Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими ба истифода додани бинои дуюми хона-интернати кӯдакони «Чорбоғ»

17.04.2008 13:00, ноҳияи Варзоб

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди истифода қарор додани бинои дуввуми хона интернати «Чорбоғ» барои кӯдакони нуқсони ҷисмонию ақлонӣ дошта, иштирок кард.

Бояд гуфт, ки фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ва инкишофи озод барои ҳар як инсон яке аз омилҳои арзи вуҷуд доштани давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои нахусти ба даст овардани истиқлолият давлати иҷтимоӣ эьлон гардида Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масьалаи беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ, дастгирии кӯдакони ятиму бепарастор ва маьюбону пиронсолони бесаробон таваҷҷӯҳи доимию зарурӣ зоҳир менамояд. Бунёд ва мавриди истифода қарор додани мактабу хона парваришгоҳҳо ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ барои табақаи эҳтиёҷманд низ аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки маҳз аз характери иҷтимоӣ доштани сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳанд.

Дар даромадгоҳи хона интернати «Чорбоғ» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро кудакону наврасон - сокинони деҳоти Варзоб дар фазои фараҳмандию саммимияти беандоза истиқбол гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди мардуми ҷамьомада сӯханронӣ карда, изҳор дошт, ки воқеан, ғамхорӣ дар ҳаққи кӯдакони ятиму бепарастор ва маъюб, бахусус фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагӣ ва тарбияи онҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи давлат ва Ҳукумат қарор дорад.

Дар охири суханронии худ Сарвари давлат тавваҷҷӯҳи масьулони ҳукумат, вазорату идораҳо мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳру ноҳияҳои мамалакат, соҳибкорон ва шахсони саховатмандро бори дигар ба дастгирию кӯмаки беғаразони табақаи эҳтиёҷманди ҷумҳурӣ ҷалб намуда, изҳори умеду боварии намуд, ки чунин корҳои хайр дар ҳамагуна шароит идома дода мешаванд.

Ҳамзамон дар чорабинӣ Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон сӯханронӣ карда ба Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириии ҳамешагӣ ва шахсан иштирок карданашон дар чорабинии кӯдакони маьюбу нотавон арзу сипос миннатдорӣ намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ки худ шахсан дар маросими ба истифодадиҳии бинои аввали хона интернати Чорбоғ дар соли 2006 - ум иштирок карда буд бо буридани лентаи рамзӣ ба фаьолияти бинои дуввуми ин муассисаи иҷтимоӣ, оғози расмӣ бахшид. Таъкид кардан ба маврид аст, ки бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои аввали хона - парваришгоҳи кӯдакони дорои нуқсони ҷисмонию ақлонии «Чорбоғ» баьди таъмиру барқарорсозӣ дар соли 2006- ум бо тамоми шароит барои сад нафар кӯдаки маъюб омода гардида буд ва имрӯз бошад, айнан бо чунин шароити зарурӣ бинои дувуми хона парваришгоҳ дар ҳамкори бо ҷониби Туркия таьмиру муҷаҳҳаз гардида, барои боз сад нафар кӯдаки эҳтиёҷманд дари хешро боз кард. Ҳоло бошад лоиҳаи маблағгузорӣ ва таьмиру барқарорсозии ду бинои дигари хона парваришгоҳ омода гардида, дар наздиктарин мӯҳлат мавриди иҷро қарор дода мешавад.

Дар сурати ба фаьолият шурӯъ кардани ҳамаи чор бинои муассиса дар онҳо имкони ҷой кардани зиёда аз 400 кӯдаки эҳтиёҷманд фароҳам оварда мешавад.

Бинои дуввуми мактаб – интернат мувофиқ ба талабот ва бо фарогирии шароити сатҳи баланди таьлиму зист бунёд гардида, бошандагони он имкон доранд, ки аз толори барҳавои хоб, бозиҳою истироҳат, ҳуҷраҳои табобатии муҷҷаҳаз бо технологияи муосир ба таври васеь истифода баранд. Лозим ба ёдоварист, ки дар арафаи мавриди истифода қарор додани бинои дуввуми хона парваришгоҳи «Чорбоғ» аз ҳисоби Фонди захиравии Сарвари Давлат ба маблағи 14,400 сомонӣ сарулибос ва ҳар гуна тӯҳфаҳо барои 200 нафар бошандаи муассисаи мазкур харидорӣ гардида, ба онҳо супорида шуд.

Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити дохили бино, синфхонаҳо, толори бозиҳо ва истироҳат, ҳуҷраҳои табобатӣ ва утоқҳои махсуси хона парваришгоҳ аз наздик шинос шуда, бо кӯдакони нуқсони ақлонию ҷисмонӣ дошта, ки ба навозишу ғамхорӣ ниёзманданд , сӯҳбати ҷолиби хотирмон анҷом дод.

Бояд таькид кард, ки айни замон дар мамлакат 87 муассисаи иҷтимоӣ барои кӯдакон ва 11 адади дигар барои калонсолон фаьолият доранд, ки кӯдакони маьюбу бепарастор ва аз имконияти ҷисмонию ақлонӣ маҳрум мувофиқ ба талабот ва эҳтиёҷи марбут ба гурӯҳҳо мутобиқи нақшаю барномаҳои махсус ба таьлиму тарбия ва ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.

Дар маҳалли чорабинӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо собиқадорони ҷангу меҳнат сокинони деҳоти Варзоб аз наздик сӯҳбатҳои самимӣ анҷом дода онҳоро ба равнақу ривоҷи корҳои ободонию бунёдкорӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва сабзу хуррам гардонидани маҳалли зисти хеш ҳидоят кард.

Умуман ниятҳои роҳбарияти давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи дастгирию кӯмаки табақаи эҳтиёҷманд неку ояндадор аст. Тибқи нақша биноҳои сеюму чоруми хона интернати “Чорбоғ» якҷоя бо иншооти гармидиҳӣ ва дигар биноҳои ёрирасон бо ҷалби 8,5 миллион сомонӣ ба охир расонида шуда, он ояндаи наздик ба Маркази умумиҷумҳуриявии кӯдакони дорои имконияти маҳдуд табдил хоҳад ёфт. Аз ҳамаи ин тадбирҳо бори дигар бармеояд, ки Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон ба аҳди худ, ки гуфта буданд ҳаргиз кӯдакони ятиму бепарастор, маьюбону пирони бесаробонро дар танҳои ва хору зор шудан намемонам, устувору содиқ мебошанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520