Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПОИ шаҳри Душанбе

19.04.2024 13:14, шаҳри Душанбе
Боздид аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПОИ шаҳри Душанбе 19.04.2024

19 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе аз намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО боздид ба амал оварданд.

Дар Намоишгоҳи миллии маҳсулоти саноатии Узбекистон дар Тоҷикистон 200 ширкати истеҳсолию тиҷоратӣ 1500 намунаҳои маҳсулоти мошинсозӣ, маводи кимиё, саноати сабук, нассоҷӣ, дорусозӣ, инчунин масолеҳи сохтмонӣ, атриёт, ашёи рӯзгор, 60 намуди техника, маҳсулоти полиграфӣ ва техникаи электронии маиширо ба маъраз гузоштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар намоишгоҳ бо намунаҳои молу маҳсулот ва иқтидори истеҳсолии корхонаҳои кишвари ҳамсоя шинос шуданд.

Сарони давлатҳо барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, воридоту содироти маҳсулот ба кишварҳои ҳамдигар ва баҳри афзоиши ҳачми гардиши мол байни Тоҷикистону Узбекистон ба ҳукуматҳои хеш дастуру супоришҳо доданд.

Баргузории намоишгоҳи молу маҳсулот омили муҳими дарёфти шарикони нав ва густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ арзёбӣ гардид.

Густариши ҳамкории дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ самти авлавиятноки муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон дониста мешавад. Ин аст, ки барои устуворсозии риштаҳои ҳамкории тоҷирону соҳибкорон асосҳои воқеъӣ муҳайё мебошад.

Иродаи қавӣ ва иқдомҳои хирадмандонаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Узбекистон бо устуворсозии решаҳои дӯстиву бародарӣ ҷиҳати тавсеаи робитаҳои дуҷониба, ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, мустаҳкам гардонидани робитаҳои дӯстии мардумони тоҷику узбек, афзун намудани гардиши мол, истифодаи самаранок аз захираҳои ҳарду кишвар ва дар маҷмуъ ба беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии шоиста, заминаи воқеӣ мегузорад.

Дар заминаи тавсеаи ҳамкорӣ ҳоло 400 корхонаи муштараки саноатии Тоҷикистону Узбекистон фаьолияти пурсамар доранд. Соҳибкорону сармоягузорони ду кишвар бо истифода аз захираву имконоти мавҷуда ҳамкории тиҷоратиро зина ба зина густариш медиҳанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520