Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳисоботи телефонии раисони ноҳияҳои Данғараю Шаҳринав ва раиси шаҳри Турсунзода

11.04.2008 17:00

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисони ноҳияҳои Данғараю Шаҳринав Маҳмадулло Сайдалиев ва Раҳматуллои Пулод ва раиси шаҳри Турсунзода Баракатулло Атохоҷа оид ба натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи якуми соли равон тавассути телефон ҳисобот доданд.

Таваҷҷӯҳи махсус ба вусъат додани киштукори баҳорӣ, ба роҳ мондани кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ, рушди боғутокпарварӣ, сабзавоткорӣ, чорводорӣ ва парандапарварӣ зоҳир гардид.

Дар ҳисоботи раиси ноҳияи Данғара зикр гардид, ки то имрӯз дар майдони 35-37 ҳазор гектар ғалладона кошта ва дар 500 гектар замин боғҳои нав бунёд ёфтаанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ноҳияи Данғара ба ҳайси ноҳияи калонтарини ғаллакори кишвар дар таъмини бозори дохилӣ бо орду гандум ва дигар навъҳои ғалладона масъулияти хоса дорад.

Роҳбарони шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав вазифадор гаштанд, ки доир ба таъминоти бозорҳои пойтахти кишвар бо маҳсулоти кишоварзӣ, пеш аз ҳама гӯшту шир, тухм ва меваю сабзавот пайваста чораандешӣ кунанд.

Ба раисони шаҳру ноҳияҳои мазкур ҳамчунин супориш дода шуд, ки оид ба иҷрои саривақтӣ ва босифати муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзои Ҳукумат ва мардуми кишвар оид ба таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ ба роҳ монанд.

Таваҷҷӯҳи зиёд ҳамчунин ба иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рафти сафарҳояш ба шаҳру ноҳияҳои мазкур оид ба корҳои ободонию созандагӣ дода шуда буданд, зоҳир гашт. Таъкид гардид, ки то 27 июни соли равон дар шаҳри Турсунзода 8-9 иншооти нав, аз ҷумла як литсей, 4 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, як бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва варзишгоҳи марказии шаҳр бояд мавриди истифода қарор бигиранд. Сохтмони як варзишгоҳ ҳамчунин дар ноҳияи Шаҳринав ва як қатор иншооти дигар дар ноҳияи Данғара идома дорад, ки ҷараёни он таҳти назорати пайвастаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳарсеи онҳо ҳамчунин оид ба кабудизоркунии муҳити зист ва аз ҳозир оғоз намудани омодагӣ ба зимистони оянда, аз ҷумла баҳри захираи фаровони ангишту гази моеъ ва кушодани нуқтаҳои фурӯши онҳо дар тамоми маҳалҳои калони аҳолинишин дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520