Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз шаҳрҳои Ободон ва Руҳободи Туркманистон

24.08.2012 19:00, Туркманистон

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ободони Туркманистон ташриф оварда, ҳамроҳ бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар ифтитоҳи навбати дуюми як корхонаи бузурги ресандагӣ иштирок намуд.

Чунонки иттилоъ дода шуд, дар ду навбати ин корхона, ки солона аз 6650 тонна нахи пахта то 4870 тонна ришта истеҳсол мекунад, наздики 1200 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидааст.

Зимни шиносоӣ бо кори корхона ва боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти саноати сабуки шаҳри Ободон, аз ҷумла зикр гардид, ки тамоми пахтаи дар Туркманистон истеҳсолшаванда дар дохили кишвар коркард мешавад ва наздики 90% маҳсулоти тайёри саноати нассоҷӣ ба хориҷа содир мегардад.

Аз ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба шаҳри Руҳобод ташриф оварда, дар маҷмааи байналмилалии варзиши аспӣ бо дастовардҳои варзишгарони аспсавори туркман аз наздик шинос шуданд.

Тавре аён гардид, ин маҷмаа аз сирки аспсаворон, толори паридани аспҳои хушхиром аз болои монеаҳои баланд, майдони бузурги пойгаҳ ва намоишгоҳи навъҳои хушзоти ин ҷонварони зебою нозуктабиат иборат аст. Бештари аспҳое, ки дар ин ҷо зебогӣ ва ҳунари волояшон бо аспсаворони чусту чолок ба намоиш гузошта шуд, аз зоти дар ҷаҳон машҳури туркманӣ «Ахалтегин» мебошанд.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520