Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар Машварати сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ ба сифати саҳм дар гузаронидани Соли байналмилалии гуногунии биологӣ

22.09.2010 23:00, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Дўстони азиз,
Мўҳтарам хонумҳо ва ҷанобон,

Баргузории машварати имрўзаи сатҳи баланд ҳаргиз тасодуфӣ нест, зеро нигоҳ доштани гуногуннавъии биологӣ на фақат қисми таркибии Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, балки шарти ҳатмии бақои инсон аст. Аз ин рў, имрўз мо бояд мавзўоти марбут ба дастовардҳои соҳаи нигоҳдории гуногуннавъии биологӣ ва тадбиру амалиётро ба хотири таъмини мавҷудияти навъҳои сершумори набототу ҳайвонот барои наслҳои оянда мавриди муҳокимаю баҳс қарор диҳем.

Ҳаёти миллиардҳо нафар одамон, аз қишрҳои камбизоати аҳолӣ, бевосита ба вазъи навъҳои муайяни набототу ҳайвоноте вобаста аст, ки барои ҳаёти рўзмарра ва дар бисёр мавридҳо барои бақои зиндагиашон заруранд. Талафоти ҷуброннопазир дар табиати зинда метавонад ба ҷараёни татбиқи дигар Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, ки ба масъалаҳои қашшоқӣ, гуруснагӣ ва бемориҳо иртибот доранд, таъсири манфӣ расонад, зеро қишри камбизоаттарини аҳолии сайёраро бештар осебпазир сохта, онро аз имкони беҳдошти ҳаёт маҳрум менамояд.

Тибқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ, кишвари мо ба гурўҳи даҳ маркази ҷаҳонии бойтарини дорои гуногуннавъии биологии набототу ҳайвонот, аз ҷумла растаниҳои сершумори озуқадор, шифобахш, ороишӣ ва ҳайвоноти ваҳшӣ шомил мебошад.

Кўҳистони Тоҷикистон соҳиби ганҷинаи бойи генофонди гуногуннавъии биологиест, ки барои эҷоди навъҳои серҳосил ва пойдор барои кишт, растаниҳои ороишӣ, маводи табобатӣ, набототи озуқаворӣ ва зотҳои ҳайвонот захираи мусоиди потенсиалӣ мебошад. Дар асоси ин захираю имконот навъҳои нави селексионӣ ва зотҳои навро ба вуҷуд овардан мумкин аст. Дар бисёр марказҳои ҷаҳонии коллексионии захираҳои генетикӣ намунаҳои навъҳои генетикие маҳфузанд, ки дар кишвари мо ёфт шудаанд. қисми зиёди ин боигарӣ барои навъҳои сершумори фоиданоки озуқаворию шифобахш асос гузоштааст. Сарфи назар аз масоҳати нисбатан хурди Тоҷикистон олами ҳайвонот ва набототи он тақрибан 2 фоизи захираҳои умумиҷаҳонии биологиро ташкил медиҳад.

Вакилони мўҳтарам,

Бўҳрони молиявӣ, озуқаворӣ ва энергетикӣ дар якҷоягӣ бо тағйири глобалии иқлим ва афзоиши демографии аҳолӣ ба хароб гаштани бисёр экосистемаҳо боис мегарданд. Мо инро дар мисоли кишвари худ ва умуман минтақаи Осиёи Марказӣ баръало эҳсос менамоем. Дар натиҷаи ин равандҳо сохтори бисёр экосистемаҳо таназзул ёфтанд, нисфи масоҳати умумии ҷангалзорҳо ихтисор шудааст, минтақаҳои нодири чарогоҳҳои табиӣ осеб дидаанд, навъи паланги туронӣ пурра ба нестӣ расида, зиёда аз даҳ навъи дигар растаниҳо ва ҳайвонот ба гурўҳу навъҳои нодиру нобудшаванда шомил гардиданд.

Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири кам кардани таъсири номатлуби инсону ҷомеа ба муҳити атроф тадбирҳои муассиру мухталиф меандешанд, ки мақсад аз он нигоҳ доштани гуногуннавъии биологӣ ва дигар экосистемаҳо мебошад. Дар ин робита ва бо мақсади иҷрои ўҳдадориҳои мо оид ба татбиқи санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногуннавъии биологӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳҳои ниҳодӣ (институтсионалӣ), қонунгузорӣ ва сиёсӣ кори бузургеро анҷом додаст.

Бо иштироки Барномаи рушди Созмони Милал ва дигар сохторҳои Созмон оид ба нигоҳдорӣ ва истифодаи оқилонаи гуногуннавъии биологӣ санадҳои бунёдӣ – Стратегияи миллӣ ва Нақшаи амалиёти марбут ба нигоҳдории гуногуннавъии биологӣ, санади сиғавии миллӣ оид ба бехатарии биологӣ, қонуни ҷумҳурӣ «Дар бораи бехатарии биологӣ» таҳия ва қабул гардида, як силсила санадҳои дигари барномавӣ омода карда шудааст. Дар Тоҷикистон Маркази миллии нигоҳдории гуногуннавъии биологӣ фаъолият дошта, ин сохтор дар якҷоягӣ бо дигар ташкилотҳои ҳукуматӣ ба ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба татбиқи амалии Стратегияи миллӣ ва Нақшаи амалиёти номбурда мусоидат менамояд.

Ба шарофати ин саъю кўшишҳо, ки аз ҷумла, ба беҳдошти вазъи мавзеъҳои табии ба таври махсус ҳифзшаванда, нигоҳдории захираҳои генетикӣ ва умуман гуногуннавъии биологӣ равона гардидаанд, ба мо имкон даст дод, ки талафоти гуногуннавъии биологиро пешгирӣ намоем ва дар баъзе ҳолатҳо ҳатто саршумори навъҳои нодири ҳайвонот – оҳуи қашқа, ҷайрон ва бабри барфиро барқарор намоем.

Гарчанде дар чорчўбаи саммити мазкур оид ба татбиқи ҳадафҳои Рушди ҳазорсола тазаккур дода шуд, ки то соли 2010 ҳадафҳои нақшавӣ оид ба нигоҳдории гуногуннавъии биологӣ пурра амалӣ нагардидаанд, метавон гуфт, ки дар кишвари мо фаъолияти мақсаднок дар ин ҷода натиҷаҳои муайян дод.

Инро мо дар иҷрои қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милал оид ба зарурати то соли 2010 дар кишварҳои аъзо паст кардани суръати талафоти гуногуннавъии биологӣ ва зоҳир намудани таваҷҷўҳи лозима ба ин қазия дар стратегия ва барномаҳои миллӣ саҳми хеш медонем.

қатъномаи номбурдаи Маҷмаи Умумӣ ба давлатҳои аъзо тавсия менамояд, ки ба кишварҳои рў ба инкишоф фароҳам овардани захираҳои иловагии молиявӣ ва фанниро, аз ҷумла тавассути Бунёди глобалии экологӣ, идома диҳанд. Гузаронидани чорабиниҳои мушаххас, аз ҷумла татбиқи амалии стратегия ва нақшаҳои миллии амалиёт оид ба нигоҳдории гуногуннавъии биологӣ, сарф намудани маблағҳои зиёдро тақозо мекунад.

Айни замон дар назар бояд дошт, ки захираҳои биологӣ ганҷинаи умумибашарианд. Дар ин иртибот тадбирҳои дилхоҳ оид ба нигоҳдории гуногуннавъии биологӣ хислати трансмиллӣ доранд ва на фақат барои кишварҳои алоҳида, балки барои минтақаҳо, умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ судовар ҳастанд. Зеро нест шудани ҳар навъи набототу ҳайвонот бояд боиси нигаронии тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардад.

Аз ин лиҳоз, бо мақсади рушду тақвияти ин раванд дастгирии бештари Созмони Милал ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои мададгор комилан зарур аст. Ин пуштибонӣ бояд дар иҷрои чорабиниҳо оид ба ҳифзу истифодаи оқилонаи захираҳои биологӣ зоҳир гардад, махсусан дар марказҳои пайдоиши онҳо ва ҷойҳои муттамарказшавии захираҳои генетикӣ, ки ақрабои ваҳшии растаниҳои киштшаванда ба ҳисоб мераванд.

Бо дар назардошти нақши назарраси кўҳистони Тоҷикистон дар нигоҳдории захираҳои биологӣ ва аҳамияти бузурги онҳо дар ташаккулу бақодории иқлими минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои ба он наздик, мо пешниҳод менамоем, ки Созмони Милал дар якҷоягӣ бо дигар ниҳодҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон Маркази минтақавии кўҳистонии гуногуннавъии биологиро таъсис бидиҳад. Бидуни шак, чунин иқдом ба пайдоиши яке аз марказҳои муҳимтарини тадқиқоту идораи гуногуннавъии биологии кўҳӣ дар сатҳҳои минтақавӣ, субминтақавӣ ва глобалӣ сабаб хоҳад гашт.

Ташаккур.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520