Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба муносибати Иди Қурбон

06.12.2008 08:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Рӯзи душанбе иди саиди Қурбон, ки яке аз маросимҳои мубораки дини мубини ислом ва аз ҷумлаи суннатҳои бисёр писандидаи мардуми мусулмони мо мебошад, фаро мерасад. Ба ин муносибат ҳамаи шуморо самимона табрику таҳният мегӯям.

Воқеан мӯъминон дар ин рӯзи шариф ба даргоҳи Худои таоло бо садоқату фидокорӣ ва ибодату парҳезгорӣ барои покизагӣ ва назофати ҷисму рӯҳ муноҷот менамоянд, зеро моҳияти аслии иди Қурбон «наздикӣ ҷустан ба зоти беҳамто ва якто» мебошад.

Ин амр имкон медиҳад, ки инсон зоҳиру ботини худро покиза гардонад ва барои иҷрои фармудаҳои Худованди мутаол, аз қабили омӯхтани илму дониш, эҳсону саховатмандӣ, некиву накӯкорӣ, ростиву адолат, раҳму шафқат, тарғиби ахлоқи ҳамида ва дигар корҳои хайру савоб кӯшишу талош намояд.
Фарҳанги ғановатманди исломӣ дар тарбияи ахлоқии ҷомеа, ташаккул ва такомули худшиносиву худогоҳии халқу миллатҳои гуногуни дунё, аз ҷумла мардуми сарзамини мо нақши барҷаста дорад.

Шукргузорӣ аз неъматҳои офаридгор ва меҳрубонӣ ба ҳамдигар яке аз хислатҳои хеле қадимӣ ва наҷиби миллати мо буда, махсусан дар ин рӯзи муборак дили касеро ба даст овардан ва нисбат ба ятимону бепарасторон, мӯҳтоҷону барҷомондагон ва шахсони камбизоат хайру саховат кардан амали ниҳоят савоб мебошад.
Чунки хайру сахо кардан аз ҷумлаи воҷиботи дини ислом ба ҳисоб меравад ва парвардигори олам дар сураи «Нисо» дар ин бобат чунин фармудааст: «Худойро бипарастед ва ҳеҷ чиз шарики ӯ насозед ва ба падару модар ва хешовандону ятимон ва мискинону ҳамсояи хешованд ва ҳамсояи бегона ва ёри мусоҳибу мусофири раҳгузар некӣ ва ёрӣ кунед».
Бинобар ин, дар рӯзҳои ид ва дигар суннату маросимҳо ба мӯҳтоҷон ба андозаи имкон расонидани кӯмаки моддӣ яке аз фазилатҳои бузурги мардуми мо буда, дар кишварамон тадриҷан ба ҳукми анъанаи нек даромада истодааст.
Бахусус аз тарафи ташкилоту муассисаҳо, идораву корхонаҳо ва шахсони саховатпешаву ҳимматбаланд чунин амали неку савоб бештар сурат мегирад ва мо умедворем, ки имсол кӯмаки онҳо нисбат ба солҳои гузашта боз ҳам зиёд мегардад. Зеро ба қавли бузургони мо дилеро ба даст овардан баробари тавофи хонаи Худо кардан аст.
Ба шарофати истиқлолият арзишҳои динӣ дар зиндагии халқи мо дар баробари арзишҳои олии инсонӣ мақому манзалати баланд касб намуданд ва онҳо имрӯз ҳаёти ҷомеаро аз бисёр ҷиҳат танзим мекунанд.
Мо ин арзишҳоро ба сифати сарчашмаи мусаффои ахлоқи ҳамида ва василаи муассири тарбияи инсони комил мепазирем, ки дар роҳи худшиносӣ ва дарки ҳувияти инсонӣ ба мардум хизмати арзанда менамоянд.
Маҳз ба хотири арҷгузорӣ ба ин суннату арзишҳо мо дар мамлакат маркази исломшиносӣ таъсис додем, ки яке аз самтҳои фаъолияти он дар баробари омӯзишу таҳқиқи осори динӣ тарҷума ва нашри китобҳои динии мазҳаби ҳанафӣ буда, бояд ба хотири баланд бардоштани донишу маърифати динии аҳли ҷомеа хизмати шоистаро анҷом диҳад.
Инчунин ҳоло таҳрири нави Қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» идома дорад, ки он баъди муҳокимаи ҳамаҷониба ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ирсол мегардад. Илова бар ин, «Консепсияи сиёсати давлатӣ оид ба дин» низ таҳия шуда истодааст, ки соли оянда қабул карда хоҳад шуд.
Бо мақсади ошноии бештар ва огоҳии амиқтари мусулмонони кишвар бо мазҳаби суннатии хеш мо соли 2009-умро Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон намудем. Ман борҳо таъкид кардаам, ки фарҳанги исломӣ ҷузъи таркибии тамаддуни мо ба шумор меравад.
Мазҳаби ҳанафӣ дар тӯли чандин садсолаи таърих дар фароҳам овардани заминаҳои ваҳдати умумибашарӣ, ҳувияти миллӣ, ҳифзи амнияту суботи ҷомеа ва нигоҳ доштани асолату арзишҳои таърихӣ нақши ниҳоят бузург бозидааст ва ин нақши худро имрӯз низ адо карда истодааст.
Бо дарназардошти ин нукта, мо соли гузашта Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо»-ро қабул намудем. Мақсади мо аз ин иқдом, пеш аз ҳама, аз он иборат аст, ки расму ойинҳои милливу динӣ бояд дар доираи ин қонун баргузор гардида, барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат намоянд.
Дар робита ба ин, бори дигар таъкид месозам, ки риояи қонуни мазкур барои тамоми шаҳрвандони мамлакат ҳатмӣ буда, он бояд ба як рукни таркибӣ ва доимии фарҳанги мардуми мо табдил ёбад.
Ҳадафи асосӣ аз тадбирҳои то ба ҳол амалишуда дар навбати аввал фароҳам овардани шароити мусоид барои мусулмонони кишвар ва баланд бардоштани сатҳи маърифати динии аҳолӣ мебошад.
Вале як нуктаро мехоҳам таъкид созам, ки адои фаризаҳои динӣ ва русуму одоби мазҳабӣ бояд танҳо дар доираи қонунҳои амалкунанда ва суннатҳои гузаштагонамон сурат гирифта, ба рушди ҷомеа ва пешрафти зеҳнии мардум мусоидат намоянд.
Зеро вақтҳои охир дар мамлакат гурӯҳҳое зуҳур кардаанд, ки аз доираи низоми муқаррароту эътиқодоти мазҳабии мардуми Тоҷикистон берун баромада, ғояҳои бегона ва барои шуури динии аҳолии мамлакат, аз ҷумла ҷавонон хатарнокро таҳмил карда истодаанд.
Ҷонибдорон ва таҳмилкунандагони чунин ақоиди бегона набояд фаромӯш созанд, ки дини ислом ҳеҷ гоҳ ҷонибдори хушунату зӯроварӣ набуд, баръакс ҳамеша мусулмононро ба сулҳу субот, адлу инсоф, ваҳдату муттаҳидӣ, сабру таҳаммул, дӯстиву рафоқат, меҳнати ҳалол ва муросову мадоро, хулоса барои эҷоди муҳити солими ҷомеа даъват менамояд.
Ғайр аз ин, бояд мусулмонони кишвари мо доим дар хотир дошта бошанд, ки солҳои 90-уми асри гузашта маҳз бо дасисаву иғвои ҳамин гуна шахсон мамлакати мо ба гирдоби даргириҳои даҳшатнок кашида шуд.
Имрӯз шуури мазҳабии миллат бояд ба таъмини пойдории истиқлолияти кишвар, пешрафти босуръати иҷтимоиву иқтисодӣ ва суботи сиёсии мамлакат мусоидат намояд. Муасссисаҳои динӣ, аз ҷумла масҷидҳо дар шароити ҷаҳони зудтағйирёбандаи муосир натанҳо макони ибодат бошанд, балки онҳо ба маркази фарҳангу одоб, мактаби одамият ва тарбияи ахлоқиву маънавии мусулмонон табдил ёбанд.
Вале чунон ки вақтҳои охир мушоҳида мегардад, баъзе ашхос ақидаҳоеро тарғиб карда истодаанд, ки онҳо ба муқаррароти анъанавии мазҳаби мо мувофиқат намекунанд.
Дар натиҷа дар ҷомеа ба вуҷуд омадани мухолифат ва тафриқаҳои ақидавӣ имкон дорад, ки мо ба ин гуна амалҳои ғайриқонунӣ ҳаргиз роҳ намедиҳем.
Дар шароити кунунӣ ҷомеаи мо ба таҳмилу таҳвили ақидаву мазҳабҳои навбаромади дигар ниёз надорад ва мардуми кишварамон пайрави мазҳаби Имоми Аъзам, яъне таълимоте мебошанд, ки дар он ҳанӯз ҳазору сесад сол пеш тамоми масоили дини ислом ҳаллу фасли худро ёфтаанд.
Мазҳаби ҳанафӣ яке аз мазҳабҳои асосии дини ислом буда, аз ҷониби имомони дигар мазҳабҳо ва бузургтарин олимони ҷомеашиноси ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.
Он дар тӯли таърих бо фарҳангу суннатҳои миллии мо омезиш ёфта, ҳамчун рукни таркибии таърих ва тамаддуни куҳанбунёдамон шинохта шудааст.
Моҳияти аслии мазҳаби ҳанафӣ аз он иборат аст, ки ба таври осон ва содда ибодат кардан ва муомилоти исломиро ба роҳ мондан, риоя ва ҳимояти ҳуқуқи фақирон ва афроди нотавон, яъне баробарии уммати мусулмон, эҳтиром ба инсон ва озодии шахсро таъмин менамояд.
Аз ин рӯ, асоси таълимоти мазҳаби Имоми Аъзамро Қуръони маҷид, ҳадисҳои пайғамбар, назариёти саҳобагон ва қиёсу раъй ташкил медиҳад. Имоми Аъзам ҳангоми ҳалли масъалаҳои фиқҳӣ ҳамеша ба онҳо такя намуда, тамоми афкори мавҷударо бо ҳам қиёс менамуд ва дар ниҳоят раъйи худро изҳор мекард.
Дар ин маврид имом Заҳабӣ ривоятеро нақл мекунад, ки мувофиқи он ба амиралмӯъминин Абӯҷаъфар доир ба рафтори қиёси Имоми Аъзам хабари нодурусте мерасонанд. Дар ҷавоб ба номаи амир Абӯҳанифа ба хотири рафъи шубҳа ва таъкиди дурустии қиёси худ менависад: «Эй амиралмӯъминин, хабар чунин нест, ки ба шумо расидааст.
Ибтидо ба китоби Худо амал мекунам, сипас ба суннати Расули Худо, баъдан ба фатвои Абӯбакр, Умар ва Усмон рӯй меоварам ва баъд ба фатвои саҳобагон. Ҳангоме ки саҳоба дар ҳалли масъала бо ҳам ихтилофи назар доранд, аз қиёс истифода менамоям, зеро байни Худованд ва бандагонаш ҳеҷ гуна нисбату хешовандӣ вуҷуд надорад».
Ислоҳоти фикрие, ки Имоми Аъзам ҳанӯз дар асри ҳаштуми мелодӣ анҷом додааст, масъалаҳои фиқҳи ҳанафиро бо тамоми ҷузъиёташ дарбар мегирад.
Бояд гуфт, ки Имоми Аъзам Абӯҳанифа устоди ҳамаи имомони аҳли суннат ва ҷамоат аст, чунки Имом Аҳмади Ҳанбал назди Шофеӣ дарс хонда ва Имом Шофеӣ назди Имом Молик ва ӯ аз маҳзари Имоми Аъзам истифода бурдааст.
Бинобар ин, шахсони зархариде, ки даъво доранд баъзе кишварҳои минтақаи мо, аз ҷумла Тоҷикистон барои анҷом додани амалҳои муғризонаашон ҷойгоҳи холии мазҳабӣ аст, хатои маҳз мекунанд.
Гузашта аз ин, солҳои охир аз ҷониби доираҳои муайян ба хотири паст задани нуфузи дини ислом, амалӣ кардани мақсадҳои нопок ва тафриқаву низоъ ангехтан байни сокинони халқу миллатҳои гуногун ғояи бархӯрди тамаддунҳо ва динҳо тарҳрезӣ шудааст ва доираҳои мазкур мунтазам истилоҳи «терроризми исломӣ»-ро талқин месозанд.
Мо назари хоси худро дар ин маврид борҳо аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ иброз намуда, таъкид кардаем, ки ба ислом нисбат додани терроризм ақидаи ғалат ва ғаразнок аст.
Баръакс, дини мубини ислом дар таҳкими низоми ҷомеа, суботу амният, ғановатманд гардонидани ҷаҳони маънавӣ ва ахлоқии натанҳо мусулмонон, балки аҳли башарият метавонад нақши судманду муассир гузорад.
Ислом инчунин дар такя ба арзишҳои аслии худ, қудрати инсонӣ, ҳуқуқи башар, адолати иҷтимоӣ, озодии фикр ва даъват ба сулҳ, дурӣ ҷустан аз хушунат ва таҳаммулгароӣ метавонад ба пешрафти илм ва рушди ҷомеа мусоидат намояд.
Илму дониш омӯхтан, ба касбу кор ва меҳнати ҳалол машғул шудан дар аҳкоми шариат ва усули таълимоти исломӣ аз фаризаҳои аслӣ ба ҳисоб рафта, бо ибодат кардан баробар мебошад.
Худои таоло ва Расули акрам ба мӯъминон бо обилаи дасти худ меҳнат карда, нони ҳалол хӯрданро борҳо таъкид кардаанд. Аз ҷумла, ҳазрати Муҳаммад дар яке аз ҳадисҳои худ чунин мефармояд: «Ҳеҷ кас беҳтар таоме нахӯрда, ки аз меҳнати худи ӯ бошад».
Зеро меҳнати ҳалолу холисона дар роҳи Худо ибодати маҳз аст, ки ҷавҳари ахлоқии онро парҳезгорӣ ва ихлос ба арзишҳои динӣ ташкил медиҳад.
Бояд зикр кард, ки чанд рӯз пештар гурӯҳи калони зоирини мо барои адои фаризаи ҳаҷ ба Маккаи мукаррама сафар карданд. Бо дарназардошти он, ки шумораи хоҳишмандони ҳаҷҷи акбар сол ба сол зиёд мегардад, мо қарор додем, ки меъёри барои Тоҷикистон муайяншударо мутаносибан ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат тақсим намоем.
Ба ҳамин тартиб, имсол беш аз 5 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар ба Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара сафар карда, дар ин рӯзҳо маросими ҳаҷро адо карда истодаанд.
Итминони комил дорам, ки онҳо баъди адои маросими ҳаҷҷи акбар бо дилу нияти пок ба Ватан баргашта, дар корҳои ободониву бунёдкории диёри худ, инчунин тарғиби одобу ахлоқи ҳамида ва рафтору кирдори шоиста, махсусан ҷавонон нақши арзанда мегузоранд.
Дар охир бори дигар, ҳамаи шуморо бо иди Қурбон сидқан табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар кадоматон ободиву осудагӣ, саодату сарбаландӣ ва файзу баракат орзумандам.
Идатон муборак бошад, ҳамватанони азиз!


 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520