Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса Бернар Кушнер

11.04.2008 14:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса Бернар Кушнерро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сӯҳбат изҳор дошт: - «Фаронса шарики асосии Тоҷикистон дар Аврупо аст ва мо ба рушди пайвастаи ҳамкориҳо бо он манфиатдорем».

Бернар Кушнер омӯзиши таҷрибаи зиддитеррористии кишвари моро барои Фаронса бисёр муҳим маънидод карда, ба нақши Тоҷикистон ва саҳми бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими амнияту суботи минтақавӣ ва кӯмаку дастгирии нерӯҳои посдори сулҳ дар Афғонистон баҳои баланд дод.

Баррасии масоили омодагӣ ба ду конфронси муҳимми байналмилалӣ, ки имсол дар шаҳри Париж баргузор мегарданд, аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд. Конфронси аввал оид ба Афғонистон моҳи июн ва дуюмаш моҳи сентябр доир ба ҳамкории байни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷараён хоҳанд гирифт.

Бернар Кушнер Тоҷикистонро шарики стратегии кишвари худ дар Осиёи Марказӣ номида, изҳор дошт, ки Фаронса омода аст ба кишвари мо дар беҳтар намудани фазои инвеститсионӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба он мусоидати фаъол дошта бошад. Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки Фаронса минбаъд тасмим дорад ғайр аз таҷдиди фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе ҳамчунин дар татбиқи дигар лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон фаъолона иштирок намояд.

Зимни сӯҳбат дар бораи тавсиаи ҳамкориҳои барои ҳарду ҷониб судманд дар соҳаҳои сиёсат, мудофиа, энергетика, нақлиёту коммуникатсия ва дигар самтҳои афзалиятнок гуфтугӯи судбахш сурат гирифт.

Ҷонибҳо тасмимоти сохторҳои дахлдори ду кишварро оид ба фаъол гардондани шӯрои соҳибкорон ва комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ воситаи хуби рушди муносибатҳои дуҷониба маънидод карда, ҳамчунин аз заминаи мавҷудаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноатмандӣ намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520