ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 29 феврали соли 2024 №121
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи директори Институти омӯзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
озод намудани Ниёзӣ Ё.Б.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон