо ҷойи кор таъмин мешаванд. Сохтмони коргоҳи бофандагӣ моҳи январи соли оянда ва дертар бунёди коргоҳи дӯхти либос низ оғоз меёбад.

Роҳбари ширкати Хима Исматулло Ҳаёев гузориш дод, ки корхона дар соли 2010 пурра ба фаъолият шурӯъ намуда, дар ҳамаи коргоҳҳои он қариб 1000 кас бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба кор шурӯъ намудани як мағозаи нави китоб иштирок намуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон китобдорию китобхониро аз суннатҳои бостонии миллати фарҳангии тоҷик арзёбӣ карда, таъкид дошт, ки баҳри ба аҳолӣ, пеш аз ҳама мактаббачагон дастрас намудани китобҳои дарсию бадеӣ, рӯзномаю маҷалла, либоси мактабӣ ва дигар ашёи зарурӣ бояд пайваста корҳои зарурӣ анҷом дода шаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба хоҷагии деҳқонии Руқияи ноҳия ташриф оварда, бо аъзои хоҷагӣ сӯҳбати дилнишин анҷом дод ва онҳоро ба истеҳсоли фаровони маҳсулоти кишоварзӣ баҳри беҳ намудани рӯзгори худ ҳидоят намуд.

Дар ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, тухмии анвои гуногуни сабзавот ва зироатҳои полезию лӯбиёгӣ ва ҳамчунин техникаи мухталифи кишоварзӣ шинос шуда, ба масъулин баҳри кӯмак расондан ба деҳқонон дар амалӣ намудани кишти такрории заминҳои обӣ дастуру ҳидоятҳо дод.

Дар бошишгоҳи саҳроии ҳамин хоҷагӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият ва аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Ёвон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқононию фермерӣ сӯҳбати ошкору самимӣ анҷом дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳисоботи раиси ноҳияи Ёвонро оид ба натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқи ноҳия дар семоҳаи якуми соли равон шунида, ба ӯ ва фаъолони ноҳия баҳри афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, пурсамар истифода бурдани заминҳои корам ва саҳмгузории намоён дар фаровон гардондани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва ҳамчунин аз вагонҳо баровардани 10 мактаби ноҳия дастуру ҳидоятҳо дод.

Зимни сӯҳбати дилнишин аён шуд, ки деҳқонони асил ва кулли мардуми заҳматкаши ноҳия муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба таъмини амнияти озуқавории кишвар чун дастури кори созанда пазируфта, баҳри баланд бардоштани нишондодҳои истеҳсолӣ камар мустаҳкам бастаанд.

Аз ҷумла Раиси Шӯрои уламо ва имом-хатиби вилояти Хатлон эшони Саидҷон Маҳмудов дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо иброз дошт, ки як мактаби 9 –сола дар ноҳия сохта, ба истифода медиҳад. Ҳамчунин зикр намуд, ки ӯ дар 100 гектар замин хоҷагии деҳқонӣ бунёд намуда, дар 40 гектараш гандум ва 60 гектари боқӣ пунбадона кишт кардааст.

Чунонки шиносоӣ бо кори хоҷагии деҳқонии «Ҳазрати Сорбон» нишон дод, дар воқеъ эшони Саидҷон Маҳмудов дар кори кишоварзӣ ба нишондодҳои назаррас ноил гаштааст ва кулли мардуми кишвар, аз ҷумла ходимону олимони динро низ ба меҳнати созанда ҳидоят мекунад.

Дар ин хоҷагии деҳқонӣ 60 нафар аъзо пурсамар кор мекунанд ва аз самараи меҳнати худ қаноатманданд.

Аз кору заҳмати сазовори таҳсини ӯ роҳбарият ва аъзои хоҷагиҳои деҳқонии ҳамсояаш низ рӯҳу илҳом гирифта, бо самараи дучанд фаъолият мекунанд.

Суханронии имрӯзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарият ва фаъолони ноҳияи Ёвон, ки дар ҳузури як қатор аъзои Ҳукумат ва роҳбарони сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявию вилоятӣ ва бонкҳои саҳҳомии кишвар сурат гирифт, бори дигар собит намуд, ки рафти тамоми корҳои истеҳсолӣ, созандагию бунёдкорӣ ва ободонию шукуфонии кишвар таҳти назорат ва ғамхории доимии ӯ қарор дорад. Бояд таъкид дошт, ки имрӯз сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавриди дастгирию пуштибонии васеъи аҳли ҷомеа қарор гирифта, барои бартараф намудани мушкилоти муваққатӣ ва таъмини пешрафту шукуфоии кишвар заминаи воқеӣ эҷод кардааст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520