Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Алии Хоманаӣ

30.08.2012 19:30, Эрон

Дар ҳошияи ҳамоиши сарони давлатҳои Ҳаракати адами тааҳҳуд дар шаҳри Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон Алии Хоманаӣ мулоқот намуд.

Бо изҳори хушнудӣ аз ҳамдилию ҳамбастагии амиқи давлатҳо ва мардумони Тоҷикистону Эрон изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ низ миёни ду кишвар мувофиқ ба талаби рӯз ва имкону захираҳои мавҷуда рушд хоҳад кард.

Пайвастагии мунтазами робитаҳои сатҳу зинаҳои гуногуни роҳбарии ду кишвар омили муҳими густариши муносиботи ҳасана номида шуд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки имрӯз дар Тоҷикистон 150 ширкати эронӣ кору фаъолияти босамар доранд.

Таъкид гардид, ки ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёту роҳсозӣ, кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти он, тавлиди масолеҳи сохтмонӣ ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ чун ҷанбаҳои муҳимтарини робитаҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар дорои дурнамои умедбахш аст.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистону Эрону Афғонистон ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520