Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафири нави Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Ле Ван Тоан дар Тоҷикистон эътимоднома қабул намуд.
Зимни сӯҳбат, ки баъди маросими супурдани эътимоднома сурат гирифт, дурнамои робитаҳои Тоҷикистону Ветнам баррасӣ шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Ветнамро шарики хуби Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ номида, изҳор дошт, ки маҳз ҳамкорӣ бо он ба густариши робитаҳои кишвари мо бо давлатҳои ин минтақа такон бахшид.
Фаъолияти босамари ширкати «Эйша силк» (Абрешими Осиё) ва 9 корхона, ки дар ҳудуди Тоҷикистон бо иштироки сармояи Ветнам ба назар мерасад, нишонаи хуби ҳамкории иқтисодии ду кишвар маънидод шуд.
Мусоҳибон оид ба густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои саноати сабуку хӯрокворӣ, истихроҷи маъданҳо, бунёд намудани корхонаҳои нави муштарак ва тавсиа додани робитаҳои тиҷоратӣ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд. Фаъол намудани комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва густариш додани робитаҳои байни соҳибкорони ду кишвар зарур шумурда шуд.
Дар мулоқот ҳамчунин атрофи масоили сиёсии минтақа ва ҷаҳон табодули назар карда шуд.