Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОРИ
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


аз 15 апрели 2008 с ш. Душанбе № 186

Дар бораи тасдиқ намудани Оиннома ва сохтори идоракунии
Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун»

Мутобиқи моддаи 53 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Оиннома ва сохтори идоракунии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» тасдиқ карда шавад.
2. Сармояи оинномавии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» дар ҳаҷми 116000000 (як саду шонздаҳ миллион) сомонӣ муайян карда шавад.
3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» дар мӯҳлати се моҳ ҳаҷми корҳои иҷрошударо бо дарназардошти арзиши мошину механизмҳо ва таҷҳизоти дар «Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» мавҷудбуда муайян намуда, барои тасдиқ ва илова намудан ба сармояи оинномавии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур доранд.
4. Бақайдгирии давлатии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.



Раиси
Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520