Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар машварати махсус бахшида ба мавзўи «Ҳалли проблемаҳои ҷаҳонии обу санитария - вазифаи асосии амалӣ сохтани Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола»

22.09.2010 23:00, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Ҷаноби Раис,
Дўстони азиз,

Шарафмандам, ки аз номи созмондиҳандагон машварати имрўзаро кушода эълон намуда, ба ҳамаи шумо барои иштирокатон дар он изҳори сипос намоям. Итминон дорам, ки машварати имрўзаи мо дар масъалаи тезонидани иҷрои яке аз вазифаҳои муҳимтарини Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола- ду баробар кам кардани теъдоди одамоне, ки аз истифодаи оби тозаи ошомиданӣ ва шароити муқаррарии санитарӣ маҳрум мебошанд, саҳми босазо хоҳад гашт.

Масъалаи таъмин намудани ахолӣ бо об ва шароити санитарӣ сол то сол аҳамияти бештар пайдо мекунад. Рўйдодҳои ҷаҳонии солҳои охир, аз ҷумла тағйир ёфтани иқлим, бўҳронҳои шадиди молиявию озуқаворӣ, суръати пасти пешрафти иқтисодиёт, камбуди захираҳо ва монанди инҳо ба саъю талоши давлатҳо барои ба даст овардани ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашудаи обу санитария таъсири манфӣ мерасонанд ва самараи онҳоро коҳиш медиҳанд.

Ҳанўз қариб 1 миллиард сокини сайёра аз истифодаи оби тозаи ошомиданӣ маҳрум буда, қариб 2,6 миллиард нафар ба шароити оддитарини санитарию техникӣ дастрасӣ надоранд.

Дар кишвари мо низ бо вуҷуди фаровонии захираҳои об як қисми аҳолӣ аз сабаби набудани шабакаҳои обрасонӣ ва дастрасӣ ба оби тоза бо мушкилоти ҷиддӣ рўбарў мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳбуди таъминот бо об ва ноил шудан ба дигар Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола «Барномаи беҳтар сохтани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи ошомиданӣ барои давраи солҳои 2008-2020»-ро қабул намудааст. Дар натиҷаи тадбирҳои дар ин самт андешидашуда дар давоми 5 соли охир қариб 1,2 миллион нафар бо шароити беҳтари истифодаи об таъмин шуда, зиёда аз 600 ҳазор нафар ба истифодаи оби тоза дастрасӣ пайдо карданд.

Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли проблемаҳои вобаста ба об дар давоми 5 соли охир зиёда аз 15 барнома, стратегия ва нақшаҳои амалиёт қабул намуд, ки дар доираи онҳо даҳҳо лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 500 миллион доллари амрикоӣ мавриди татбиқ қарор доранд.

Амалӣ сохтани ҳамаи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола бо масъалаҳои таъминоти об ва беҳтар сохтани шароити санитарӣ зич алоқаманд буда, аз ҳамаи мо андешидани тадбирҳои фарогир ва мувофиқашударо дар сатҳи милливу минтақавӣ талаб мекунад.

Захираҳои об дар тавсеаи ҳамкории миёни давлатҳо нақши муҳим мебозанд. Дар таърих бисёр низоъҳои байни давлатҳо маълуманд, ки дар асоси ихтилофи назар доир ба масъалаҳои об рўй додаанд.

Вале бояд гуфт, ки об дар аксари мавридҳо на ҳамчун омили ҷудокунандаи одамон ва мамлакатҳо, балки чун муттаҳидсозандаи онҳо нақш мебозад. Айни ҳол дар миқёси ҷаҳон беш аз 263 дарёи сарҳадгузар мавҷуд аст ва давлатҳои ҳамсарҳад онҳоро барои таъмини эҳтиёҷоташон истифода мебаранд.

Ин дарёҳо барои садҳо миллион одамон захираи муҳими ҳаёт ва таъмини амният, муҳити зист ва равобити ҳамарўзаи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошанд. Тоҷикистон дар робита ба ин ва бо мақсади тезонидани суръати амалӣ сохтани ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашудаи об пешниҳод мекунад, ки соли 2012-Соли байналмилалии дипломатияи об эълон карда шавад.

Итминон дорам, ки қабул шудани қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ин мавзуъ агар ба ҳалли пурраи ихтилофот доир ба идораи захираҳои оби тоза мусоидати комил накунад ҳам, ба нармтар гардонидани ихтилофот, таҳкими чораҳои эътимод дар ин соҳа, тавсеаи ҳамкорӣ ва музокирот доир ба ин масъалаҳо кўмак хоҳад кард.

Тағйироти иқлими ҷаҳон пеш аз ҳама ба захираҳои об таъсир мерасонад. Масалан, дар Тоҷикистон, ки сарчашмаи қариб 60 фоизи оби дарёҳои минтақа мебошад, дар давоми 30 соли охир аз 14 ҳазор пирях беш аз 1000 пирях аз байн рафтааст. Ба ин вазъият афзудани миқдори фалокатҳои табиии вобаста ба об низ таъсири калон мерасонад. Солҳои охир дар Тоҷикистон чунин фалокатҳои табиӣ бештар рўй дода истодаанд.

Воқеаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки фалокатҳои вобаста ба об дар тамоми ҷаҳон ба ҳаёт ва амнияти аҳолӣ таҳдид менамоянд. Ёдовар шудани обхезиҳои шадиди ба қарибӣ дар Покистон рухдода, ки бар асари онҳо зиёда аз 20 миллион нафар сокинони ин мамлакат зарар диданд, кофист.

Чунин фалокатҳо, пеш аз ҳама, ба мамлакатҳои рўбаинкишоф, ба шароити зиндагии табақаҳои камбизоату қашшоқи аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонанд.
Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» барои давраи солҳои 2005-2015 пешниҳод мекунад, ки дар давраи дуюми Даҳсола ҷомеаи ҷаҳон ба андешидани тадбирҳои мушаххас дар бобати таъмини ин гурўҳҳои аҳолӣ бо оби тоза ва шароити муқаррарии санитарӣ дар сатҳи байналмилалию минтақавӣ таваҷҷўҳи махсус зоҳир намояд.

Дар ин маврид зарурати муқаррар намудани роҳу усулҳои нисбатан самарабахши афзун гардонидани кўмаки ҳамаҷониба ва дастгирӣ дар бобати таъмини амнияти озуқаворӣ ва шароити дигари зиндагӣ ба миён меояд.

Ин ва дигар мушкилоти татбиқи ҳадафҳои марбут ба об ва тадбирҳои минбаъдаи амалӣ сохтани онҳо дар Эъломияи Душанбе инъикос ёфтаанд, ки аз рўи натиҷаҳои конфронси байналхалқии 8-10 июни соли 2010 дар пойтахти Тоҷикистон бахшида ба арзёбии миёнамўҳлати иҷрои тадбирҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» барпошуда қабул карда шудааст.

Бўҳрони об, ки бо сабаби афзоиши аҳолӣ ва тағйироти глобалии иқлим тезу тунд гардидааст, аз мо муносибати одилонаю баробарона ва ҳамгироиро дар масъалаи истифодаи захираҳои об барои таъмини иқтисодиёти ҳамаи мамлакатҳо ва муҳити зист тақозо дорад, ки дар ниҳояти кор ба таъмини рушди устувор мусоидат хоҳад кард.

Бори дигар ёдовар мешавам, ки ғайриоқилона ва нодуруст истифода бурдани захираҳои об дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба чӣ гуна оқибатҳои нохуш оварда расонидааст.

Азхудкунии масоҳати бузурги замин барои кишти пахта ва сарфи ҳаҷми зиёди об барои обёрии заминҳо сабаби хушк шудани яке аз манбаъҳои калонтарини оби тозаи ҷаҳон- баҳри Арал гардид.

Ҳалли проблемаи баҳри Арал, ки ба ақидаи мо имрўз оҳанги аз ҳад зиёди сиёсӣ гирифтааст, аз мамлакатҳои минтақа на танҳо гузоштани сармояи бузург ба соҳаи об ва кам кардани масоҳати замини кишт, балки иродаи сиёсӣ ва омодагиро ба татбиқи тадбирҳои муштараку дарозмуддати истифодаи оқилонаи захираҳои обу энергетикаи тамоми ҳавзаи баҳри Арал тақозо менамояд.

Маҳз барои ҳамин мо ба Созмони Милали Муттаҳид расман муроҷиат кардем ва бори дигар таъкид менамоем, ки гузаронидани ташхиси ҳамаҷониба ва фарогири тамоми системаи истифодаи оби Осиёи Марказӣ аз ҷумла, масъалаҳои самаранокӣ ва қобили қабул будани мавҷудияти обанборҳои амалкунанда ва ташхиси куллии вазъи экологии минтақа зарур мебошад.

Тоҷикистон ҳамчун яке аз тадбирҳои ҳалли масъалаи таъминоти об ва беҳтар сохтани шароити санитарӣ дар минтақа пешниҳод намуд, ки аз кўли Сарез, ки дар мавзеи дурдасту душворгузар – маркази Бадахшон ҷойгир шудааст, ба мамлакатҳои минтақа хатти обрасонӣ кашида шавад.

Ҳаҷми захираи оби ниҳоят тозаи кўли мазкур 17 километри мукааб мебошад. Оби онро барои таъминоти миллионҳо нафар сокинони кишварҳои минтақа истифода бурдан мумкин аст. Ин тадбир ҳамзамон имкон медиҳад, ки хавфи харобшавии сарбанди табиии кўли мазкур пешгирӣ карда шавад. Зеро канда шудани он барои як қатор мамлакатҳои Осиёи Марказӣ оқибатҳои бузурги харобиовар дошта метавонад.

Дар хотима як ҳикмати хирадмандонаи тоҷикиро мисол меорам: «Ба одамон обдиҳӣ кори некўтарин ва савоби бузург мебошад». Бовар дорам, ки фалсафаи ин ҳикмат заминаи асосии тадбирҳои минбаъдаи моро дар ҳалли масъалаҳои об ташкил хоҳад дод.

Ташаккур.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520