Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи
раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон
таъин намудани Набизода Ф.А.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Набизода Фаррухиддин Амрудин иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№745

 

Набизода Фаррухиддин Амурдин                                                                                       

аз 10 апрели соли 2023 дар вазифаи сардори Муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзии Вазорати кишоварзии Ҷумхурии Тоҷикистон кор мекунад.

 Соли таваллуд  4 апрели соли 1975      Ҷои таваллуд н. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

  Миллат            тоҷик                                   Таҳсилот           олӣ

    соли 1994 Техникуми кооперативи шаҳри Душанбе,

    соли 2006 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро  хатм кардааст

Ихтисос      агрономӣ, олим - агроном

Унвони илмӣ   надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад    русӣ, англисӣ бо луғат           

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не           не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не   бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2022, №417 бо «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.

 Вазъи оилавӣ   оиладор

 Кор ва фаъолияти собиқа:

 

Солҳои 2002-2003

-

ёрдамчии ҷангалбони хоҷагии ҷангали ноҳияи Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ

Солҳои 2006-2009

-

агрономи соҳавии Раёсати хоҷагии ба номи Карл Маркси ноҳияи Ҳисор

Солҳои 2009-2012

-

мутахассиси пешбари шӯъбаи зироатҳои техникӣ ва ғаллаи Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2012-2014

-

мутахасиси пешбари Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз 23.01.2014  

то 03.03.2014

-

 сармутахассиси Раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2014-2018

-

сармутахассиси Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2018-2019-  

-

муовини сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2019-2023

-

сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз 10.04.2023
то 30 январи соли 2024

 

сардори Муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзии Вазорати кишоварзии Ҷумхурии Тоҷикистон

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520