Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
таъин намудани Раҳмонзода А.Қ.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
16 январи соли 2024
№686

 

РАҲМОНЗОДА  Абдулло  Қурбоналӣ 

аз 27 январи соли 2020 дар вазифаи  Раиси Кумитаи кор бо  ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

кор мекунад

Соли таваллуд   21 феврали соли 1983           Ҷои таваллуд  ноҳияи Фархор

Миллат   тоҷик                                                   Маълумот   олӣ

Соли 2005 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро   хатм кардааст

Ихтисос   ҳуқуқшинос- омӯзгор

Кадом забонҳои хориҷиро медонад    русӣ, немисӣ (бо луғат)

Вакили халқ ҳаст ё не     не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз   гардонида шудааст ё не   не    не

 

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 2000 – 2005-     

Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон

Солҳои 2005 - 2009 -   

Ассистент, муаллими калони кафедраҳои  «Ҳуқуқи конститутсионӣ ва ҳуқуқи байналхалқӣ», «Ҳуқуқи иқтисодӣ»- и Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон

Солҳои 2005 -2009-

Аспиранти шуъбаи ғоибонаи Институти «Давлат ва ҳуқуқ»-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2009-2012 -

Мутахассиси пешбари шуъбаи қонунгузории меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ, илм, маориф ва фарҳанги Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

(02- 12)  соли   2012 -

Муовини сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба муносибатҳои гражданӣ, оилавӣ ва соҳибкории Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2013-2017-

Ҳуқуқшиноси Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳамзамон раиси ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан» 

Солҳои 2017-2020

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

аз январи соли 2020

то 16 январи соли 2024

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520