Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Данғараи
вилояти Хатлон таъин намудани Саломзода С.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Саломзода Сиҷоуддин иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№742

 

 

 

САЛОМЗОДА Сиҷоуддин            

 

Аз 11 январи соли 2023 дар вазифаи Муовини Раиси шаҳри Душанбе кор мекард.

Соли таваллуд   2 июни соли 1965              Ҷои таваллуд ноҳияи Данғара              

Миллат   тоҷик                                             Маълумот       олӣ

соли 1989  Донишкадаи политехникии Тошкентро хатм кардааст

Ихтисос     муҳандиси кӯҳӣ, геофизик       

Рутбаи  тахассусӣ мушовири давлатии ҶТ   

Кадом забонҳои хориҷиро медонад   русӣ, ӯзбекӣ 

Вакили халқ ҳаст ё не   нест 

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не  соли 2009 Ордени «Шараф дараҷаи 2»

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1981-1982

Коргари совхози «ХII партсъезд», ноҳияи Данғара 

Солҳои 1982-1983

Донишҷӯи Донишкадаи политехникии Тошкент

Солҳои 1983-1985

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИРСС

Солҳои 1986-1989

Давоми таҳсил дар Донишкадаи политехникии Тошкент

Солҳои 1989-1994

Геофизик-оператор, сардори отряди сейсмологӣ, муҳандис-геофизики Экспедитсияи ҷанубӣ, шаҳри Орҷоникидзеобод

Солҳои 1994-1995

Сардори минтақаи сохтмонии Иттиҳодияи истеҳсолии «Наврӯз», шаҳри Кулоб

Солҳои 1995-2003

Таъминотчӣ, сардори сехи электрикии конструксияи оҳану бетонии № 8, муовини директори генералии Ширкати «Саддам», шаҳри Сарбанд

Солҳои 2003-2004

Нозири кӯҳӣ-техникии Госгортехнадзори Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2004-2006

Муовини сармуҳандис, сармуҳандиси мудирияти сохтмони НОБ-и Роғун, шаҳри Роғун

Солҳои 2006-2011

Муовини аввали Сардори Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2011-2013

Котиби Шӯрои нозирони ҶСК «Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун»»

Солҳои 2013-2015

Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли 2015-2018

Раиси шаҳри Турсунзода

Солҳои 2018-2020

Раиси шаҳри Исфара

01-03 соли 2020

И.в. Раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон

Солҳои 2020-2023

Раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон

аз январи  соли 2023
то
30 январи соли 2024

Муовини раиси шаҳри Душанбе

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520