Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи
раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон
таъин намудани Муминзод А.М.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Муминзод Абдулмаҷид Мубин иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№738

 

 

МУМИНЗОД  Абдулмаҷид Мубин

аз 24 июли соли 2019 дар вазифаи  Сардори хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   кор мекард.

Соли таваллуд 07 майи соли 1979              Ҷои таваллуд ноҳияи Вахш

Миллат тоҷик                                               Маълумот  олӣ

соли 2001 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистонро хатм кардааст

Донишҷӯи соли охири Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Ихтисос иқтисодчӣ менеҷер

Унвони илмӣ надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад   русӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не   не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не  не

Вазъи оилавӣ оиладор

 

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 2001-2003

Муҳосиби корхонаи масъулияташ маҳдуди «Султони Кабир»

Солҳои 2003-2006

Мутахассиси пешбар, сармутахассиси Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2007-2011

Сардори шуъбаи дастгирии соҳибкории Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2011-2014

Сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2014-2016

Сардори шуъбаи ташкили назорати арзӣ, арзиши гумрукӣ ва имтиёзҳои тарифии Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Солҳои 2016-2019

Муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  

 

аз июли соли 2019 
то
30 январи соли 2024

Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520