Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

28.03.2008 18:00, шаҳри Душанбе

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар кори он беш аз 40 масъала баррасӣ шуд.

Дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст ҳисоботи марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаи кишоварзӣ шунида шуд.

Зикр гардид, ки айни замон дар соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ 8 лоиҳаи инвеститсионӣ амалӣ мегардад, ки маблағи умумии он 531 миллион сомониро ташкил медиҳад. То имрӯз аз ин маблағҳо 220, 5 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.

Лоиҳаҳои инвеститсионӣ баҳри дастгирии хусусигардонии хоҷагиҳо, барқарорсозии соҳаи кишоварзӣ, ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва рушди устувори соҳаи пахтакорӣ, обёрикунии заминҳо, соҳилмустаҳкамкунӣ, нигаҳдории солимии ҳайвонот ва паррадагони хонагӣ, бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин ва рушди инфрасохтори деҳот амалӣ мегарданд.

Айни ҳол ин лоиҳаҳо асосан дар шаҳру ноҳияҳои озмоишии Хоруғ, Қурғонтеппа, Кӯлоб, Хуҷанд, Ванҷ, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Рашт, Роғун, Файзобод, Ваҳдат, Рудакӣ, Варзоб, Ҳисор, Шаҳринав, Восеъ, Фархор, Данғара, Бохтар, Вахш, Ҷалолиддини Румӣ, Қумсангир, Қубодиён, Шаҳритус, Ёвон, Хуросон, Айнӣ, Панҷакент, Кӯҳистони Мастчоҳ, Мастчоҳ ва Зафаробод татбиқ мегарданд. Лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин дар 36 ноҳияи ҷумҳурӣ амалӣ мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи азхудкунии саривақтӣ ва ҳадафманду босамари маблағҳои ҷудогашта таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуда, ба масъулин ҷиҳати бо сифати баланд анҷом додани лоиҳаҳои инвеститсионӣ супоришҳои мушаххас дод.

Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҳисобот дод.

Дар ҳисоботи ӯ дастгирии рушди соҳибкорӣ ва афзоиши истеҳсолоти кишоварзӣ мақоми марказӣ дошт. Таъкид гашт, ки тавассути рушди соҳибкории хусусӣ, бунёди корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ соли гузашта дар ноҳия барои қариб 600 нафар ҷойҳои нави корӣ муҳайё карда шуд. Имрӯз ҳиссаи соҳибкорони хусусӣ наздики 90 дар сади маҷмӯи маҳсулоти умумии дохилии ноҳияро ташкил медиҳад. Аз соли 2006 то 2007 шумораи соҳибкорони хусусӣ аз 3338 ба 4745 нафар ва корхонаҳои хусусӣ дар ҳамин мӯҳлат аз 556 ба 586 адад расидаст. Аз ҷониби бонкҳо ва дигар муассисаҳо ба соҳибкорони хурду миёнаи ноҳия дар соли 2007 ба маблағи умумии 30,8 миллион сомонӣ қарз дода шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масоили рушди ҳамаи бахшҳои соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла ба эҳёи пахтакорӣ, барқарорсозии гармхонаҳо ва афзоиши истеҳсоли меваю сабзавот, истифодаи пурсамар аз тамоми заминҳои киштшаванда, афзоиш додани қарзҳои бонкӣ ва ҳамчунин ба корҳои ободонию созандагӣ, кабудизор кардани муҳити зист ва бунёди ҳаммом, мағоза ва дигар иншооти чамъиятӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод.

Ҳисоботи Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ дар бораи заминҳои мавҷуда ва тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳою намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ дар ҳолати то 1 январи соли 2008 тасдиқ карда шуд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадди камтарин ва баландтарини маблағи харид барои соли 2008 муқаррар карда шуд.
Консепсияи рушди кори бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2018 тасдиқ карда шуд.

Лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи боҷи давлатӣ», Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси андоз, ва Кодекси гумрук маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.

Стратегияи рушди бозори қоғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қоидаҳои бақайдгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуданд.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили ҷашни 60-солагии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон қабул карда шуд.

Дар фароварди ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аъзои Ҳукумати мамлакат ва мардуми кишварро аз ҳозир ба омодагии ҷиддӣ ба зимистони оянда ҳидоят намуда, ба масъулин ҷиҳати таҷдиди пурраи маркази истеҳсоли барқ ва гармии шаҳри Душанбе, барқарорсозии пурраи марказҳои истеҳсоли барқ ва гармии ноҳияи Ёвон, шаҳри Чкаловск ва дигар марказҳои гармидиҳӣ, таҷдиди нерӯгоҳи обии Варзоб, захираи фаровони гази моеъ, мазут ва ангишт ва ҳамчунин маҳсулоти хӯрокворӣ дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Дар баробари ин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бори дигар ба ривоҷу равнақ додани истеҳсолоти ватанӣ ва ғанӣ гардондани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти худӣ ҳидоят намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520