Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо вакилони Парлумони САҲА

28.08.2012 15:20, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи вакилони Парлумони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА)-ро, ки бо роҳбарии Ахтар Чаудри ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ ва бо кишвари Норвегия баррасӣ шуд.

Аз ҳамкории Тоҷикистону САҲА, ки асосан дар 3 самт – сиёсию амниятӣ, иқтисодию экологӣ ва гуманитарӣ сурат мегирад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ахтар Чаудри изҳор дошт, ки САҲА минбаъд дастгирии Тоҷикистонро барои таҳкими амнияту суботи минтақавӣ, пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон афзоиш хоҳад дод. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон баъд аз соли 2014, яъне пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон дар сарҳади тӯлонии худ бо ин кишвар танҳоӣ эҳсос нахоҳад кард.

Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Норвегия табодули назар карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520