Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин

11.06.2024 16:00, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин 11.06.2024

11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролинро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни суҳбат масоили таҳкиму густариши ҳамкории ду ҷониб баррасӣ гардид.

“Мо дастгирии Ватиканро аз ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим хеле қадр мекунем ва иштироки шуморо дар чорабинии имрӯзаи муҳими байналмиллалӣ мисоли дигари ин дастгирӣ медонем” изҳор доштанд дар оғози суҳбат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Натиҷаҳои гуфтушуниди сатҳи олии Тоҷикистон ва Ватикан, ки 26 апрели соли 2024 баргузор шуда буд, қадами муҳим дар роҳи вусъат додани ҳамкории минбаъдаи ҳар ду тараф арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба масоили мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ аз қабили тағйирёбии иқлим, таъсири он ба муҳити зист, мавзуъоти норасоии оби ошомиданӣ ва коҳиш додани зарари он ба иқтисоди кишварҳо табодули андеша карданд.

Таҳкими ҳамкории кишварҳо дар соҳаҳои гуманитарию фарҳангӣ, илм, сайёҳӣ зарур шумурда шуда, ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки талошҳои муштараки ҷонибҳо ба раванди рушду тавсеаи равобити мусоиди Тоҷикистону Ватикан такони нав хоҳад бахшид.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520