Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳисоботи телефонии Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода оид ба натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2008

07.04.2008 15:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи телефонии Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзодаро оид ба натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2008 шунида, ба ӯ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва ривоҷ додани корҳои зарурӣ дастуру ҳидоятҳо дод.

Таваҷҷӯҳи асосӣ ба киштукори баҳорӣ, аз ҷумла кишти пахта зоҳир гардид. Ба андешаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сарфи назар аз он, ки имрӯз майдонҳои киштшуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15-16 фоиз бештар аст, вале тамоми имконоти мавҷуда ҳоло хуб истифода нашудаанд. Таъкид гардид, ки суръат ва сифати киштукор бояд боз ҳам баланд бардошта шавад.

Таваҷҷӯҳи махсус ҳамчунин ба рафти иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар вақти сафари кориаш ба вилояти Суғд дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи имсола ба роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дода буд, зоҳир гашт, аз ҷумла баҳри афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва фаровон гардондани бозори истеъмолӣ бо маводи ватании озуқаворӣ.

Татбиқи саривақтӣ ва босифати Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 5 марти соли равон, ки ба таъмини иҷрои Муроҷиатномаи Сарвари давлат ба аъзои Ҳукумат ва мардуми кишвар равона гаштааст, аз вазифаҳои аввалиндараҷа маънидод карда шуд. Таъкид гардид, ки аз ҳар ваҷаб замини корам бояд пурсамар истифода бурда шавад, аз ҷумла баҳри кишти такрории ҷуворимакка, офтобпараст, мош, сабзавот, полезӣ ва картошка дар заминҳои обӣ. «Ҷиҳати таъмини хоҷагиҳо бо тухмиҳои хушсифат баҳри кишти асосӣ ва такрорӣ, об барои обёрӣ ва нерӯи барқ бояд чораҳои саривақтӣ андешида шаванд», - таъкид намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Раиси вилояти Суғд вазифадор гашт, ки бо истифода аз фаровонии нерӯи барқ дар мавсими гармӣ кори корхонаҳои саноатиро дар се баст-тариқи шабурӯзӣ ба роҳ монад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дастур дод, ки дар арафаи рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат ғамхории арзанда зоҳир карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ҷиҳати саривақт баровардани эҳтиёҷоти онҳо дастуру ҳидоятҳо дод.

Дар мавриди омодагӣ ба зимистони оянда таъкид гардид, ки баҳри захира намудани ангишт, гази моеъ, кушодани нуқтаҳои фурӯши онҳо дар тамоми маҳаллаи калони аҳолинишин ва таъмини фаровонии озуқаворӣ дар бозори истеъмолӣ чораҳои зарурӣ аз ҳозир бояд андешида шаванд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520