Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ

08.09.2012 17:00

Ба муносибати бисту якумин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, раисони созмонҳои ҷамъиятӣ номаҳои шодбошӣ ворид гарданд.

Дар паёми шодбошии Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин омадааст:

Мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Ба муносибати иди миллии ҷумҳурӣ - Рӯзи Истиқлолият табрикоти самимонаро қабул фармоед.

Тоҷикистон тайи солҳои охир дар роҳи дигаргунсозиҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва таҳкими давлатдорӣ ба мувафақиятҳои назаррас ноил гардид. Обрӯи кишвар дар арсаи ҷаҳон баланд аст.
 

Бо камоли қаноатмандӣ изҳор менамоям, ки муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон, ки дар анъаноти пойдори дӯстӣ ва эҳтироми мутақобилаи халқҳоямон асос ёфтаанд, ба таври мусбат рушду густариш меёбанд. Муколамаи судманди сиёсӣ ва ҳамкории самарабахши тиҷоратию иқтисодӣ рушд ёфта, ҳамкорӣ дар ҳошияи сохторҳои бисёрҷонибаи ҳамгироӣ фаъол мегардад. Аминам, ки мо бо саъю кӯшишҳои якҷоя тамоми маҷмӯи равобити ҳамкориро минбаъд ҳам ба таври самарабахш вусъат мебахшем.

Ба Шумо, мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович, тансиҳатии бардавом, саодату комрониҳо ва ба ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон сулҳу шукуфоиро таманно дорам.

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама дар барқияаш гуфтааст:

Мӯҳтарам ҷаноби Президент,

Мардуми Амрико дар табрикоти ман ба унвони мардуми Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Истиқлолият, ки 9 сентябр таҷлил мегардад, шарик ҳаст. Mo ҳамкории мустаҳками худро баланд арзёбӣ намуда, интизори онем, ки дар оянда низ ҳамроҳ кор кунем.

Ба Шумо ва халқи Тоҷикистон ҷашни хушу хурсандонаро таманно дорам.

Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Ху Тзинтао дар номаи шодбошии худ ба унвонии сарвари давлати мо чунин менигорад:

Ба муносибати 21 – солагии Истиқлолияти ҶТ аз номи Ҳукумати ҶМЧ ва халқи Чин ҳамчунин шахсан аз номи худам табрикоти самимона ва орзуҳои беҳтаринро ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, ба Ҳукумати ҶТ ва халқи тоҷик иброз медорам.

Тоҷикистон дар давоми 21 соли Истиқлолияти давлатӣ бо роҳбарии Шумо роҳи ноҳамвори тараққиётро тай намуда, дар сохтмони давлат ба муваффақиятҳои зиёде ноил гардид, ки ҷониби Чин, ҳамчун ҳамсояи дӯсти Тоҷикистон аз ин сидқан шод мегардад.

Аминам, ки халқи тоҷик бо роҳбарии Шумо дар кори бузурги рушду тақвият бахшидани давлати худ ҳатман ба дастовардҳои наву наҷиб ноил мегардад. Муносибатҳои Чину Тоҷикистон дар давоми 20- соли барқароршавии робитаҳои дипламатӣ ҳамеша тамоили хуби рушди солиму устуворро нигоҳ медоранд.

Ҷонибҳо ба якдигар боварии амиқи сиёси доранд, ҳамкории мутақобилан муфиди иқтисодиро роҳандозӣ мекунанд, аз ҷумла бисёр лоиҳаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро дар амал тадбиқ намудаанд, ки ба ҳаёти халқ фоида овардаанд. Ҷонибҳо якдигарро аз рӯи масъалаҳои муҳими марбут ба манфиатҳои куллиашон устуворона дастгирӣ менамоянд. Дар доираҳои СММ, СҲШ ва созмонҳои дигари бисёрҷониба зич ҳамкорӣ намуда ва онро ҳамоҳанг месозанд. Моҳи июни соли равон Шумо, Ҷаноби Олӣ, дар Чин сафари мувафаққонаро анҷом дода ва дар Ҳамоиши СҲШ дар Пекин иштирок намудед. Мо гуфтушунидҳои самарабахш гузаронида ва аз рӯи масъалаи густариши минбаъдаи муносибатҳои ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкории Чину Тоҷикистон ба фикри ягонаи муҳим расидем.

Ман омодаам, ки ҳамроҳи Шумо, Ҷаноби Олӣ, барои муттасил ба зинаи нав баровардани муносибатҳои Чину Тоҷикистон ба нафъи ҳарду кишвар ва халқҳои онҳо саъю кӯшишҳои умумиро ба харҷ диҳам.

Ба давлати Шумо шукуфоӣ ва ба халқи тоҷик саодатмандӣ орзу мекунам.

Ба Шумо тансиҳатии бардавом ва беҳбудии бепоёнро таманно дорам.

Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун зимни табрикоти хеш овардааст:

Ҷаноби Олӣ,

Хеле шарафмандам, ки ба муносибати Рӯзи Истиқлолият табрикоти самимонаамро ба Шумо, Ҳукумат ва ба ҳамаи халқи Тоҷикистон иброз дорам.

Фикр мекунам, ки ин ид имконияти таҷлил намудани фарҳанги олӣ ва таърихи кишвари Шумост. Ин ҳамчунин имконияти қайд намудани мақомест, ки Тоҷикистон онро дар ҷаҳони бо ҳамдигар алоқаманди мо дорост. Ман ҳамкории Шуморо бо Созмони Милали Муттаҳид, ки барои пайдо намудани роҳҳои ҳалли умумии ситезаҷӯиҳои пешорӯямон кӯмак менамояд, ба дараҷаи баланд қадр мекунам.

Рӯзномаи ҷаҳонии мо панҷ имконияти замонамонро барои фароҳам овардани ояндаест, ки мо хоҳони онем: таъмини рушди устувор, эъмори ҷаҳони бехатартар, ҷилавгирии бӯҳронҳо, ёрӣ ба кишварҳои рӯ ба гузаришниҳода ва барои занону ҷавонон фароҳам овардани имкониятҳои бештар.

Аминам, ки барои тоб овардан ба ин ситезаҷӯиҳо мо бояд Созмонамонро таҳким бахшем. Созмони Миллали Муттаҳиди бештар фаъолу самарабахш унсури зарурии ҳалли мушкилоти умумиҷаҳонист.

Дар робита бо ин, ман саҳму ҷонибдорӣ ва сарварии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷустуҷӯямон ҷиҳати ба даст овардани ояндаи бештар одил ва босуботу шукуфон барои ҳамаи мардум мақбул дорам.

Ҷаноби Олӣ, эҳтироми бепоёни маро қабул фармоед.

Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:

Ҷаноби Олӣ,

Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимиро аз номи халқи Ҷумҳурии Беларус ва шахсан аз ман қабул фармоед.

Мақоми Тоҷикистони соҳибихтиёр дар арсаи ҷаҳон сол аз сол ба таври назаррас мустаҳакам мегардад, дастовардҳои наву намоён дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ба назар мерасанд.

Аминам, ки муносибатҳои дӯстӣ ва мушорикати мутақобилан муфиди байни Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафъи халқҳоямон рушду густариш меёбанд.

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, дар фаъолияти масъулиятнокатон дар мансаби роҳбари давлат аз сидқи дил тансиҳатии бардавом ва комёбиҳо ва ба халқи тоҷик сулҳу шукуфоиро таманно дорам.

Абдулло Гул, Президенти Ҷумҳурии Туркия Сарвари давлати моро чунин шодбош гуфтааст:

Мӯҳтарам ҷаноби Президент, Бародари азизам,

Шуморо, Ҷаноби Олӣ ва ҳамаи халқи тоҷикро аз самими қалб бо Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод менамоям.

Боварии комил дорам, ки муносибатҳои зичи дӯстию бародарии байни халқҳоямон, ки решаҳои қадимии таърихию фарҳангӣ доранд, бо саъю кӯшишҳои умумӣ минбаъд ҳам дар ҷанбаҳои гуногун ҳарчи бештар рушду густариш меёбанд.

Аз фурсат истифода намуда, хоҳиш мекунам орзуҳои беҳтарини маро дар амри тансиҳатӣ, саодати Бардари азизам - Шумо, Ҷаноби Олӣ ва беҳбудию шукуфоии халқи тоҷик қабул фармоед.



Номаҳои табрикотӣ ҳамчунин аз Маликаи Нидерландия – Беатрикс, Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб – Халифа бин Зойид Оли Наҳаён, Ноиби Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб – Муҳаммад бин Рошид Оли Мактум, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон – Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон – Ислом Каримов, Раиси Шӯрои Давлатӣ ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Куба – Раул Кастро Рус, Папаи Рум – Бенедикти XVI, Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон – Шоҳзода Карим Исмоил Оғохони IV, Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи превентивӣ барои Осиё Марказӣ – Мирослав Енча, расиданд.

Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвонии Президенти мамлакат ба муносибати 21-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520