Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Ҷаласаи Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

10.06.2024 10:20, шаҳри Душанбе
Иштирок дар Ҷаласаи Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 10.06.2024

10 июн таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои миллии рушд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои миллии рушд баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои Шурои миллии рушд, роҳбарону намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва дигар шарикони рушд, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар иштирок намуданд.

Мақсади баргузории чорабинӣ натиҷагирӣ аз рафти татбиқи фосилавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, муайян кардани афзалиятҳои минбаъдаи рушд ва ҷалби таваҷҷуҳи шарикони рушд ҷиҳати зиёд намудани маблағҳо барои татбиқи ҳадафу афзалиятҳои стратегии кишвар мебошад.

Ҷаласаро бо сухани муқаддимавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ бахшиданд.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки сарфи назар аз шиддати вазъи ҷаҳони имрӯза ва таъсири бевоситаи омилҳои манфии берунӣ ба иқтисоди миллӣ дар ҳашт соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,4 фоизро ташкил дода, созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистонро аз рӯи суръати миёнасолонаи рушди иқтисодӣ ҳамчун кишвари дорои иқтисоди тезрушдёбанда арзёбӣ намуданд.

Президенти кишвар иброз доштанд, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра 2,6 баробар ва ба ҳар нафар аҳолӣ 2,3 баробар, даромадҳои пулии аҳолӣ 4,4 баробар,  музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар, андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар ва шумораи соҳибкорон 1,6 баробар афзоиш ёфта, ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд.

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтии Ҳукумати кишвар сатҳи камбизоатӣ аз 31,3 фоизи соли 2015 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш ёфта, Тоҷикистон тибқи арзёбии Бонки Умумиҷаҳонӣ аз рӯи суръати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ба қатори 10 кишвари пешсафи ҷаҳонӣ ворид гардид.

Дар идомаи суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, тибқи арзёбиҳо дар маҷмуъ 70 фоизи ин ҳадафҳо ва баъзе нишондиҳандаҳои онҳоро беш аз 90 фоиз иҷро намудааст.

Сипас, дар ҷаласаи Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири рушди иқтисод ва савдо, котиби масъули Шуро Завқизода Завқӣ Амин оид ба рафти татбиқи фосилавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тибқи рӯнамо гузориш дод.

Инчунин дар ҷаласа Президенти Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад ал-Ҷасер, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором Армида Салсия Алишахбана, Директор оид ба масъалаҳои глобалии об дар Бонки Ҷаҳонӣ Сароҷ Кумар, Директори Генералии Бонки Осиёии Рушд барои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Евгений Жуков баромад намуда, омодагии шарикони рушдро ҷиҳати дастгирии ҳадафу афзалиятҳо ва ташаббусҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён карданд.

Ҳамзамон маърӯзаи Раиси Шурои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, Роҳбари Намояндагии Гуруҳи Бонки Ҷаҳонӣ Озан Севимли доир ба саҳми шарикони рушд ва ҳадафу афзалиятҳои миллӣ шунида шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои миллии рушд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шарикони рушд даъват намуданд, ки дар шароити хеле ҳассосу зудтағйирёбандаи иқтисоди глобалӣ барои татбиқи Рӯзномаи ҷаҳонӣ оид ба рушди устувор саҳми худро баҳри амалӣ гардонидани  афзалиятҳои минбаъдаи рушди Тоҷикистон бештар намоянд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаро ҷамъбаст намуда, вобаста ба таҳияи лоиҳаи санадҳои дахлдор ҷиҳати таҷдиди назари Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 бо назардошти Ҳадафҳои рушди устувор, Низомномаи Шурои миллии рушд, омода намудани шарҳи фосилавии татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, гузоштани замина ба таҳияи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2026-2030 ба вазорату идораҳо ва масъулини мақомоти давлатӣ дастуру супоришҳо ва ба шарикони рушд ҷиҳати густариши ҳамкорӣ барои татбиқи ҳадафу афзалиятҳои стратегии кишвар тавсияҳои дахлдор доданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520