Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамьӣ Николай Бордюжа

15.04.2008 19:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамьӣ Николай Бордюжаро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омадааст ба ҳузур пазируфт.

Бо натиҷагирӣ аз муносибатҳои рушдёбанда ва дурнамои самарабахш доштани ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамьӣ ва давлатҳои узви созмони мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон ба баланд бардоштани фаъолнокии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамьӣ ва таьсирбахшии он ба масоили амнияти минтақа ва ҷаҳон тавваҷӯҳи заррурӣ зоҳир карда мешавад.

Мусоҳибон оид ба масоили баргузории ҷаласаҳои қарибулвуқӯъи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамьӣ ва Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзия табодули назар карда, пӯрзур намудан ва тақвият бахшидани муборизаи муштаракро бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир аз қабили терроризму эктремизм омили муҳими баланд бардоштани мақому мартабаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамьӣ дар минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ намуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин вазъи кунунии Афғонистон ва минтақа, пурзӯр намудани мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин масъалаҳои дигари мавриди таваҷчӯҳи тарафайн баррасӣ карда шуд

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520