Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири федеролии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Ҷумҳурии Федеролии Олмон Дирк Нибелро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Олмон баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва нақлиётию транзитӣ бо назардошти имконоти фарохи бозорҳои Афғонистону Покистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ зоҳир карда шуд.
Дирк Нибел таъкид дошт, ки Олмон ба дастгирии лоиҳаҳои зербиноии Тоҷикистон дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, ки ба рушди кулли минтақа нигаронда шудаанд, манфиатдор аст.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои иҷтимоию сиёсии Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон сурат гирифт.
Ба гуфти ӯ, Олмон ба Тоҷикистон дар пурзӯр намудани ҳифзи сарҳадаш бо Афғонистон, дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирӣ аз паҳншавии хатари терроризму ифротгароӣ кумаки худро ҳамоно идома медиҳад.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.