Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар иҷлосияи 65-уми Маҷмаи Кулли Созмони Милали Муттаҳид

23.09.2010 23:00, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Мўҳтарам ҷаноби Раис,

Шуморо ба муносибати интихоб шуданатон ба мансаби олии Раиси иҷлосияи 65-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид табрик гуфта, ба Шумо барори кор орзу менамоям.

Вакилони мўҳтарам,

Чанд рўз пеш Иҷлосияи сатҳи олии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид анҷом ёфт, ки дар ҷараёни он роҳбарони кишварҳо на танҳо азми қавии худро ҷиҳати иҷрои ҳадафҳои рушди дар Эъломияи ҳазорсола ифодаёфта тасдиқ намуданд, балки барои дар амал татбиқ намудани онҳо қарорҳои нави мушаххас қабул карданд.

Ба шарофати иродаи сиёсии сарварон барои тақвияти ҷидду ҷаҳди муштарак ҷиҳати таъмини пешрафти устувор дар бобати амалӣ сохтани ҳадафҳои рушд имконияти фавқулодда муҳим ва ҷавобгўи талаби замон фароҳам омадааст. Пешрафти минбаъда дар ин самт ба иқдомоти якҷояву ҳамоҳангшуда ва муттасили тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста аст, ки бешубҳа, бояд аз тариқи нақши марказӣ ва ҳамоҳангсозандаи Созмони Милали Муттаҳид амалӣ карда шавад.

Ба ақидаи мо, ин азми қатъиро ба воситаи чораҳо ва иқдомоти амалии мушаххасе таҳким бахшидан зарур аст, ки ба иҷрои пурра ва саривақтии ҳамаи, бидуни истисно, Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола мусоидат менамоянд. ҳамчунин, зарур аст, ки ин тадбирҳои мо дар шароити бўҳронҳои шадиди энергетикӣ, озуқаворӣ ва молиявию иқтисодии солҳои охир, инчунин оқибатҳои вазнини тағйир ёфтани иқлим бояд бо имконоти муносиби молиявӣ таъмин карда шаванд.

Дар робита ба ин, даъват барои ду баробар зиёд намудани ҳаҷми кўмакҳои расмӣ барои рушд (КРР), ки ҷузъи муҳимтарини бо маблағ таъмин намудани рушд мебошад, мисли пештара аҳамияти хосса дорад.

Ҷудо кардани маблағҳои иловагии берунӣ барои рушд набояд бори сангини қарзи мамлакатҳои рўбаинкишофро боз ҳам вазнинтар созад, зеро бе ин ҳам шароити молиявии аксари онҳо бар асари бўҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ниҳоят мураккаб гардидааст.

Дар ин бобат ҳамшарикии глобалиро барои ба вуҷуд овардани фазое тақвият бахшидан зарур аст, ки он ба рушди устувори иқтисодӣ ва боло рафтани шуғли аҳолӣ мусоидат намояд. Пеш аз ҳама, тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузориро тавсеа бахшидан зарур аст, чунки онҳо шарти асосии рушди истеҳсолот мебошанд.

Ин омил хусусан барои кишварҳое ҳаётан муҳим мебошад, ки ба баҳрҳо роҳи баромад надоранд ва бо ҳамин сабаб иштироки онҳо дар тиҷорати ҷаҳонӣ аз сабаби мавқеи ҷуғрофиашон ва монеаҳои мавҷуда дар роҳи тавсеаи равобити тиҷоратии онҳо мушкил гардидааст.

Ҳамаи ин, дар навбати худ ба пешрафти истеҳсолот ва расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар ин мамлакатҳо таъсири манфӣ мерасонад. Мо бояд ҷидду ҷаҳди худро ба бунёди шабакаҳо ва роҳҳои нави байналхалқии нақлиётӣ ва истифодаи самарабахши шабакаву роҳҳои мавҷуда мутамарказ намоем, ки ба фаъолтар гардонидани ширкати ин гурўҳи кишварҳо дар тиҷорати ҷаҳонӣ мусоидат менамоянд.

Тоҷикистон ҷонибдори ҳарчи зудтар анҷом ёфтани марҳалаи музокироти бисёрҷонибаи тиҷоратии Давҳа мебошад, ки барои расидан ба ҳадафҳои рушд мусоидат хоҳанд кард.

Ба ақидаи мо, низоми тиҷорати байналмилалӣ, хусусан дар давраи бўҳронҳо, бояд кушодаю самимона, одилона, пешгўишаванда ва озод аз маҳдудиятҳо бошад ва дар заминаи қоидаҳои мувофиқашуда амал намояд.

Тавре ки маълум аст, хусусияти асосии марҳалаи ҳозираи рушд дар он аст, ки мо ба ҳадди муайяни афзоиши миқдорӣ ноил гардидем ва баъди он бояд давраи сифатан нави рушд оғоз ёбад.

Чунин таҳаввул муносибати комилан нави консептуалиро нисбат ба масъалаи рушд талаб менамояд, ки зимни он манфиатҳои наслҳои имрўзаву оянда ба инобат гирифта шаванд.

Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти аслҳои рушди устувори иқтисодӣ барои худ се ҳадафи стратегӣ, яъне баровардани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқавориро муайян намудааст.

Бо мақсади татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи паст намудани сатҳи камбизоатӣ таҳия гардида, ҳоло дар марҳалаи татбиқ қарор доранд.

Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон ҳамчун санади асосии стратегии мамлакат афзалиятҳо ва самтҳои умумии сиёсати давлатро муайян менамояд, ки онҳо ба рушди устувори иқтисодӣ, осонтар сохтани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои муқаррарии иҷтимоӣ ва кам кардани сатҳи камбизоатӣ равона карда шудаанд.

Бо вуҷуди душвориҳои бузурги вобаста ба бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, инчунин офатҳои табиӣ амалӣ сохтани нақшаҳои миллии стратегӣ дар давоми панҷ соли гузашта дар бобати ба даст овардани Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола натиҷаҳои назаррас доданд.

Ҳукумати мамлакат бо мақсади татбиқи минбаъдаи ҳадафҳои стратегии зикршуда азми қотеъ дорад, ки масъалаҳои рушди устувори макроиқтисодӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, диверсификатсияи истеҳсолот, инчунин таҳкими имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар сохтани фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкорӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, вусъати бозори меҳнат ва тақвияти имконоти инсониро ҳаллу фасл намояд.

Гузариш ба рушди устувор инчунин ба ҷустуҷўи роҳҳои ҳалли проблемаҳои дорои хусусиятҳои дарозмуддат, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, ҳифзи гуногуннавъии биологӣ ва биёбоншавӣ вобаста мебошад, ки ҳалли ин масъалаҳо ба дарки амиқ ва иқдомоти мувофиқашуда эҳтиёҷ доранд. ҳамчунин кўшишҳои мо барои пешгирии оқибатҳои тағйирёбии глобалии иқлим, хусусан баъди мулоқоти Копенгаген дар соли гузашта бархўрди интиқодиро тақозо доранд.

Натиҷаҳои ин мулоқот моро ба амалӣ сохтани тадбирҳои қатъитар ҷиҳати кам кардани партовҳои зарарнок ба ҳаво, мутобиқшавӣ бо мақсади камтар кардани оқибатҳои манфиии тағйирёбии иқлим ва истифодаи технологияҳои ба иқтисодиёти камкарбон мусоидаткунанда водор менамоянд.

Итминон дорем, ки кишварҳои ширкаткунанда дар мулоқоти оянда дар Канкун ин ва дигар муқаррароти созишномаи нави умумиҷаҳониро бо ҳамдигар мувофиқа хоҳанд кард, ки ин марҳалаи муҳимтарине баъди Киото хоҳад гашт.

Маълум аст, ки тағйирёбии иқлим ба захираҳои оби тоза таъсири манфӣ расонида, хавфи обхезӣ ва селу ярчҳо, хушксолӣ ва фалокатҳои дигари табиии вобаста ба обро бештар мегардонад.

Илова бар ин, тағйирёбии иқлим масъалаи бе ин ҳам душвори камбуди оби тозаро дар минтақаҳои алоҳидаи сайёра боз ҳам душвортар мегардонад. Масалан, дар Тоҷикистон, ки қариб 60 фоизи захираҳои оби минтақа ташаккул меёбанд, дар давоми 30 соли охир аз 14 ҳазор пирях зиёда аз 1000 пирях аз байн рафтааст. Торафт кам гардидани захираи обҳои зеризаминӣ низ ба проблемаи ҷиддӣ табдил ёфтааст.

Тибқи баъзе пешгўиҳо то соли 2025 беш аз сеяки аҳолии курраи Замин аз нарасидани об танқисӣ хоҳад кашид ва то соли 2050 аҳолии сайёра имконияти пурра таъмин намудани талаботи худро ба об нахоҳад дошт.

Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори Соли байналмилалии оби тоза ва Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт дар давраи солҳои 2005-2015» проблемаҳои марбут ба обро фаъолона ба муҳокимаи Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод менамояд.

Мо на танҳо чун ташаббускори муҳокимаи проблемаҳои марбут ба об дар арсаи байналмилалӣ амал мекунем, балки ҷонибдори қабули қарорҳои мушаххас ҷиҳати истифодаи оқилонаю самарабахши ин неъмати ҳаётан муҳими табиӣ ҳастем.

Ҳамаи ин иқдомот ба омўзиши амиқи проблемаҳои об ва таҳияи тадбирҳои дахлдори ҳамоҳангшудаи ҷомеаи байналмилалӣ равона карда шудаанд.
Дар ин бобат гузаронидани конфронси байналмилалӣ доир ба баррасии ҳамаҷонибаи иҷрои тадбирҳои миёнамўҳлати Даҳсола дар Душанбе нақши муҳим бозид, ки он бо ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид ва тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии он баргузор гардид.

Кўшишҳои Тоҷикистон дар масъалаи об ба истифодаи устувору самарабахши захираҳои оби мамлакат ва таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд ва одилонаи минтақавӣ нигаронида шудаанд.

Мо эътиқодманд ҳастем, ки ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи об бояд ҳамкориҳоро дар самтҳои дигар ба нестӣ набурда, баръакс бояд онҳоро тавсеа бахшад.

Чунин ҳамкорӣ бояд эътимоди ҳамаи истифодабарандагони захираҳои обро боз ҳам таҳким бахшида, ба ҷорӣ намудани идораи муштараки захираҳои об дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ ва минтақавӣ мусоидат намояд. Бо дарназардошти ҳамин мулоҳизаҳо мо ташаббуси худро дар бораи Соли байналхалқии дипломатияи об эълон намудани соли 2012 ба миён гузоштем.

Итминон дорем, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул намудани қатъномаи дахлдор дар ин масъала, ба ҳаллу фасли ихтилофот дар бобати идораи захираҳои оби тоза бо роҳи истифодаи воситаҳои гуногуни мавҷудаи дипломатия, яъне огоҳии саривақтӣ, дипломатияи пешгирикунанда ва тадбирҳои таҳкими эътимод дар ин соҳа, ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан муфид ва қобили қабули кишварҳои минтақа ва муколама дар ин масъалаҳо мусоидат хоҳад кард.

Гузариши саросарӣ ба истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ҷузъи муҳимтарини масъалаи пешгирии оқибатҳои тағйирёбии иқлим мебошад, ки ба кам гардидани миқдори партовҳои зарарнок ба ҳаво мусоидат менамояд. Дар ин бобат зарур аст нақшаҳо ва барномаҳое дастгирӣ ва ҳавасманд гардонида шаванд, ки ҳиссаи навъҳои энергияи барқароршавандаро дар миқёси ҷаҳонӣ бештар сохта, ба истифодаи технологияҳои наву пешқадам, афзун гардонидани самараи таъминоти энергия ва истифодаи сарфакоронаи он мусоидат менамоянд.

Тоҷикистон ташаббусро дар бораи таъмини баҳрабардории саросарӣ аз хизматрасонихои имрўзаи энергетикӣ пурра дастгирӣ менамояд. Мо ақида дорем, ки ин кафолати татбиқи муваффақонаи ҳамаи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола мебошад. Дар робита ба ин, Тоҷикистон иқтидори энергетикии худро дар асоси азхудкунии комплексии манбаъҳои барқароршавандаи энергия пайгирона ва мақсаднок тараққӣ хоҳад дод.

Дар кишвари мо баробари сохтмони нерўгоҳҳои барқии хурду миёна амалӣ сохтани барномаҳои миқёсан бузурги дорои аҳамияти минтақавӣ баррасӣ гардида, масъалаи истифодаи энергияи шамол ва офтоб низ мавриди омўзиш қарор дорад.
Ҷаноби Раис,
Ҳамкории самарабахши минтақавӣ дар бобати ба роҳ андохтани ҳамёрии умумиҷаҳонӣ ҷиҳати рушди устувор асоси муҳим гардида метавонад. Хусусияти асосии минтақаи мо дар он ифода меёбад, ки рушди ҳамаҷонибаи ҳамкории доманадор аз бисёр ҷиҳат ба натиҷаҳои мусбати раванди таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон вобаста мебошад.

Мубориза ба муқобили терроризм – вобаста ба проблемаҳои сершумори ин зуҳуроти ба инсоният бегона ва решаҳои амиқи он –масъалаест, ки ҳалли он муддати тўлониро тақозо мекунад.

Дар ин росто муборизаи муштаракро барои пурра барҳам задани терроризм тавассути истифодаи тамоми тадбирҳои мавҷудаи дорои хусусияти сиёсӣ, иқтисодӣ, молиявӣ ва гуманитарӣ тақвият бахшидан зарур аст. Мо ҳарчи зудтар ҳамоҳанг намудан ва қабул кардани муоҳидаи фарогирро дар бораи мубориза ба муқобили терроризми байналхалқӣ иқдоми муҳим мешуморем.

Дар мубориза ба муқобили терроризм бояд як нуктаро ба назар гирифт, ки он бе заминаи молиявӣ ва таъминоти моддӣ вуҷуд дошта наметавонад. Имрўз пўшида нест, ки гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз манбаъҳои асосии таъминоти молиявии терроризми байналхалқӣ гардидааст.
Аҳамият ва ҷиддияти проблемаҳои вобаста ба маводи мухаддир ва муомилоти ғайриқонунии онҳо гувоҳи равшани хатари глобалист, ки дар маҷмўъ ба суботу амнияти байналмилалӣ таҳдид мекунад.

Тоҷикистон имрўз аз лиҳози ҷуғрофӣ дар байни истеҳсолкунандаи асосии маводи мухаддири ҷаҳон ва кишварҳои истеъмолкунандаи он қарор гирифтааст. Дарозии умумии сарҳади муштараки мо, ки аз мавзеъҳои мураккабтарини кўҳӣ мегузарад, бо Афғонистон қариб якуним ҳазор километрро ташкил медиҳад.

Дар чунин шароит ба мо лозим меояд, ки нақши садди роҳ ё буфери паҳншавии рўзафзуни ин «марги сафед»-ро дар минтақа адо намоем.
Итминони комил дорем, ки муваффақияти мубориза ба муқобили паҳншавии маводи мухаддир танҳо тавассути муттаҳид сохтани ҷидду ҷаҳди ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон имконпазир мегардад.

Мо ба ҷараёни ҳамкориҳои доманадори минтақавӣ ҷалб намудани Афғонистонро зарур мешуморем. Дар робита ба ин, кўшишҳои таҳким бахшидани талошҳои чоргонаи мамлакатҳоро дар ҳайати Афғонистон, Покистон, Россия ва Тоҷикистон таъкид кардан мехоҳам.

Дар доираи шакли нави ҳамкории бисёрҷонибаи ин мамлакатҳо қисмати асосии иқдомҳо ба пурзўр намудани мубориза ба муқобили терроризм ва таҳдиди маводи мухаддир равона карда шудааст. Бояд гуфт, ки проблемаҳои марбут ба терроризм ва маводи мухаддирро бе ҳалли проблемаҳои вобаста ба камбизоатӣ, бекорӣ ва дигар масъалаҳои тезу тунди иҷтимоӣ ҳал кардан ниҳоят душвор мебошад.

ҳамаи ин тақвият бахшидан ва мушаххастар сохтани иқдомоти умумибашариро талаб менамояд, ки ҳадафи онҳо густариши ҳарчи бештари раванди таҳкими сулҳ мебошад. Умедворем, ки ҳадафҳо ва ниятҳои ба қарибӣ дар конфронси Кобул эълоншуда дар амал татбиқ карда хоҳанд шуд.
Ҷаноби Раис,

Ҷидду ҷаҳди зеҳнӣ ва эҷодии ҷомеаи ҷаҳон дар давоми даҳсолаи охир боиси таҳияи аслҳо ва меъёрҳои асосии рушди устувор гардид. Ин аслу меъёрҳо дар Рўзномаи проблемаҳои асри 21, инчунин Барномаи амалиёти татбиқи минбаъдаи он ва Нақшаи дар Йоханнесбург қабулгардидаи амалӣ сохтани қарорҳои қабулшуда ифода ёфтаанд. Ин санадҳои таърихӣ барои ба заминаи устувор, яъне ҷадвали иҷрои тадбирҳои имрўза гузаронидани шакли мавҷудаи истеҳсол ва истеъмол шароит фароҳам сохтанд.

Силсилаи вазифаҳои дарозмуддати дар назди мо гузошташуда дарки амиқ ва дақиқи амалӣ сохтани тадбирҳои ҷомеаи ҷаҳонро дар роҳи гузариш ба рушди устувор талаб менамояд. Мо итминон дорем, ки Созмони Милали Муттаҳид дар ин самт ҳамчун маркази ҳамоҳангсозӣ ва мувофиқаи талошҳо боқӣ хоҳад монд.

Дар ин маврид бояд нақши муттаҳидкунандаи худи созмон бо роҳи тақвият додани қобилияти баҳисобгирии фаврии проблемаҳо ва ташкили муборизаи самарабахш ба муқобили хатарҳои сершумори умумиҷаҳонӣ ва таҳдидҳои нави ҳазорсола боло бурда шавад. Тоҷикистон омода аст дар ин бобат ҳаддал-имкон саҳмгузор бошад.

Аз таваҷҷўҳатон сипосгузорам

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520