Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) хонум Армида Салсия Алишаҳбана

11.06.2024 12:00, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) хонум Армида Салсия Алишаҳбана 11.06.2024

11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) хонум Армида Салсия Алишаҳбанаро ба ҳузур пазируфтанд.

 “Тоҷикистон саҳми Созмони Милали Муттаҳид ва “Рӯзномаи 2030”-и онро дар ҳалли масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва мушкилоти ҷаҳони муосир муҳим медонад” изҳор доштанд дар оғози суҳбат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Аз сатҳи ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва ҳама ниҳодҳои он изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Дастгирии Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмон дар самти дастрасӣ ба нерӯи устувор, рушди кишоварзӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ зарур шумурда шуд.

Нақши Комиссия дар иҷрои Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 назаррас арзёбӣ гардид.  

Дар ин зимн дар доираи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқии ҳамлу нақли бисёрҷанба, рушди инфрасохтори он ва таъсиси марказҳои логистикии минтақавӣ амри муҳим дониста шуд.

Ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, низоми зеҳнии нақлиётӣ ва тағйирёбии иқлим аз мавзӯъҳои дигари мулоқот буданд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520