Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мубоҳисаи умумии Иҷлосияи 64-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид

22.09.2009 23:00, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Мӯҳтарам ҷаноби Раис!
Мӯҳтарам ҷаноби Муншии умумӣ!
Хонумҳо ва ҷанобон

Пеш аз ҳама мехостам ҷаноби Алӣ Абдул Салом ат Трейкиро ба муносибати ба мақоми Раиси иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид интихоб шуданаш табрик намоям. Итминон дорам, ки таҷриба ва истеъдоди бузурги дипломатии ӯ ба кори самарабахш ва муваффақонаи иҷлосияи мазкур мусоидат менамояд.

Ҳамкорони гиромӣ!

Дар даҳсолаи охир ҷаҳон дар рушди технологӣ, иттилоотӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба пешрафти қобили мулоҳиза ноил гардид, ки ба шарофати ҷаҳонишавӣ бо суръати баланд ба як падидаи фарогир табдил ёфт. Вале ҷанбаҳои манфии ин падида – терроризми байналмилалӣ, экстремизм, ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ, паҳншавии маводи мухаддир, бемориҳои сироятӣ, таҳдидҳои нави экологӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ эҷод карданд.
Нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид барои дар ҳамоҳангсозии кӯшишҳои давлатҳои аъзо ҷиҳати муқовимати фаъол бо таҳдидҳои муосир ноил шудан ба Хадафҳои Рушди Ҳазорсола зоҳир мегардад.

Тоҷикистон фаъолияти сулҳофарии Созмони Милали Муттаҳидро чун яке аз самтҳои асосии фаъолияти он арзёбӣ менамояд.
Соли гузашта бори нахуст шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба сафи нерӯҳои сулҳофари Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади саҳмгузорӣ дар барқарор гардидани сулҳу истиқрор дар нуқтаҳои доғи сайёра шомил гардиданд. Дар айни ҳол стратегияи миллии Тоҷикистон оид ба рушди нерӯи сулҳофарӣ таҳия карда мешавад.

Мо ба таҳкими раванди халъи силоҳ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем. Умедворем, ки дар ҷараёни Конфронси ташреҳии соли 2010-ум дар миёни иштирокдорони Аҳднома доир ба пешгирии паҳншавии аслиҳаи ҳастаӣ дар атрофи масъалаҳои муҳими татбиқи амалии ин санад мубодилаи ҷиддии афкор сурат хоҳад гирифт.

Итминон дорем, ки таъсиси минтақаҳои озод аз силоҳи ҳастаӣ дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ аҳамияти бузург пайдо менамояд. Бо дарназардошти ин, Тоҷикистон омода аст, ки доир ба татбиқи амалии муқаррароти Аҳднома дар бораи минтақаи озод аз аслиҳаи ҳастаӣ дар Осиёи Марказӣ, ки 21 марти соли 2009 эътибор пайдо кард, фаъолона амал намояд.

Мо мавқеи пешбарандаи Созмони Милали Муттаҳидро дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии силоҳи сабуки оташфишон дастгирӣ менамоем ва умедворем, ки машварати навбатӣ ҷиҳати баррасии Барномаи амалиёт воситаҳои муҳими ҳамоҳангсозии иқдомоти минбаъдаи моро дар ин самт муайян хоҳад кард.

Тоҷикистон кӯшиши ҷомеаи ҷаҳониро барои манъи пурраи минаҳои зидди пиёдагардон дастгирӣ карда, ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳои худ, ки аз Эъломияи Оттава бармеоянд, ҳар сол ба Муншии Умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба вазъи хатари минаҳо маълумот пешниҳод менамояд.

Бо ташаббуси кишвари ман дар моҳи июли соли 2009-ум дар шаҳри Душанбе конфронси нахустини байналмилалӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои марбут ба оқибатҳои минакорӣ доир гардида буд. Мо, ки оқибатҳои ин падидаро дар давоми солҳои зиёд эҳсос кардаем, чунин меҳисобем, ки Осиёи Марказӣ бояд аз хатари минаҳо озод бошад ва ҷомеаи байналмилалиро барои гузоштани саҳми муносиб дар татбиқи ин ҳадаф даъват менамоем.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ муборизаро бар зидди терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир идома медиҳад.

Моро густариш ва ба ҳам омезиш ёфтани ин таҳдидҳо ором намегузорад. Аз ин лиҳоз, мо суръат бахшиданро ба раванди қабули Конвенсияи фарогир дар бораи терроризми байналмилалӣ зарур меҳисобем. Ҳамзамон кор дар ин самт бо дарназардошти он, ки терроризм ҳамчун зуҳурот мансубияти миллӣ ва мазҳабӣ надорад стандартҳои дугонаро бояд истисно намояд.

Пешгирӣ намудани муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҷузъи таркибии муборизаи умумӣ бар зидди терроризм мебошад. Тоҷикистон дар ин самт барномаҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмӯҳлати амалиётро дар асосҳои дуҷониба, минтақавӣ ва бисёрҷониба таҳия карда, қариб 30 созишномаи байниҳукуматиро ба тасвиб расонидааст.

Дар кишвар аллакай зиёда аз даҳ сол инҷониб Агентии назорати маводи мухаддири назди Президент амал мекунад, ки бо иштироки фаъоли Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфтааст. Аз лиҳози мусодираи маводи гурӯҳи афюн Тоҷикистон рӯйхати кишварҳои пасошӯравиро сарварӣ мекунад ва аз рӯи ҳамин нишондиҳанда дар ҷаҳон ҷои чорумро ишғол менамояд.

Дар давоми ин солҳо мувофиқи нархҳои миёнаи аврупоии фурӯш ба маблағи 1 миллиарду 120 миллион доллари амрикоӣ танҳо героин мусодира карда шуд, ки дар натиҷа ҳаёти зиёда аз 36 миллион инсон аз гирифторӣ ба бемории нашъамандӣ эмин монд. Ҳанӯз соли 1998-ум дар иҷлосияи махсуси 20-ум аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид бори аввал ташаббуси Тоҷикистон дар бораи ташкил кардани «минтақаи амниятии зидди маводи мухаддир дар атрофи Афғонистон» садо дода буд.

Кӯмакрасонӣ ба Афғонистон дар асоси барномаҳои мақсаднок метавонад яке аз самтҳои муқовимат бо таҳдиди маводи мухаддир гардад, ки аз ин кишвар бармехезад. Мутаассифона, кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва маблағҳои ҷудошуда мутаносибан на ҳамеша бо сатҳи афзояндаи таҳдиди маводи мухаддир мутобиқ мебошанд. Ба ақидаи мо сарҳади кишварҳое, ки бо Афғонистон ҳаммарз мебошанд, бояд ҳамчун ҷабҳаи пеши мубориза дониста шуда, барои таҳкими нерӯву имкониятҳои он кӯшиш ба харҷ дода шавад. Тоҷикистон дар давоми ин солҳо дар роҳи паҳн гардидани на танҳо маводи мухаддир, балки терроризм, экстремизм, қочоқи силоҳ ва дигар зуҳуроте, ки аз ин минтақа бармеоянд, нақши буфериро адо мекунад.

Мо ба таҳкими сулҳу субот дар Афғонистони ҳамсоя ниҳоят манфиатдор ҳастем, зеро амнияти Осиёи Марказӣ дар тамоми ҷанбаҳо аз вазъияти ин кишвар вобаста аст. Имрӯз ба ҳама возеҳ аст, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли сирф низомӣ надорад ва ин масъала муносибати дастаҷамъонаеро тақозо дорад, ки дар он ҳамаи омилҳо ва муҳимтар аз ҳама, воқеият ба назар гирифта шаванд. Қабл аз ҳама, бояд лоиҳаву пружаҳои табиати иҷтимоӣ ва тарбиявию маърифатӣ дошта амалӣ карда шаванд. Мо кӯшишҳои имрӯзаро дар самти барқарорсозии сулҳ дастгирӣ мекунем ва чунин меҳисобем, ки стратегияи байналмилалии амалиёт дар Афғонистон бояд пеш аз ҳама ба худи афғонҳо такя намояд ва дар ин кор ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти кишвар афзалият дошта бошад.

Хонумҳо ва ҷанобони мӯҳтарам!

Вазъият дар ҷаҳон бинобар бӯҳрони молиявию иқтисодӣ босуръат тағйир меёбад. Он на танҳо самараи кӯшиш ва имкониятҳои моро дар роҳи татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола коҳиш медиҳад, балки дар назди мо маҷмӯи вазифаҳои навро мегузорад. Мо талошҳои Созмони Милали Мутаҳид ва нақши фаъоли онро дар ҳалли «бӯҳрони сегона» ва сабуктар гардонидани оқибатҳои он баланд арзёбӣ менамоем.

Тавре ки возеҳ аст, дар пайдоиш ва густариши бӯҳрони молиявию иқтисодӣ асосан нақши кишварҳои аз ҳама мутараққӣ ва сарватманд, ки аз ҳисоби қарзҳои бекафолат дороии бонкҳоро беасос барбод доданд, саҳм гузоштанд.

Аз ин рӯ, чунин меҳисобем, ки ин мамлакатҳо бояд дар назди кишварҳои дар ҳоли рушд, ки бӯҳрони молиявӣ вазъи бе ин ҳам душвори иҷтимоиву иқтисодии онҳоро мушкилтар гардонид, то андозае масъулияти худро дарк намоянд. Дар чунин вазъият аз эътибор соқит кардани як қисми қарзҳо, ки дар вақти бӯҳрон ҷамъ шуданд, афзун гардонидани ҳаҷми кӯмакҳои молиявӣ ва истифодаи самарабахши муҳоҷирати меҳнатӣ ба ҳайси дастгирии фаъол буда метавонад. Ба назари ман, имрӯз вақти он расидааст, ки мо аз доир намудани анҷуманҳои сершумор ба дастгирии амалии кӯшишҳои кишварҳои дар ҳоли рушд доир ба коҳиш додани таъсири бӯҳрон ва бартараф намудани он гузарем, вагарна идома ёфтани зуҳуроти бӯҳронӣ оқибатҳои ногуворро ба миён хоҳанд овард.

Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои аъзо натиҷаҳои Конфронси Созмони Милали Муттаҳидро оид ба масъалаи бӯҳрони ҷаҳонӣ ва оқибатҳои он барои рушд дастгирӣ намуд. Мо кӯшишҳои Гурӯҳи махсуси сатҳи баландро доир ба бӯҳрони сартосарӣ дар соҳаи озуқаворӣ баланд арзёбӣ мекунем ва бештар ва фаъолтар гардонидани кӯмакро ба кишварҳои рушдёбанда ҷиҳати дастгирии молиявию техникӣ, интиқоли технологияи пешқадам ва маводи тухмӣ зарур медонем.

Дар айни замон, чунин мешуморем, ки кӯшиши ҳалли проблемаҳое, ки бо бӯҳрони энергетикӣ иртибот доранд, чандон муваффақона нестанд.
Мо бар онем, ки масъалаи дастрасии барқ дар радифи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола бояд ба яке аз афзалиятҳои муҳим табдил ёбад.

Тоҷикистон, ки аз рӯи захираҳои гидроэнергетикӣ (527 миллиард киловатт-соат) дар ҷаҳон мақоми ҳаштумро ишғол менамояд, ҳоло ҳамагӣ камтар аз 5 фоизи ин имкониятро истифода мебарад ва дар давоми 18-соли охир ҳамасола қариб 8 моҳ, махсусан дар давраи тирамоҳу зимистон ба бӯҳрони энергетикӣ рӯбарӯ мегардад. Ин мушкилот дар натиҷаи таъсири равандҳои тағйирёбии иқлим солҳои охир бо сардиҳои шадид ва зимистонҳои тӯлонӣ тавъам шудааст. Дар шароити вуҷуд надоштани захираҳои кашфшудаи сӯзишворӣ Тоҷикистон тибқи нақша ва ба таври мукаммал соҳаи энергетикаи худро густариш медиҳад. Анҷом ёфтани сохтмони як силсила нерӯгоҳҳои хурду миёна ва бузурги барқи обӣ ба таъминоти Осиёи Марказӣ бо энергия мусоидат менамояд.

Дар робита ба ин, татбиқи чунин лоиҳаҳои дорои хусусияти минтақавӣ, ба мисли КАСА-1000, барои рушди ояндаи минтақаи паҳновари мо, аз ҷумла, Тоҷикистону Қирғизистон ва Покистону Афғонистон аҳамияти бузург дорад.

Бо афзоиши доимии ниёз ба барқи арзону аз ҷиҳати экологӣ тоза зарурати бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва обанборҳо, ки дар таъмини миқдори зарурии об, бахусус дар замони хушксолиҳо, нақши калидӣ доранд, зиёд мегардад. Чун нерӯгоҳҳои барқи обӣ обро фурӯ намебаранд, аз ин рӯ, ин иншоотҳо на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои рушди cоҳаҳои обу энергетика, иҷтимоиёту иқтисодиёт ва ҳифзи муҳити зист дар тамоми қаламрави Осиёи Марказӣ аҳамияти хоса дорад.

Ҳамкорони мӯҳтарам!

Тағйирёбии умумии иқлим нисбат ба истифодаи захираҳои табиӣ аз мо муносибати дастаҷамъона ва мукамалеро тақозо менамояд. Итминони комил дорам, ки дар иҷлосияи Копенгаген Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим созишномаи нави умумӣ дар ин мавзӯъро маъқул хоҳанд кард.

Офатҳои табиӣ ҳамасола ба соҳаи кишоварзӣ, муҳити зист ва дар маҷмӯъ иқтисодиёти кишварҳое чун Тоҷикистон, ки 93 дарсади ҳудуди онро кӯҳҳо ташкил медиҳад, хисороти зиёд ворид менамоянд.

Дар натиҷаи офатҳои табиии солҳои охир (селу ярч, обхезиҳо) ба иқтисодиёти мо садҳо миллион доллар чунин хисорот расидааст. Мутаассифона, ин ҳаводис бе талафоти ҷонӣ низ набудааст.

Арзёбии таъсири тағйирёбии умумии иқлим ба пиряхҳои Тоҷикистон нишон дод, ки дар давраи мушоҳидаҳо (аз соли 1930) тақрибан аз се як ҳиссаи майдони умумии пиряхҳои кишвар кам шудааст. Чун пиряху барфҳои бисёрсола манбаи асосии дарёҳои минтақа мебошанд, аз ин лиҳоз шояд дар оянда оби онҳо аз 5 то 15 фисад кам гардад.

Ҳамзамон, афзоиши аҳолӣ ва тавсеаи майдонҳои кишт ба зиёд гардидани истеъмоли об оварда мерасонад. Танҳо дар давоми садсолаи гузашта ҳаҷми заминҳои обёришаванда аз 2,5 то 9 миллион гектар зиёд гардида, шумораи аҳолӣ дар Осиёи марказӣ аз 20 миллиони соли 1956 ба зиёда аз 63 миллиони ҳозира расидааст.

Дар чунин ҳолат ба кишварҳои минтақа зарур аст, ки барномаву стратегияҳои худро доир ба истифодаи об, махсусан дар соҳаи кишоварзӣ таҷдиди назар карда, тадбирҳои муштараке андешанд, ки онҳо ба рушди устувор мусоидат намоянд.

Аз ин минбари баланд бори дигар мехоҳем масъалаи марбут ба хушкшавии баҳри Аралро хотирнишон созем. Сабаби асосии ин фоҷиаи экологӣ азхудкунии миқёсан зиёди замин барои зироатҳои обталаб, ба монанди пахта ва шолӣ мебошад.

Дар айни ҳол роҳи раҳоӣ аз вазъи баамаломада, ки муҷиби шӯр задании заминҳо ва аз 30 то 60 фоиз талаф шудани об мегардад, аз ҷониби мамлакатҳои минтақа андешидани тадбирҳои мушаххас доир ба сарфаи об тавассути барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ ва замин, ҷорӣ кардани технологияҳои навини обёрӣ, инчунин қисман иваз намудани пахтаву шолӣ бо зироатҳои камистеъмоли об ва ба гармиву хушксолӣ тобовар мебошад, ки ба ҳалли масъалаҳои марбут ба бӯҳрони озуқаворӣ низ мусоидат хоҳад кард.

Танҳо муносиботи ҳамоҳангшуда ва мутақобилан судманди кишварҳои минтақа нисбат ба истифодаи захираҳои обу энергетика ва дигар захираҳои табиӣ қодир аст, ки ба ҳалли масъалаҳои ба ҳам вобастаи энергетикӣ, озуқаворӣ ва экологӣ мусоидат карда, рушди устувори Осиёи Марказиро таъмин намояд. Ба ҳеҷ касс пӯшида нест, ки башарият аллакай бо мушкилоти нарасидани оби нӯшокӣ рӯбарӯст, чун зиёда аз миллиард нафар сокини сайёраи мо имкони ошомидани чунин обро надоранд. Нархи он бошад дар баъзе кишварҳо имрӯз аз нархи миқдори ҳаммонанди сӯзишворӣ болотар аст.
Тоҷикистон, ки аз лиҳози захираҳои оби нӯшокӣ соҳиби яке аз ҷойҳои аввал дар ҷаҳон аст, итминон дорад, ки таъсиси низоми сарфакоронаи истифодаи захираҳои обу энергетика дар миёни кишварҳои болооби минтақа, ки дорои захираҳои бузурги об мебошанд ва кишварҳои поёноб, ки дар онҳо асосан ашёи хоми сӯзишворӣ ҷойгиранд, ба ҳамкориҳои дарозмуддати мутақобилан судманди онҳо мусоидат хоҳад кард. Мо ақидаи истифодаи захираҳои оби тозатарини ошомидании кӯли Сарезро барои рафъи эҳтиёҷоти аҳолии тамоми минтақа ба таври доимӣ ба миён гузоштем, ки дар ин самт иқдоми реалӣ ва воқеӣ аст.

Умедворем, ки дар ҳалли ин масъалаи барои минтақаи мо ниҳоят муҳим Созмони Милали Муттаҳид, дигар созмонҳои байналмилалӣ, комиссияҳои минтақавӣ ва дигар созмонҳо метавонанд мусоидати созанда намояд.

Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори эълон гардидани Соли байналмилалии оби тоза ва Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об - барои ҳаёт - солҳои 2005-2015» суръатбахшии татбиқи рӯзномаи Созмони Милали Муттаҳид ва мукаммал гардонидани онро бо татбиқи ҳадафҳои Даҳсола фавқулодда муҳим мешуморад.

Соли оянда дар Рӯзи ҷаҳонии об – 22 март ба оғоз ёфтани Даҳсола панҷ сол пур мешавад. Вобаста ба ин, Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ки дар ин рӯз оид ба амалӣ намудани Даҳсолаи байналмилалӣ ва татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола оид ба об ва санитария Мубоҳисаи сатҳи баланди Маҷмаи Умумӣ доир карда шавад. Чорабинии мазкур дар роҳи ташреҳи миёнамӯҳлати ҷараёни татбиқи панҷсолаи аввали Даҳсола ва арзёбии пешрафти татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола метавонад як марҳалае гардад.

Ҳукумати мо аллакай ба сифати яке аз чорабиниҳои омодагӣ ба Саммити Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2010-ум оид ба ташреҳи миёнамӯҳлат доир намудани Конфронсро дар шаҳри Душанбе пешниҳод намуд. Умедворам, ки ин ташаббус аз ҷониби ҳамаи давлатҳои аъзо маъқул дониста шуда, дастгирӣ хоҳад ёфт.

Дар робита бо шиддат ёфтани бӯҳрони об бинобар афзоиши аҳолӣ ва таъсири ҷиддии тағйирёбии иқлим бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати истифодаи боадолатона ва ҳамоҳангшудаи захираҳои об ҷиҳати таъмини эҳтиёҷоти мардум, муҳити зист ва иқтисодиёти мамлакатҳо иқдоми мушаххас намояд.
Бо ин мақсад Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки соли 2012-ум - Соли байналмилалии дипломатияи об эълон гардида, барои истифодаи оқилонаи захираҳои об дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид иқдомоти минбаъдаи мувофиқашуда муайян карда шаванд. Кишвари мо ният дорад, ки ин масъаларо дар доираи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба миён гузорад ва ба дастгирии давлатҳои узви Созмон умедвор аст.

Мӯҳтарам хонумҳо ва ҷанобон!

Соли оянда ҷомеаи ҷаҳонӣ панҷсолаи дуюмро дар роҳи расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола паси сар менамояд.

Соли 2010-ум дар кори ҷамъбасти кӯшишҳои мо доир ба бартараф сохтани таҳдидҳо ва мушкилоти умумӣ, пешрафти раванди ноил шудан ба ҳадафҳое, ки дар асоси Эъломияи Ҳазорсола ба миён гузошта шудаанд, соли хотирмон хоҳад гашт.

Дар ниҳояти сухани хеш мехостам зикр намоям, ки Тоҷикистон ҳамчун ҷонибдори боэътимоди ҳамкории васеъ чунин мешуморад, ки танҳо кӯшишҳои дастаҷамъона ва ҳамоҳангшуда, ҳамкориҳои самарабахши минтақавию байналмилалӣ метавонанд гарави муваффақиятҳо дар ин роҳ гарданд.
Ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорие, ки дар ин иморат аз рӯзҳои аввали бунёд гардиданаш ҳукмфармост, роҳи ягона ба ояндаи дурахшону соф, ба сулҳи умумӣ ва шукуфоӣ мебошад.

Ташаккур!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520