Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба муносибати иди Қурбон

10.01.2006 08:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи Шуморо ба муносибати фаро расидани иди мубораки Қурбон табрик намуда, бароятон тандурустиву сарбаландӣ, файзу баракат ва рӯзгори нек орзумандам.

Иди Қурбон ба рукни панҷуми дини ислом вобаста буда, дар арафаи ҳаҷҷи акбар сурат мегирад. Мафҳуми аслии он "наздикӣ ҷустан ба Худованд ва шинохти зоти Ӯ" буда, инчунин ростиву ҳақиқат, садоқату вафодорӣ ва покиву озодагиро ифода менамояд.

Бинобар ин, ҳар шахси мӯъмину мусулмон дар зиндагияш мехоҳад, ки хонаи дини худро бо аъмоли накӯву хайр иморат созад.

Дар ин айёми муборак беҳтарин амали неку савоб дили касеро ба даст овардан ва нисбат ба бечорагону мӯҳтоҷон, ятимону бепарасторон, мӯсафедону барҷомондагон хайру саховат кардан аст. Зеро ғояи асосии дини мубини ислом эҳтиром кардани инсонҳо ва одамият мебошад.

Чуноне ки "Аз расули акрам суол шуда, ки кадом садақа афзал ва беҳтар аст? Фармуданд, онки садақа бидиҳӣ дар ҳоле, ки азми собит дошта бошӣ бар садақа додан ва хостори бениёзии мардум бошӣ".

Умед дорем, ки шахсони ҳимматбаланду саховатпеша ва намояндагони масъули корхонаву идораҳои давлатӣ ва шахсӣ дар роҳу ризои ҳақ барои анҷом додани ин вазифаи инсонӣ ва қарзи шаҳрвандияшон кӯшиш менамоянд. Ин амали хайр ба таври доимӣ сурат гирифта, бояд мактаби одамиятро тавсеа бахшад.

Андар одати мардум рафтааст, ки гӯянд ҳар ки худро шинохт Худоро бишиносад, тавҳид ва ягонагии зоти ӯро маърифат намояд ва ба арзишҳои худшиносӣ ва худогоҳӣ бирасад.

Чанде пештар ин матлабро дар иҷлосияи Созмони Конфронси Исломии дар Маккаи мукаррама баргузор гардида, таъкид намуда будам, ки ҳамкориҳои судманди бисёрҷонибаи кишварҳои исломӣ вобаста ба талаботи замон ва дигаргуниҳои ҷаҳони муосир густариш ёбанд. Ин пешниҳод аз ҷониби роҳбарони кишварҳои исломӣ хеле хуш пазируфта шуд.

Воқеан, дар ин робита ҳамкориҳои самарабахши иқтисодӣ амалӣ гарданд, сармоягузорӣ бештар шавад, имкониятҳои фарохе барои пешрафти иқтисодӣ фароҳам меояд.

Масалан, бунёди ҳамагӣ чанд нерӯгоҳи барқи обӣ дар Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузургтарин ва арзонтарини гидроэнегетикӣ мебошад, бо сармоягузории нисбатан кам имкон медиҳад, ки эҳтиёҷоти кишварҳои мусулмонии Осиёи Миёна, Покистон, Афғонистон ва қисман Эрон ба нерӯи арзони барқ комилан қонеъ гардад.

Ҳамдиёрони азиз!

Ба қарибӣ бо даъвати шахсии шоҳи Арабистони Саудӣ Роҳбари давлат ба зиёрати дохили Хонаи Худо муяссар гардид. Албатта, ин амр барои мардуми шарифи Тоҷикистон хушбахтӣ ва бахти баланд ба шумор меравад.

Масалан, дар китоби "Тарҷумаи тафсири Табарӣ" дар мавриди бино намудани Каъба чунин омадаст: "Пас Худой бифармуд, то хонае аз биҳишти адн биёварданд аз як дона ёқути сурх ва бад-ин ҷаҳон андар он ҷойгоҳ, ки имрӯз Каъба аст, биниҳоданд. Ва ин санг, ки имрӯз "ҳаҷар-ул-асвад" мехонданд, санге буд, ки ҳам аз биҳишт биёварда буданд ва аз оҷ сапедтар буд. Ва аз бисёрӣ … даст бар он молиданд … сиёҳ гашт".

Ин ҷойгоҳи муқаддасро зиёрат кардан ва даруни онро дидан шарафи бузурги халқи тоҷик мебошад. Фазилати беҳтарини зиёрати Каъба он аст, ки бандагонаш аз даргоҳи Худованди муттаол ҳамаи нияту мақсадҳои худро талаб мекунанд.

Ман дар навбати худ бо истифода аз ин фурсати муносиб аз худованди муттаол ба тамоми мардуми Тоҷикистон комёбиҳо ва дастовардҳо орзу намудам.

Зикр кардан ба маврид аст, ки бо истифода аз имкониятҳои муҳайё- намудаи Ҳукумати Тоҷикистон дар ин рӯзҳо зиёда аз 3 ҳазору 500 нафар шаҳрвандони кишвар ба Мадинаи мунаввара ва Маккаи мукаррама сафар намуда, яке аз рукнҳои дини мубини ислом, яъне ҳаҷро ба ҷо оварда истодаанд.

Умедворем, ки онҳо баъди адои маносики ҳаҷҷи акбар бо дилу нияти пок ба кишвар баргашта, дар тарғибу ташвиқи корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ободии Тоҷикистони азиз, инчунин дар баланд бардоштани одобу ахлоқ ва рафтору кирдори ҳамида нақши арзанда мегузоранд.

Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамаи шуморо, ҳамватанони азиз, бо иди шарифи Қурбон табрику муборакбод намуда, ба хонадони ҳар кадоматон хушбахтӣ, фаровонӣ ва файзу баракат хоҳонам.

Ид муборак, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520