Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Анҷоми сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

19.04.2024 16:14, шаҳри Душанбе
Анҷоми сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 19.04.2024

19 апрел сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 18-19 апрел ҷараён дошт, ба анҷом расид.

Зимни ин сафар меҳмони олимақом муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот карданд.

Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон 28 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар доираи ин сафар дар Кохи Борбад барномаи бошукуҳи консертии устодони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон ва дар Маркази ЭКСПО намоиши молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Узбекистон баргузор гардида, ба хотири рушду густариши муносибатҳои дипломатӣ дар шаҳри Душанбе бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон ифтитоҳ ёфт.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо нишони эҳтирому самимияти хос меҳмони олиқадр - муҳтарам Шавкат Мирзиёевро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел карданд.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520