ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 29 январи соли 2024 №23
ш. Душанбе
Дар бораи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Файзиддинзода Б.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Файзиддинзода Бунафша раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ФАЙЗИДДИНЗОДА Бунафша
аз 29 январи соли 2024 дар мансаби раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад
Соли таваллуд 25 июли соли 1976 Ҷои таваллуд ноҳияи Данғара
Миллат тоҷик Таҳсилот олӣ
Соли 1999 Донишкадаи давлатии забонҳои Точикистонро (рӯзона), соли 2012 магистратураи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намудааст
Ихтисос омӯзгори фанни забони русӣ ва олмонӣ
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, олмонӣ
Вакили халқ ҳаст ё не нест
Бо мукофотхои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не
Солҳои 1999-2001-
|
омӯзгори мактаби миёнаи №95 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе |
Солҳои 2001-2006- |
мутахассиси дараҷаи I шуъбаи умумии дастгоҳи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе |
Солҳои 2006-2007- |
сармутахассиси шуъбаи сохтмон, нақлиёт ва алоқаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе |
Соли 2007( 04-09) |
мудири шуъбаи умумии дастгоҳи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе |
Солҳои 2007-2009- |
мутахассиси пешбари шуъбаи савдо, хизмати маишӣ ва рушди соҳибкории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе |
Солҳои 2009-2011- |
мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе |
Солҳои 2011-2012- |
таҳсил дар курси магистратураи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2012-2016 |
мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе |
Солҳои 2016-2017 |
Сармутахассиси Раёсати кор бо идоракунии маҳали Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2017-2021 |
Муовини Раиси ноҳияи Данғара |
11.2021 то 03.2022 |
иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Леваканти вилояти Хатлон |
аз марти соли 2022 |
Раиси шаҳри Леваканти вилояти Хатлон |