Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон

04.07.2024 22:30, шаҳри Душанбе
Оғози сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон 04.07.2024

4 июл Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми баланд меҳмони олимақом - Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпинро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Саҳни фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба хотири пазироии арзандаи меҳмони олиқадр бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои Сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин ва шиорҳои тараннумкунандаи дӯстии мардумони ду давлат идона оро ёфта буд.

Барои истиқбол роҳрави сурх густурда шуда, афсарони горди фахрӣ аз ду тарафи роҳрав саф оростанд.

Ҳамчунин шумораи зиёди ҷавонону наврасон бо либосҳои миллӣ, дар даст парчамҳо таҳти садои карнаю сурнай Роҳбари кишвари дӯсту ҳамсояи Чинро самимона истиқбол намуданд.

Мавриди зикр аст, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 4 то 6 июл дар Тоҷикистон идома ёфта, зимни он мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин, имзои як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ва чорабиниҳои дигари муҳим дар назар аст.

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520