Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба муносибати иди Қурбон

18.12.2007 08:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз мо дар ин толор ба муносибати фарорасии Иди мубораки Қурбон ҷамъ омадаем. Чунон ки шумо огоҳ ҳастед, ҷавҳари Иди Қурбон ин бо ҳам қаробат ҷустани инсонҳо ва ба Худованд наздик шудан аст.

Дини мубини ислом тамаддун ва фарҳанги ғановатмандест, ки бо арзишҳои олии ҷовидонаи худ дар давоми асрҳо дар ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии халқу миллатҳои гуногуни олам, аз ҷумла тоҷикон, нақши бағоят бузург бозидааст.

Фарҳанги бузурги исломӣ саршор аз ғояҳои эҳсону накӯкорӣ, ҳусни муошират бо аҳли хонадон, меҳру муҳаббат ба наздикону пайвандон, муомилаи нек бо ҳамсоягон, мурувват ба дӯстон, дилсӯзию ғамхорӣ ба беморону нотавонон, ёди хайр аз гузаштагон мебошад. Ислом адаб ва панду насиҳат аст. Аз ин рӯ, вазифаи муқаддаси мусулмонон аз он иборат аст, ки дар тарбияи ахлоқи ҳамидаи ҷомеа ҳамаҷониба саҳм гиранд.

Баровардани ҳоҷати ниёзмандон, ҳалли мушкилоти онҳо ва раҳоӣ бахшидан аз душвориҳо, берун кардан аз ғаму андӯҳ ва шоду хурсанд намудани бепарасторон аз ҷумлаи воҷибтарин амалҳост.

Дар ҳадиси набавӣ омадааст: "Беҳтарин садақа он аст, ки бар ниёзманд расонида шавад".

Ба наздикӣ ба роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо супориш дода шуд, ки дар арафаи Иди Қурбон ба маъюбон, хона-интернатҳо, кӯдакони бесаробон кӯмак расонида шавад. Бояд гуфт, ки ин кори хайр ба ҳукми анъана даромада истодааст.
Қуръони маҷид ва ҳадисҳои паёмбар ҳамчун сарчашмаи бузурги фарҳангию ахлоқӣ барои муттаҳид сохтан, ба корҳои нек ва ободию созандагӣ сафарбар намудани мардум дорои нерӯи азими гуманистӣ мебошанд.

Вазифаи муқаддаси ҳар як фарди мусулмон дар он аст, ки ҳамдигарро ба дӯстию рафоқат, ҳамдилӣ, роҳнамоӣ ба меҳнати ҳалол, созандагию ободкорӣ ва анҷом додани дигар амалҳои хайр ташвиқ намоянд.

Имсол мо қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро қабул намудем, ки он ба натиҷаҳои хуб овардааст. Вале мо аз натиҷаҳои амалӣ гардидани он пурра қаноатманд нестем.

Мутаассифона, ҳодисаҳои вайрон намудани қонун дар бобати гузаронидани маъракаҳо ба чашм мерасанд. Ҳоло ҳам баъзе одамон барои худнамоӣ маъракаҳои калон ороста, ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд.

Қисме аз мардум ба нодории худ нигоҳ накарда, алалхусус дар айёми иду маросимҳои динӣ ба тақлиди бемаънию исрофкорӣ роҳ медиҳанд, ки чунин муносибат дар ягон кишвари мусулмонӣ маъмул нест.

Аз ин рӯ, дар кори фаҳмондадиҳӣ ва мубориза бар зидди исрофкорӣ ва тақлиди бемаънӣ дар маъракагузаронӣ нақши худшиносии саҳеҳи динӣ бисёр калон аст.

Ҳамчунин мехоҳам боз як масъалаи муҳимро таъкид намоям. Ҳар сол ҳангоми наздикшавии идҳои Рамазону Қурбон болоравии нархи маводҳо, махсусан маводҳои ғизоӣ ба чашм мерасад. Гӯё ки тамоми тоҷирони мо дар масъалаи баланд бардоштани нарх бо ҳамдигар забон як карда бошанд.

Магар ин оини мусулмонист?! Ҳеҷ гоҳ. Қуръони карим ва ҳадисҳои паёмбар доимо мардумро ба хайру сахо, гирифтани дасти ятимону барҷомондагон ва мӯҳтоҷон даъват менамоянд.

Хайру сахо дар ислом воҷиб дониста мешавад. Тоҷирони мо бошанд, баръакси фармудаҳои дини мубини ислом амал намуда, ба мардум на сабукӣ, балки вазнинӣ меоранд, садақоту хайру сахоро ҳатто дар гӯшаи хаёлашон роҳ намедиҳанд.

Ҳар нафари мо бояд сари ин масъала андеша кунем ва ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки ба мардум сабукӣ овардан ҷавҳари ислом мебошад. Фармудаи паёмбар ин аст, ки мусулмони комил бояд аз ду амр ҳамонеро интихоб кунад, ки ба мардум сабукӣ меорад. Ва сабукӣ овардан фаризаи исломист.
Ҳамзамон бояд гуфт, ки дар мамлакати мо дар баробари мусулмонон пайравону эътиқодмандони дигар дину оинҳо ва мазҳабу равияҳои мухталиф низ зиндагӣ доранд.

Давлати Тоҷикистон мутобиқи Конститутсия принсипҳои гуногунандешию мадороҷӯӣ ва таҳаммулпазириро дар байни онҳо собитқадамона татбиқ намуда, озодии эътиқодро ба тамоми шаҳрвандон кафолат медиҳад.

Бо вуҷуди ин иқдомҳое ба мушоҳида мерасанд, ки ҳадафи онҳо муқобил гузоштани динҳо ва тамаддунҳо мебошад. Масалан, таблиғи ақидаҳои носолими динию мазҳабӣ дар байни аҳолӣ, хусусан паҳн намудани нашрияву адабиёти дорои мазмуни ифротӣ ба ҳеҷ ваҷҳ дуруст нест. Диндорон дар навбати худ набояд ба ночизтарин амале роҳ диҳанд, ки боиси озурдагии хотири ҳамдигар гардад.

Тамоми динҳои ҷаҳонӣ бар як асл асос ёфтаанд: "Он чиро, ки ба худ раво намебинӣ, ба дигарон низ раво мабин".

Риояи ин принсип дар замоне, ки баъзе доираҳои муайян ба ҷои ба роҳ мондани гуфтушуниди динҳо ва тамаддунҳо ба бархӯрди онҳо кӯшиш менамоянд, аҳамияти махсус пайдо мекунад.

Агар дар шароити кунунии рушди бемислу монанди илм, техника, хатари ҷанги ядроӣ ва дар айни замон шиддат ёфтани бӯҳрони маънавии ҷомеаи башарӣ дар байни халқҳои олам ҳамин принсип фарогир набошад, фоҷеаи инсоният ногузир аст.

Агар дар кишварҳои мутараққии ҷаҳон технологияҳои навтарин татбиқ гардаду маънавиёт рӯ ба таназзул орад, пас ин ба чӣ меанҷомад, тасаввур кардан мушкил аст.

Таърих борҳо собит намудааст, ки бо зӯри силоҳ, фишор, поймол кардани ҳуқуқу озодиҳои дигарон таъмин намудани ҳамдигарфаҳмӣ, робита ва ҳамкорӣ, субот ва тавозун дар сайёра имконнопазир аст. Дар ин маврид динҳои ҷаҳонӣ метавонанд ҳамчун сарчашмаи ахлоқи пок ва ҳамида, ҳамчун таблиғгари ғояҳои гуманистӣ, ҳамзистии осоиштаи халқҳо, тарбиятгари ҳисси масъулият барои сарнавишти наслҳои оянда саҳми беназир гузоранд.

Дини мубини ислом ба мо таълим медиҳад, ки инсонҳо бояд дар заминаи бародарӣ баробарии иҷтимоӣ ва ахлоқиро ҳадафи аслии худ қарор диҳанд. Зеро бародарӣ далели аз як сиришту як хамира будани ҳамаи инсонҳост, яъне ҳамаи инсонҳо сарфи назар аз ранги пӯст ва нажод аз як сарчашма об мехӯранд, фарзандони як падару модар - Ҳазрати Одам ва Момоҳаввоянд.

Файласуф ва нависандаи асри XIX-и франсавӣ Жозеф де Гобино пас аз омӯзиши динҳои чаҳон ба чунин хулосаи ҷолиб омадааст: "Агар мазҳабҳои диниро аз зарурати сиёсӣ ҷудо кунем, пас дине ба мисли ислом таҳаммулпазир ва орӣ аз таассуб нест".

Воқеан, чунин ҳам ҳаст. Ҷаҳони ислом ба Шарқу Ғарб тақсим намешавад. Қуръони карим ба ҳамаи пайёмбарон баробар эҳтиром мегузорад. Ҳазрати Расули Акрам аз пайравони динҳои дигар, аз ҷумла яҳудиён ва насрониён, даъват ба амал оварда буд, ки онҳо низ чунин муносибатро пеша кунанд.

Аз ин рӯ, Иди Қурбон дар худ арзишҳоеро таҷассум менамояд, ки онҳо ифодакунандаи фарҳанги инсондӯстиву инсонпарварӣ буда, барои ҷалби таваҷҷӯҳи ҳар фарди доро ба вазъи зиндагии эҳтиёҷмандон, кӯмаку дастгирии онҳо ва дароз кардани дасти муҳаббату бародарӣ заминаи ҳаётӣ мебошанд.

Аз ин ҷиҳат бори дигар таъкид менамоям, ки иҷрои вазифаҳои дар ҷаласаи мазкур муайянгардида ва риояи Қонун "Дар бораи танзими расму оинҳо ва анъанаву маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" барои ҳар фарди ҷомеа ҳатмист.

Дар ин маврид мехоҳам таваҷҷӯҳи шуморо ба ҷанбаи иҷтимоӣ-ахлоқии маросими ҳаҷ ҷалб намоям.

Шариати исломӣ барои ҳоҷиён ду шарти асосӣ - якум тандурусту оқил будан ва дуюм қудрат ба тавоноиро гузоштааст. Вале, мутаассифона, баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон шарти "қудрат ба тавоноӣ"-ро нодуруст маънидод намуда, бе зарурат ва шартҳои ибодат, якчанд маротиба азми сафари ҳаҷ мекунанд.

Умуман, тибқи ақидаи исломӣ, ибодат танҳо аз намозу рӯза, дуову дуруд ва ҳаҷ иборат нест. Зиндагии шарафмандона, яъне сарбории дигарон набудан, аз ҳисоби садақаи дигарон умр ба сар набурдан, барои таъмини зиндагии худ ва хонаводаи хеш ба касбу кори муфиде машғул шудан ибодати ҳақиқӣ аст.

Талаби касби маош, агар бо нияту азми дуруст ва бо роҳи ҳалол анҷом пазирад, яке аз бузургтарин ибодатҳо ба ҳисоб меравад. Ҳар гоҳ касе дар ҳузури Расули акрам мавриди мадҳу сано қарор мегирифт, мепурсиданд, ки оё ӯ ба касбу коре ҳам машғул аст ё не?

Агар мегуфтанд, ки касбу коре надорад, мефармуданд: "Аз чашми ман афтод, зеро касе, ки касбу кор ва даромаде надошта бошад, бо фурӯхтани динаш зиндагиро мегузаронад".

Бинобар ин шахсоне, ки маротибаи дуюм ва сеюм ба ҳаҷ рафтан мехоҳанд, метавонанд аз рӯи аҳкому фармудаҳои шариат амал карда, маблағи хароҷоти онро барои зиндагии шоистаи хонаводаи худ, таҳсили фарзандону наберагон, ободии диёр, бунёди корхонаву мактабҳо, ҳаммому марказҳои саломатӣ, роҳу пулҳо, инчунин барои кӯмаку дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону беморон ва оилаҳои камбизоат сарф намоянд.
Чунон ки шумо медонед, дар машварат доир ба танзими расму оинҳо ба Ҳукумат ва Академияи илмҳои мамлакат супориш дода будам, ки таҳия ва нашри илмӣ, аз ҷумла боназардошти хусусиятҳои мазҳаби мо, яъне Ҳанафия, тарҷумаи Қуръони маҷидро таъмин намуда, як қисми он ҳамчун тӯҳфаи Президенти Тоҷикистон ба мардум ҳадя карда шавад.

Ин амали хайр ба анҷом расид ва рӯзҳои наздик он дастраси мардум мегардад.

Зарурати ин амр пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки мардуми мамлакат аз маъниҳои олии ин китоб бохабар шаванд, донишҳои динии худро такмил диҳанд, ҳақиқатро аз хурофот ҷудо созанд ва муҳимтар аз ҳама, тибқи дастуру нишондодҳои каломи Худованд амал намоянд.

Илова бар ин бо дастури Президенти Тоҷикистон яке аз тафсирҳои мӯътабари Қуръони маҷид - "Тарҷумаи тафсири Табарӣ" низ аз чоп баромад, ки мардум метавонанд аз он ба таври васеъ истифода баранд.

Вобаста ба ин гуфтаҳо мехоҳам дар ин рӯзи саид изҳори уммедворӣ намоям, ки мардуми Тоҷикистон бо пайравӣ аз арзишҳои олии динӣ ва миллӣ дар баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва рушди иҷтимоии кишвар саҳм гирифта, рӯ ба илму маърифат, донишандӯзӣ ва касбомӯзӣ меоранд, бо комёбиҳои тоза ва кашфиётҳои ҷолиб илму фарҳанги моро машҳур месозанд ва дар ободонию пешрафти мамлакат хизмати арзанда мекунанд.

То ҷое, ки мо соҳибилму соҳибфарҳанг бошем, ба ҳамон дараҷа ҳамқадами ҷаҳони муосир хоҳем гардид.

Бори дигар фарорасии иди мубораки Қурбонро ба шумо, азизон, муборакбод гуфта, бароятон хонаи обод, чеҳраи пурнуру сари баланд, ризқу рӯзии фаровон, тандурустӣ, фарохдастӣ, имони комилу илми боамал орзумандам.

Ид муборак, дӯстони азиз!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2016
Тел/Факс.: (+992 37)2212520