Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳисоботи телефонии раисони ноҳияҳои Ҷалолиддини Румӣ, Ҷиликӯл, Қубодиён, Носири Хусрав, Шаҳритус, Вахш ва Бохтар

04.04.2008 13:00

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавассути телефон раисони ноҳияҳои Ҷалолиддини Румӣ – Ҳабибулло Саъдуллоев, Ҷиликӯл – Эшбӯрӣ Эсанқулов, Қубодиён – Маҳмадраҳим Исмоилов, Носири Хусрав – Ҳаким Каримов, Шаҳритус - Холмурод Раҳмонов, Вахш - Аловиддин Сатторов ва Бохтар – Абдулмумин Улфатов оид ба натиҷаҳои фаъолияташон дар семоҳаи аввали соли равон ҳисобот доданд.

Таваҷҷӯҳи махсус ба вусъат додани киштукори баҳорӣ, хусусан кишти саривақтӣ ва босифати пахта зоҳир гашт. Зикр гардид, ки ба роҳ мондани тарзи нави маблағгузории бахши пахтакорӣ боиси дилгармии мардум шудааст. Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо татбиқи босамари ин сиёсат ва ҳамчунин истифодаи тухмии хушсифат, нуриҳои минералӣ ва ҳавасмандкунии деҳқонон пахтакорӣ дубора ба бахши сердаромади соҳаи кишоварзӣ мубаддал мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо ҳамчунин баҳри мубориза бо малах ва дигар ҳашароти зараррасон, истифодаи пурсамар аз ҳамаи заминҳои обӣ, ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва ривоҷ додани сабзавоткорӣ, барқарорсозии боғҳои кӯҳна ва бунёди боғоти нав ва вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ дастуру ҳидоятҳо дод. Таъкид гардид, ки ноҳияҳои минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Хатлон метавонанд ва вазифадоранд, ки дар фаровон гардондани бозори истеъмолии кишвар бо маводи худии хӯрокворӣ пешсаф буда, дар татбиқи амалии нишондодҳои муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоранд.

Таваҷҷӯҳи зиёд ҳамчунин ба қонеъ гардондани эҳтиёҷоти муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ зоҳир гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раисони ноҳияҳои мазкур баҳри таъмиру тармими мактабу беморхонаҳо, сохтмони мактаб ва бунгоҳҳои нави тиббӣ, аз хонаҳои шахсӣ бароварда, дар биноҳои алоҳида ҷойгир ва бо техникаю таҷҳизот ва ашёи зарурӣ таъмин кардани онҳо супоришҳои мушаххас дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид намуд, ки омодагиро ба зимистони оянда аз ҳозир оғоз намуда, ҷиҳати захира кардани ангишт ва гази моеъ ва кушодаи нуқтаҳои фурӯши ин маводи сӯхт дар тамоми маҳалҳои калони аҳолинишин бояд тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520