Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

22.12.2023 12:05, шаҳри Душанбе
Ифтитоҳи бинои нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.12.2023

22 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Шевченкои пойтахт бинои нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти тозабунёд аз 13 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он ҳуҷраҳои кории роҳбарият, раёсату шӯъбаҳои дастгоҳи марказӣ, як қатор марказҳои тиббию тандурустии ҷумҳуриявӣ, лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилоту муассисаҳои зерсохтори вазорат, ки қаблан дар дигар ҷойҳо фаъолият доштанд, ҷойгир карда шудаанд.

Аснои боздид аз шароит ва имконоти муҳайёгардида дар иншооти навбунёд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонии он баҳои баланд доданд.

Дар Маркази нави рақамикунонӣ ва технологияҳои инноватсионӣ, ки дар ошёнаи дуюми бинои тозабунёди маъмурии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудааст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни таълими як қатор табибони мамлакат, ки дар хориҷи мамлакат қарор доранд, тариқи онлайн шинос шуда, бо онҳо суҳбати самимию созанда доир карданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз табибони ҷавони мамлакат, ки дар хориҷ донишу таҷриба меомӯзанд, даъват ба амал оварданд, ки аз шароиту имкониятҳои мусоид самаранок истифода бурда, илмҳои муосирро омӯзанд ва ба Ватан баргашта, бар нафъи давлату миллати хеш содиқона хизмат намоянд.

Дар маркази номбурда ҳамзамон бахши рақамикунонӣ, толори телетиб, толори машварат ва дигар бахшҳо ҷой дода шудааст ва барномасозону мутахассисони ботаҷриба дар маркази мазкур ба кор ҷалб гардидаанд.

Ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки дар Маркази рақамикунонӣ ва технологияҳои инноватсионӣ толори махсус ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ муҳайё карда шудааст ва бо истифода аз он мутахассисони ботаҷриба ва сармутахассисони соҳавии вазорат зимни баргузории амалиётҳои гуногуни ҷарроҳӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба табибони минтақаҳои гуногуни кишвар тавсияву машваратҳои онлайнӣ медиҳанд.

Зимни шиносоӣ бо иншооти навбунёд ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар бинои маъмурӣ ошхона бо 200 ҷой, маҷлисгоҳ барои 400 нафар, толори варзиш, китобхона, бойгонии вазорат, толорҳои барҳавою замонавии баргузории мулоқоту вохуриҳо, чорабиниҳои соҳавӣ ва дигар макони маишиву фароғатӣ барои кормандон мавҷуд мебошанд.

Бинои нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, дар корҳои сохтмонии он маҳсулоти баландсифати ватанӣ истифода гардидааст.

Фармоишгари бунёди иншоот Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он тибқи лоиҳаи  Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “ПИЛҶ САНИИОСП” бунёд гардидааст.

Пудратчиёни асосии бунёди иншоот ширкатҳои ватании сохтмонии ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Фаввора”, “Самар СН” ва “Инкишоф Сохтмон” мебошад.

Дар ҷараёни корҳои сохтмонии иншооти мазкур аз 450 то 650 нафар шаҳрвандони мамлакат бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин карда шудаанд.

Ифтитоҳи бинои хуштарҳу замонавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар арзёбӣ намуданд.

Сарвари давлат аз коргарону масъулони ин бахши пешрафтаи ҷомеа даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои муҳайёгардида тамоми кушиш ва талоши хешро баҳри таъмини солимии аҳолӣ равона созанд.

Дар навбати худ кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат барои ғамхорӣ ва дастгириҳои пайваста ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдории амиқи хешро иброз доштанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520