ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи муовини
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Мансурӣ Д.С.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Мансурӣ Дилрабо Сайдулло муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
29 январи соли 2024
№719
аз 29 январи соли 2024 дар мансаби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.
Соли таваллуд: 29 январи соли 1974 Ҷои таваллуд: шаҳри Хуҷанд
Миллат: тоҷик Маълумот: олӣ
Соли 1996 Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро хатм кардааст
Ихтисос: муҳандис-технолог
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ
Унвони илмӣ: доктори илмҳои техникӣ (2009) Узви вобастаи АМИТ (2017)
Вакили халқ ҳаст ё не: Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз
гардонида шудааст ё не: Ордени «Шараф дараҷаи 2», соли 2021
Мукофотҳои соҳавӣ: Аълочии маорифи Тоҷикистон, соли 2010
Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 2 фарзанд
Суроға: ш.Душанбе, кӯчаи Пушин 81, ҳуҷраи 6
Солҳои 1991-1996 |
Донишҷӯи Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ |
05-09 соли 1997 |
Лаборанти калони кафедраи «Ресандагӣ ва иқтисодиёти соҳа»-и Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ |
Солҳои 1997-2001 |
Ассистенти кафедраи «Технологияи матоъ, кешбофӣ ва маҳсулоти дӯзандагӣ»-и Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ |
Солҳои 2001-2005 |
Иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи «Технологияи матоъ, кешбофӣ ва маҳсулоти дӯзандагӣ»-и Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ |
Солҳои 2005-2008 |
Мудири кафедраи «Технологияи саноати бофандагӣ ва маҳсулоти дӯзандагӣ»-и Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ |
Солҳои 2008-2010 |
Дотсенти кафедраи «Технологияи саноати бофандагӣ ва маҳсулоти дӯзандагӣ»-и Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ |
Солҳои 2010-2014 |
Муовини директор оид ба илм ва инноватсияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ |
Солҳои 2014-2015 |
Директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ |
Солҳои 2015-2020 |
Вакили Маҷлиси намояндагон, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия (даъвати панҷум) |
Аз моҳи марти соли 2020 |
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати шашум) |