АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қосимӣ Заробиддин роҳбари Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
29 январи соли 2024
№АП-502
ҚОСИМӢ Заробиддин
Аз 29 январи соли 2024 дар мансаби роҳбари Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.
Соли таваллуд: 04.11.1967 Ҷои таваллуд: н.Данғара, в.Хатлон
Миллат:тоҷик Таҳсилот: олӣ
Соли 1991 Донишгоҳи милии Тоҷикистон хатм кардааст.
Ихтисос: забонҳои шарқ
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, арабӣ ва англисӣ
Вакили халқ хаст ё не: не
Бо мукофотҳои давлатӣ/соҳавӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: не
Рутбаи дипломатӣ: Фиристодаи Фавқулодда ва Мухтори дараҷаи II
Рутбаи тахассусӣ: Мушовири давлатии дараҷаи 3
Вазъи оилавӣ:оиладор, соҳиби 6 фарзанд
КОР ВА ФАЪОЛИЯТИ СОБИҚА
Солҳои 1990-1992 |
- |
омӯзгори забонҳои арабию форсӣ ва забону адабиёти тоҷик дар мактаби миёнаи №48-и н.Шоҳмансури ш.Душанбе; |
Солҳои 1992-1993 |
- |
ходими хурди илмии пажӯҳишгоҳи ҳуқуқ ва фалсафаи Шарқи Академияи илмҳои Тоҷикистон, ш.Душанбе; |
Солҳои 1993-1996 |
- |
нозир ва нозири калони Маркази матбуоти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе; |
Солҳои 1996-2005 |
- |
сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе; |
Солҳои 2005-2015 |
- |
машваратчии калон, Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муовини роҳбари Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе; |
Солҳои 2015-2016 |
- |
Директори АМИТ «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе; |
28.03.2016-31.08.2020 |
- |
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ; |
Аз 31.08.2020 |
- |
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср, ш. Қоҳира. |