Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ

30.08.2012 17:10, Эрон

Дар ҳошияи ҳамоиши сарони давлатҳои Ҳаракати адами тааҳҳуд дар шаҳри Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуд.

Зимни суҳбат масоили вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи рушдёбандаи ду кишвар баррасӣ шуд.

Назорати пайвастаи рафти иҷрои санадҳои имзошуда ва қарорҳои Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои дуҷониба зарур шумурда шуд.

Таъкид гардид, ки корҳо барои пайвастани роҳҳои оҳану мошингард, шабакаҳои барқии миёни ду кишвар ва ифтитоҳи хатсайри мунтазами ҳавоӣ чун василаи густариши бесобиқаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бояд тезонда шаванд.

Ба имзо расондани Созишномаи тиҷоратии сеҷониба миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ва пайвастани Тоҷикистон ба Созишномаи чоргонаи Покистон-Чин-Қазоқистон ва Қирғизистон низ аз роҳҳои муассири густариши тиҷорат номида шуд.

Зикр гардид. ки алҳол дар Тоҷикистон 12 корхонаи муштараки ду кишвар фаъолият мекунанд, ки ба дорусозӣ, истеҳсоли маснуоти оҳанӣ, коркарди пӯсти чорво ва тиҷорат машғуланд.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба масоили амнияти минтақавӣ, дурнамои авзои Афғонистони ҳамсоя ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520