Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз Маҷмааи лижаронию сайёҳии “Сафед-дара” дар ноҳияи Варзоб

29.12.2023 11:47, ноҳияи Варзоб
Боздид аз Маҷмааи лижаронию сайёҳии “Сафед-дара” дар ноҳияи Варзоб  29.12.2023

29 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо шароити кору хизматрасонии Маҷмааи лижаронию сайёҳии “Сафед-дара” шинос шуда, марҳилаи дуюми роҳи танобиро мавриди истифода қарор доданд.

Бояд гуфт, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини шароити созгори бахши сайёҳӣ ва ҷалби ҳар чӣ бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ дар мавзеи “Сафед-дара” аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сафед-дара” як қатор иншооти муҳими соҳаи сайёҳӣ бунёд гардида, сохтмони дигар инфрасохтор идома дорад.

Дар Маҷмааи лижаронию сайёҳии “Сафед-дара” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо шароити қабули мизоҷон дар котеҷи чубини дуошёна шинос шуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи тадбирҳои ба сомонрасида изҳори қаноатмандӣ карда, ба сифати корҳо баҳои баланд доданд.

Президенти мамлакат ба масъулин ҷиҳати боз ҳам тақвият додани корҳои сохтмонӣ ва ташкили инфрасохторӣ зарурӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмони котеҷҳои нав дар саҳни ҳавлии маҷмаа муаррифӣ карда шуд.

Пешвои миллат дар назди стансияи болоии Маҷмааи лижаронию сайёҳии “Сафед-дара” аз тарабхонаи нав дидан карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити хизматрасонӣ ва қабули мизоҷон дар тарабхонаи нав бо пахши тугма ба фаъолияти хати дуюми роҳи танобӣ оғоз бахшиданд.

Масъулини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сафед-Дара” ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат, марҳилаи сеюми корҳои бунёдиву созандагиро оғоз намуданд.

Соли ҷорӣ дар асоси шартнома бо ширкати “Допелмайер”-и кишвари Австрия сохтмони хати дуюми роҳи танобӣ ба итмом расонида шуд.

Стансияи поёнии роҳи танобии мазкур дар баландии 2590 метр аз сатҳи баҳр ва стансияи болоӣ бошад, дар баландии 3020 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Дарозии хати роҳи танобии дуюм 1600 метр буда, аз 21 кабина иборат мебошад. Дар маҷмуъ дарозии ҳарду роҳҳои танобӣ 3600 метрро ташкил дода, 42 кабина дорад.

Тавассути роҳи нави танобӣ Сарвари давлат бо корҳои дар мавзеъ ба анҷомрасида шинос шуданд.

Дар стансияи болоии Маҷмааи лижаронию сайёҳии “Сафед-дара” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ роҳи нави лижаронии “Сомонӣ”-ро ифтитоҳ карда, ба  оғози ҳаракати лижаронҳо дар ин масир оғоз бахшиданд.

Роҳи нави лижаронии “Сомонӣ” бо дарозии 7,2 км сохта шудаст.

Акнун бо бунёди роҳи нави лижаронӣ на танҳо варзишгарони навтаҷриба, балки лижаронҳои касбии сатҳи байналмилаливу минтақавӣ метавонанд аз он истифода намоянд. Дар умум роҳи лижаронӣ дар маҷмаа аз поён то ба боло 30 км-ро ташкил медиҳад.

Дар ҳудуди маҷмаа 10 адад котеҷҳои 1 ва 2-ошёнаи сохти замонавӣ мавҷуд аст. Аз ҷумла, 6 ададаш аз маҳсулоти муосири сохтмонӣ ва 4 адади дигараш аз чӯби гирдшакл бо услуби аврупоӣ сохта шудааст.

Дар котеҷҳо барои аз 4 то 8 нафар ҷои хоб пешбинӣ гардидааст. Инчунин, дар назди стансияи болоии роҳи танобӣ дар баландии 2590 метр тарабхонаи “Чаман” бо услуби миллӣ бо зиёда аз 100 ҷойи нишаст сохта шудааст.

Ҳамзамон дар маҷмаа бинои нав, ки дар он нуқтаи тиббӣ, хазина ва сервери идоракунии коммуникатсияи иттилоотӣ ҷойгир шудааст, бунёд ёфтааст. 

Баъди шиносоӣ бо шароити хизматрасонӣ дар Маҷмааи лижаронию сайёҳии “Сафед-дара” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорони ватандӯст дар ободу зебо гардонидани ин минтақаи дорои табиати нотакрори диёр баҳои баланд доданд.

Ба масъулини соҳа дастур дода шуд, ки барои дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани ин мавзеъ, ҷалби бештари сайёҳону меҳмонон, тарғибу ташвиқи намудҳои варзиши зимистона дар байни аҳолии мамлакат, ба сатҳи байналмилалӣ баровардани хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо, тарабхона, марказҳои савдо ва таъмини лавозимоти варзишию барфбозӣ, майдонҳои лижаронию барфгардӣ ва роҳҳои танобӣ тадбирҳо андешанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520